Акбар Мирзоев (тав. 1939) — ходими давлатии шӯравӣ ва тоҷик, сарвазири Тоҷикистон (1992).

Акбар Мирзоев
9 январи 1992 — 30 августи 1992
Пешгузашта Иззатулло Ҳаёев
Ҷонишин Ҷамшед Каримов (и.в)
Абдумалик Абдуллоҷонов
парчам
Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб
19871988
1990
 — 1992
Ҷонишин Қурбон Мирзоалиев
Таваллуд 1949(1949)
Таҳсилот
Касб Муҳандис-гидротехник
Эътиқод Ислом

Зиндагинома

вироиш

Акбар Мирзоев соли 1939 дар шаҳри Норак таваллуд шудааст.

Таҳсилот ва фаъолияти меҳнатӣ

вироиш

Соли 1960  Техникуми политехникии Душанбро хатм карда, соли 1983 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси «муҳандис-гидротехник» ғоибона хатм намудааст[1]. Дар давраи аз соли 1960 то соли 1963 дар Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Аз соли 1963 сар карда кор усто, сармуҳандиси СМУ, сардори КМС-и Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Тоҷикистон, дар соли 1974 бошад, сардори идоракунии истеҳсолоти системаҳои обёрии вилояти Кӯлоб гардид.

Фаъолияти сиёсӣ

вироиш

Аз соли 1987 — раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоби ҶШС Тоҷикистон. Дар соли 1991 блоки сиесии раиси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ Раҳмон Набиевро дастгирӣ намуд, ки пас аз пирӯзии ӯ дар интихоботи президентӣ аз 9 январи соли 1992 мансаби сарвазири навташкилнамудаи ҳукумати Тоҷикистонро ишғол кард. Салоҳияти худро 21 сентябри соли 1992, пас аз истеъфои иҷбории президент Набиев боздод.

Аз моҳи сентябри соли 1992 — ваколатдори муваққатии корҳои Тоҷикистон дар ҶФО.

Аз соли 1994 то моҳи октябри соли 2001сафири Тоҷикистон дар Олмон.

  1. МИРЗОЕВ Акбар(рус.), www.centrasia.ru. Бойгонӣ шудааст 7 феврали 2018  сол. Проверено 12 Январ 2017.

Пайвандҳо

вироиш