Имом Бухорӣ

муҳаддис
(Тағйири масир аз Имом ал-Бухорӣ)

Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ, бештар маъруф ба Имом Бухорӣ (ар. إمام البخاري‎; 20 июл 810[1], Бухоро, Хилофати Аббосиён1 сентябр 870, Самарқанд, Хилофати Аббосиён, Ӯзбекистон) — донишманд, муҳаддис ва муфассир, муаллифи яке аз ҷомеъи ривоёти аҳли суннат «ал-Ҷомеъу-с-саҳеҳ».[2]

Имом Бухорӣ
араб. ар. محمد بن إسماعيل البخاري
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: муҳаддис, шоир, олим, фақеҳ, муаррих
Таърихи таваллуд: 20 июл 810[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1 сентябр 870 (60 сол)
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Кишвар:
Эътиқод: ислом ва суннӣ
Падар: Исмоил ибни Иброҳим[d]
Самти фаъолият: илми ҳадис
Устодон: Аҳмад ибни Ҳанбал, Ali ibn al-Madini[d], Яҳё ибни Маъин, Исҳоқ ибни Роҳавайҳ, Al-Darimi[d] ва Q12183100?
Шогирдон: Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Ibn Abi Asim[d] ва Абуисо Муҳаммад Тирмизӣ
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Зиндагинома

вироиш

Номи комил: Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил ибни Иброҳим ибни Муғира ибни Бардизбеҳ. Дар оилаи муҳиҷир аз Форс таваллуд шудааст, гузаштагонаш зардуштӣ буданд, бобокалонаш (ал-Муғира) исломро «аз дасти» ҳокими Бухоро Яман ал-Ҷуфи Бухорӣ қабул кардааст. Падараш ҷонибдори Молик ибни Анас ва хеле шахси бомаърифат буд. Ӯ замоне вафот кард, ки Муҳаммад ҳанӯз хурд буд. Абуабдуллоҳ Муҳаммад Бухорӣ аз падар ятим монда, дар тарбияи модараш ба воя расид.

 
Сафари Бухорӣ ба Хурасону Ироқу Шаму Ҳидҷоз ва Миср

Ба гуфтаи худаш то муддате дар назди машоихи зодгоҳаш Бухоро ба таҳсил пардохта, дар шонздаҳсолагӣ ҳамроҳи модар ва бародари бузургаш Аҳмад барои адои фаризаи ҳаҷ ба Макка меравад. Пас аз анҷоми фаризаи ҳаҷ модар ва бародараш ба Бухоро бармегарданд ва ӯ барои идомаи таҳсил ба сарзаминҳои дуру наздики қаламрави онрӯзаи ҷаҳони ислом сафар карда, аз машоиху донишмандон дар шаҳрҳои Хуросон, Ҷибол, Ироқ, Миср, Шом ва Ҳиҷоз улуми динӣ, бахусус ҳадис меомӯзад. Ба гуфтаи худаш дар талаби илм ду бор ба Шом, Миср ва Ҷазира ва чаҳор бор ба Басра сафар карда, шаш сол дар сарзамини Ҳиҷоз иқомат намудааст ва ҳамроҳи муҳаддисон ба шаҳрҳои Куфа ва Бағдод бе шумор рафтуомад доштааст.

Абуабдуллоҳ Муҳаммад Бухорӣ дар синни 62-солагӣ бе боқӣ гузоштани насле аз худ аз дунё гузашт ва дар беруни шаҳри Самарқанд дар Хартанг ба хок супорида шуд. Оромгоҳи Имом Бухорӣ имрӯз ҳам зиёратгоҳи хоссу ом аст ва дар канори он китобхонае ба номи ӯ бино кардаанд.

 
Мақбараи Имом ал-Бухорӣ дар ҷойгоҳи Хоҷа Исмоил, ш.Самарқанд
 
Зиёраткунандагон дар оромгоҳи Хоҷа Исмоил

[3]

Заковати фитрӣ ва нубуғи андеша Бухориро шахсияти беназир гардонид. Ӯ мегӯяд: «Дар назди Дохилӣ ҳадис меомӯхтам ва ҳанӯз ёздаҳ сол доштам. Рӯзе дар аснои ривояти ҳадис гуфт: Суфён аз Абузубайр аз Иброҳим. Гуфтам: Абузубайр аз Иброҳим ривоят накардааст, агар (нусхаи) аслаш мавҷуд бошад, ба он руҷӯъ кун! Чун ба асли он нигоҳ кард, пурсид: Он чӣ гуна аст, эй ҷавон! Гуфтам: Зубайр, ки Ибни Адӣ аст, аз Иброҳим ривоят кардааст». Муҳаммад ибни Абуҳотим – варроқ (котиб)-и Бухорӣ мегӯяд: «Шабҳо понздаҳ-бист бор аз хоб бархоста, чароғ меафрӯхт ва ҳадисҳоеро ёддошт ва ё нишонагузорӣ мекард». Бухорӣ мегӯяд: «Чун ба ҳаждаҳ даромадам, китоби «Қазоё-с-саҳобати ва-т-тобеин», пас аз он китоби «Таърих»-ро дар Мадина дар назди қабри Паёмбар (с) тасниф намудам, онро дар шабҳои моҳтобӣ менавиштам».

Бухорӣ дар ин сафарҳои илмӣ сад ҳазор ҳадиси саҳеҳ ва дусад ҳазор ҳадиси поёнтар аз онро ҳифз намуда, дар маҷмӯъ 600 000 ҳадис гирд овардааст ва аз миёни онҳо саҳеҳтарин маҷмӯаи суханони Расули Худо (с)-ро интихоб ва дар китоби «ал-Ҷомеу-с-саҳеҳ»-и худ маъруф ба «Саҳеҳи Бухорӣ» дарҷ намудааст. Бухорӣ пас аз ин сафари тӯлонӣ вақте ба Бухоро бармегашт, аз ҳар шаҳре, ки убур мекард, мардум бо гармӣ аз ӯ истиқбол мекарданд. Дар Нишопур чаҳор ҳазор аспсавор, илова бар касоне, ки бо васоили дигар омада буданд, аз ӯ истиқбол намуданд. Дар якфарсахии шаҳри Бухоро мардум барояш чодар заданд ва бар сару рӯяш зару сим нисор карданд.

Бухорӣ барои қабули ҳадиси саҳеҳ меъёре дошта, ки дар назди уламои ҳадис ба «шарти Бухорӣ» маъруф аст. Тибқи он ҳадисе саҳеҳ ба шумор меравад, ки фард-фарди силсилаи ровиёни он то саҳоба – ровии аввал аз назари муҳаддисони бузург аҳли сиқа бошад ва санади он низ муттасил – ғайримақтуъ бошад. Бар ин асос, Бухорӣ барои гузиниши ҳадиси саҳеҳ иттисоли санад, итқони ривоят, васоқати силсилаи ровиён ва холӣ будан аз иллате дар матн ва ё санадро риоя мекард. Равиши нақди илмӣ, муайян намудани дараҷаи ҳадис ва ҳатто шеваи омӯзиши Бухорӣ аз дигар пешоҳангон ва толибони илми ҳадис фарқ мекард. Бухорӣ худ мегӯяд: «Вақте аз шахсе ҳадис менавиштам, ӯро аз ному насаб ва куняаш ва ҳамин тавр агар марди фаҳмидае буд, аз иллати ҳадис мепурсидам ва агар чунин набуд, аз вай мехостам, ки асл ва нусхаи онро ба ман нишон диҳад».

Бухорӣ дар сафари тӯлоние, ки барои касби илм дошта, аз шахсиятҳое чун имом Аҳмад, Алӣ ибни Мадинӣ, Исҳоқ ибни Роҳуя (Роҳвайҳ), Яҳё ибни Маъин, Вакеъ ибни Ҷарроҳ ва муҳаддисони дигар касби файз намудааст, ки аксари онҳо ба гунае дар сохтори андеша ва ташаккули пояҳои илмии вай нақш доштаанд. Вай камоли муҳаббат ва таассури шадиди хешро аз Ибни Мадинӣ ва имом Аҳмад иброз медорад ва мефармояд: «Худро дар назди касе, ба ҷуз Алӣ ибни Мадинӣ, ночиз надидам. Ҳашт бор ба Бағдод шудам, то бо Аҳмад ибни Ҳанбал ҳамнишинӣ намоям ва охирин бор вақте бо ӯ видоъ намудам, фармуд: Эй Абуабдуллоҳ, илму мардумро мегузорӣ ва ба Хуросон меравӣ?»

Бухорӣ мегӯяд: «Аз ҳазору ҳаштод тан ҳадис навиштам, ки ҳама соҳибҳадис буданд». Ҷои дигар мефармояд: «Нанавиштам магар аз касе, ки имонро қавл ва амал гуфта бошад». Аз ин гуфтаи Бухорӣ бармеояд, ки вай аз он машоихе, ки амалро аз имон ҷудо медонистанд, ҳадисе китобат накардааст ва дар китобҳояш ба ҷуз чанд маврид аз машоихи асҳоби раъй ва тарафдорони андешае, ки амал ғайри имон аст, ҳадисе ривоят нашудааст.

Муаллифони ҷомеъҳои ҳадисӣ ва пешвоёни ҳадис ба монанди Муслим, Тирмизӣ, Абузуръа, Абуҳотим ва дигарон аз Бухорӣ ҳадис ривоят кардаанд. Имом Бухорӣ аз назари фиқҳӣ яке аз пешвоёни мазҳаб ва ё равиши аҳли ҳадис ва дорои назароти иҷтиҳодии хосси худ буд.

Дигар китобҳо

вироиш

Яке аз омилҳои муҳимми муваффақияти Бухорӣ дар пешрафтҳои илмиаш, пас аз заковати фитрӣ ва талоши хастагинопазир дар роҳи касби илм, сарвати зиёде буд, ки аз падараш барои ӯ мерос монда буд.

Аз Бухорӣ ғайр аз «Ал-Ҷомеу-с-саҳеҳ» осор ва таълифоти дигаре низ, ки аксаран дар риштаи ҳадис ва ҳадисшиносӣ мебошанд, бар ҷой мондааст, ки «Таърихи кабир», «Таърихи авсат», «Таърихи сағир», «Куняҳо», «Зуафои сағир», «Адаби муфрад», «Қазоёи саҳоба ва тобеин» ва «Тафсири кабир» машҳуртарини онҳо ба шумор мераванд.

Саҳеҳи Бухорӣ

вироиш

Бухорӣ бо таълифоти равишманд ва осори илмии худ, бавижа китоби «ал-Ҷомеу-с-саҳеҳ» тавонист ҳаёти садри аввал ва тамаддуни исломиро ба таври комил ва дастнохурда ҳифз ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ тақдим намояд ва дар сайри диншиносии ҷаҳонӣ ва маърифати фарҳангии наслҳо таъсир гузорад. Шарқшиносони аврупоӣ ба арзиши илмии осори Бухорӣ пештар пай бурда, соли 1862 ба таҳия ва чопи «ал-Ҷомеу-с-саҳеҳ» дар чопхонаи Брелли шаҳри Лейден (Лейпсиг) иқдом карданд, ки нусхаи ҷилди1-и он дар китобхонаи донишгоҳи шаҳри Стаффорд дар Калифорния нигаҳдорӣ мешавад.

 
Оромгоҳи Бухорӣ наздикии шаҳри Самарқанд

Бузургдошт

вироиш

Шахсият ва осори илмии Имом Бухорӣ назари шахсиятҳо ва маҳфилҳои илмиро дар имтидоди асрҳо ба худ ҷалб карда, аз сӯи пешоҳангони андешаи башарӣ мавриди омӯзиш ва арзёбии васеъ қарор гирифтааст. Дар ин муддат даҳҳо масҷид, марказҳои илмӣ ва шахсиятҳо дар ҷаҳони ислом ба номи ӯ номгузорӣ шуда, нишастҳои илмӣ ва конфронсҳо ба ёди шахсият ва ё дар бораи осори илмии ӯ баргузор гардидааст. Шоёни зикр аст, ки соли 2010 шаҳри Душанбе аз сӯи Созмони фарҳанг ва маорифи исломӣ (ИСЕСКО) пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гардид ва дар он конфронсе дар сатҳи кишвар ба муносибати 1200-солагии зодрӯзи Бухорӣ зери унвони «Имом Бухорӣ ва илми ҳадис» баргузор шуд. Барои шиносоии бештар бо шахсияти ин нобиғаи тоҷик худи ҳамон сол аз сӯи институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ ба номи академик А. М. Баҳоуддинов китобе бо номи «Зиндагонӣ ва сирати имом Бухорӣ» таҳия шуда, ба чоп расид ва дар киностудияи «Тоҷикфилм» дар бораи ӯ филме ҳам ба навор гирифта шуд.

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. Прозоров С. М. Бухари // Православная энциклопедия. Том VI. — М. : Церковно-научный центр «Православная энциклопедия», 2003. — С. 404. — 752 с. — 39 000 экз. — ISBN 5-89572-010-2.
  3. Сахих аль-Бухари/ЖИЗНЕОПИСАНИЕ ИМАМА АЛЬ-БУХАРИ

Адабиёт

вироиш
  • Ислам: Энциклопедический словарь. М., 1991;
  • Абдулмунъими Қандил. Зиндагонӣ ва сирати имом Бухорӣ. Д., 2010;
  • Боқизода А. Тафсири навини Қуръони карим. Д., 2012;
  • M. Ludolf Krehl. Le Rekueil. Des traditions Mahometenes par Abou Abdallah Mohammed ibn Ismail el-Bokhari. Leipzig,1862;
  • The Encyclopaedia of Islam. V 1. Leiden, 1913;
  • احمد بن حجر العسقلاني. تغليق التعليق علي صحيح البخاري.المجلد.5 بيروت،1985 ؛
  • دائرة المعارف بزرگ اسلامی. جلد 13. تهران، 1384 ش؛
  • سعيد بن علي عزيز الدين الزعيقي. الامام البخاري امير المؤمنين في الحديث. القاهرة، 2006؛
  • یحی ابن شرف نووی. ریاض الصالحین. ترجمۀ فارسی احمد حواری نسب. سنندج، 1387 ش.؛
  • تقی الدین ندوی مظاهری. مفاخر علم حدیث و شاه کاری های علمی آنان. ترجمۀ فارسی نذیر احمد اسلامی. زاهدان، 1390 ش.

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш