Кобо Абэ
Ко́бо А́бэ (ҷопонӣ: 安部公房 Абэ Ко:бо:), номи аслиаш — А́бэ Кимифуса; 7 марти 1924, Кита, Токио, Империяи Ҷопон — 22 январи 1993, Токио, Ҷопон) — нависанда, драматург ва файласуфи ҷопонӣ.
安部公房 | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Кимифуса Абэ |
Таърихи таваллуд: | 7 март 1924[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 22 январ 1993[1][2][3][…] (68 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда, румоннавис, намоишноманавис, аккос, филмноманавис, нависандаи достонҳои илмию тахайюлӣ, шоир, коргардони филм, насрнавис |
Солҳои эҷод: | 1944 — 1993 |
Самт: | авангард |
Жанр: | absurdist literature[d], наср ва диром |
Забони осор: | жопунӣ[1][2][4] |
Ҷоизаҳо: | |
Осор дар сайти Lib.ru | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи факултети тиббии Донишгоҳи Токио (1948), вале ба адабиёт машғул шуд. Пас аз нашри қиссаи «Девор. Ҷинояти Карума» (1951; Ҷоизаи Акутагава) шуҳратманд гардид.
Эҷодиёт
вироишАбэ Кобо мисли Акутагава кӯшидааст мавзӯъҳои миллии Япония (шарқӣ)-ро бо анъанаҳои адабии европагӣ тавъам намояд. Мавзӯи асосии эҷодиёташ – танҳоӣ ҳис кардани инсон дар ҷомеаи муосир. Афкору андешаҳояш дар ин бобат ба равияҳои экзистенсиализм қаробат доранд. Дар эҷодиёташ таъсири Ф. Кафка ба назар мерасад. Ба қалами Абэ Кобо қиссаҳои «Давраи чоруми яхбандӣ» (1958), «Ҳаммонанди инсон» (1960), романҳои «Зан дар регзор» (1962), «Чеҳраи ноошно» (1964), «Харитаи сӯзонидашуда» (1967), «Одам – қуттӣ» (1973), «Киштинишастагон» (1984); пйесаҳои «Шабаҳҳо дар миёни мо» (1958), «Марди ба адабчӯб табдилёфта» (1960) ва ғ. тааллуқ доранд. Асарҳояш ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шудаанд. Мувофиқи рейтинги байналмилалӣ ба қатори 100 нависандаи беҳтарини садаи XX дохил гардидааст.
Осор
вироишСобрание сочинений, в 4-х тт., С.-Пб., 1998.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 Roux P. d. Nouveau Dictionnaire des œuvres de tous les temps et tous les pays (фр.) — 2 — Éditions Robert Laffont, 1994. — Vol. 1. — P. 3. — ISBN 978-2-221-06888-5
- ↑ 3.0 3.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ CONOR.Sl
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.