Истад Қосимзоданависанда, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2006)

Истад Қосимзода
Истад Қосимзода
Таърихи таваллуд: 19 май 1936(1936-05-19) (88 сол)
Зодгоҳ: вилояти Сурхондарё, ҶШС Ӯзбекистон
Шаҳрвандӣ:  Узбекистан
Навъи фаъолият: тарҷумон,нависанда

Зиндагинома

вироиш

Истад Қосимзода 19 майи соли 1936 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё таваллуд ёфтааст. Соли 1954 мактаби №5 ба номи Максим Горкийро тамом карда, вориди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шудааст ва соли 1959 хатмаш кардааст. Баъдан дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, маҷаллаи «Тоҷикистон», Радиои тоҷик, рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (то соли 1970) кор кардааст. Солҳои 1969-1972 дар аспирантура таҳсил карда, дар мавзӯи «Лирикаи солҳои сиюми назми тоҷик» рисолаи илмӣ навиштааст. Солҳои 1974-1977, 1978-1981 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон тарҷумонӣ кардааст. Соли 1984 ба зодгоҳаш кӯчида, то соли 1990 хабарнигори рӯзномаи «Овози тоҷик» (Тошканд) будааст. Баъдан ба ҳайси сардабири рӯзномаи «Садои Сурхон» (вилояти Сурхондарё) фаъолият бурдааст. Соли 1996 ба нафақа баромадааст. Соли 2002 ба Душанбе баргашта, дар давоми солҳои 2002-2004 дар маҷаллаи «Пайванд» (нашрияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон) ва, баъдан, то соли 2012, дар нашриёти «Адиб» фаъолият бурдааст.

Эҷодиёт

вироиш

Дар ин муддат маҷмӯаи ҳикояву қиссаҳои «Янгаи соҳибҷамол», «Ситези зиндагӣ», «Гунҷишкаки лоло», «Ошиқ будаем рӯзе»-ро ба чоп расондааст. Тарҷумаи романҳои А. Қодирӣ «Рӯзгори мозӣ» (2002), П. Куэло «Кимёгар» (ҳамроҳи Ҷонибеки Акобир), Ч. Айтматов «Қиёмат» (солҳои 2003-2006), Н.Назарбоев «Даҳ соли буҳронӣ» (ҳамроҳи Ҳ.Ёров) зодаи заҳмати ӯстанд. Романҳои Эрнест Ҳемингуей «Ҷашн» («Фиеста»), А.Чаковский «Сурати нотамом» ва ҷилдҳои 2, 4, 6/2 романи публитсистии нависандаи озар Э. Охундова «Ҳайдар Алиев. Шахсият ва замон», рисолаи маъруфи Аристотел «Поэтика»-ро ба тоҷикӣ гардондааст, ки дар шакли китоб ба чоп расидаанд. Аз соли 2006 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.[1]

Сарчашма

вироиш
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.115 - 116 ISBN 978-99947-2-379-9