Ҳайдар Алиев, Гейдар Алирза огли Алиев (озарӣ:Heydər Əlirza oğlu Əliyev) — ходими давлатӣ ва ҳизбӣ, Котиби якуми ҲК ҶШС Озарбойҷон (1969-1982), Президенти Озарбойҷон (1993-2003), ду карат Қахрамони меҳнати состалистӣ (1979, 1983).

Ҳайдар Алиев
Гейдар Алирза огли Алиев (озарӣ:Heydər Əlirza oğlu Əliyev )
Сурат
Таърихи таваллуд 10 май 1923(1923-05-10)[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 12 декабр 2003(2003-12-12)[3] (80 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша сиёсатмадор
Падар Alirza Aliyev[d]
Ҳамсар Зарифа Алиева[d]
Фарзанд Илҳом Алиев ва Sevil Aliyeva[d]
Ҷоизаҳо
Имзо
Вебгоҳ heydar-aliyev-foundation.org
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викитека Осор дар Викитека

Зиндагинома вироиш

  • Ҳайдар Алиевро, ки аз соли 1969 то соли 1982 роҳбарии Озарбойҷони Шӯравиро ба уҳда дошт;
  • узви Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ (КПСС) ва муовини якуми Раиси Совети вазирони ИҶШС (СССР) аз соли 1982 то соли 1987;
  • раиси Маҷлиси олии Ҷумҳурии Мухтори Нахҷувон аз соли 1991 то соли 1993;
  • Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон аз соли 1993 то соли 2003;
  • ӯ соли 1994 дар шаҳри Бишкек тавонист, ки тавассути гуфтушунид ба қатъи амалиёти низомӣ миёни Озарбойҷону Арманистон муваффақ шуда, ба низоъҳои дохилӣ низ хотима диҳад;
  • ӯ нахустин роҳбари давлати Озарбойҷон аст, ки соли 1994 ҳаҷи умра кард;
  • соли 1995 Ҳайдар Алиев бо машҳуртарин ширкатҳои истеҳсолу фурӯши нафти ҷаҳонӣ «Қарордоди аср»-ро бо шароити барои Озарбойҷон қулай ба имзо расонд;
  • соли 1999 Ҳайдар Алиев барои хидматҳояш дар қатъи амалиёти низомӣ дар муноқишаи байни Озарбойҷону Арманистон бо мукофоти олии давлатии Туркия-Ҷоизаи ба номи Отатурк мушарраф гардид;
  • соли 1999 Шӯрои директорони Маркази биографии байналмилалии Кембриҷ ба Ҳайдар Алиев барои бурдани сиёсати сулҳдӯстона ва саҳмгузорӣ дар рушди демократия унвони «Арбоби намоёни асри ХХ» дода, номаш дар китоби фахрии подшоҳӣ навишта шуд.[4]
  • соли 2003 мансаби Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба фарзандаш Илҳом Алиев гузаштааст.

Посдорӣ вироиш

Фурудгоҳи байналмилалии Боку номи Ҳайдар Алиевро дорад. Дар шаҳри Уляновск майдон, дар шаҳри Киев боғи истироҳатӣ, дар шаҳрҳои Боку, Анқара, Истанбул, Бухарест, хиёбон дар шаҳрҳои Остона, Малгобек, Анқара ва ғайра кӯчаҳо ба номи Ҳайдар Алиев гузошта шудааст. Ҳар сол дар рӯзи таваллуди Ҳайдар Алиев (10 май) дар макотиби миёнаи Озарбойҷон дарси якум ба Ҳ. Алиев бахшида мешавад.[4]

Сарчашма вироиш