Низомнома - калимаи арабӣ буда, маънояш тартиб, интизом, услуб аст. Низомнома — санади меъёрию ҳуқуқиест, ки мақоми ҳуқуқии ташкилот, тартиби фаъолияти мақоми давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, инчунин муносибатҳои мутақобилаи онҳоро бо дигар мақомот, ташкилот, муассисаҳо ва шаҳрвандон дақиқ муайян менамояд.[1]

Дар амалияи ҳуқуқӣ дар зери мафҳуми низомнома санади меъёрию ҳуқуқие дар назар аст, ки он вазъи ташкилот, тартиби фаъолияти мақоми давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, инчунин муносибатҳои мутақобилаи онҳоро бо дигар мақомот, ташкилот, муассисаҳо ва шаҳрвандон муайян мекунад.

Низомнома шакли зуд-зуд истифодашавандаи санади меъёрию ҳуқуқии мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ мебошад. Одатан Низомнома бо қарори мақомоти болоии давлатӣ тасдиқ мегардад. Масалан, Низомномаи мавриди амали Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни с.2001 № 322 тасдиқ шудааст.

Низомнома дар асоси Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии мақомоти болоии давлатӣ тайёр ва тасдиқ карда мешавад.[2]

Нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. «Дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ» (моддаи 14). Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998
  2. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 345-346