Консерваторияи давлатии Узбекистон
Консерваторияи давлатии Узбекистон ба номи М. Ашрафӣ — аввалин донишкадаи олии мусиқӣ дар Осиёи Миёна ва Қазоқистон, аст ва дар шаҳри Тошканд таъсис ёфтааст.
Соли таъсисёбӣ | 1936 |
---|---|
Сайт |
konservatoriya.uz/…(ӯзб.) konservatoriya.uz/…(рус.) konservatoriya.uz/…(англ.) |
Таърих
вироишС. 1936 дар асоси Мактаби олии мусиқии Тошканд таъсис ёфтааст. Дар ташкили он В. Успенский ва Е. Романовская саҳми арзанда доранд. Нахустин директор К. А. Бочкарёв буд. Пианинонавоз Н. Яблонский, А. Голдберг, С. Козловский, скрипканавозон Л. Шевчук, Е. Кнорре, виолончелнавоз Г. Василев, овозхонон А. Власов, В. Девлет, дирижёр С. Горчаков, композиторон А. Козловский, Б. Надеждин, мусиқишиносон Я. Пеккер, И. Мартинов ва дигарон аввалин омӯзгорони Консерватория буданд. Устодони мусиқии собиқ шӯравӣ М. Гнесин, С. Василенко, Л. Ревуский, Ю. Тюмин ва дигарон барои ба роҳ мондану ривоҷ додани таълими мусиқӣ дар К. кумак карданд. Дар ибтидо Консерватория ҳамагӣ 5 кафедра ва курси тайёрӣ дошт. Консерватория соли 1985 дорои фак-таҳои назарияи композитсия, фортепиано, вокалу хор, оркестри созҳои халқӣ, 20 кафедра, шуъбаҳои шабона, ғоибона ва тайёрӣ, аспирантура, студияи опера (аз 1964), мактаби мусиқии ёздаҳсола (аз 1939), китобхона, музеи созҳои халқӣ, устохонаи тармими созҳои халқӣ, кабинети мусиқии халқӣ, оркестри симфонӣ, ансамбли мақомхонон ва ғ. мебошад. Консерватория дар давоми мавҷудияташ беш аз 4 ҳаз. мутахассиси соҳаи мусиқӣ тайёр кардааст (1985). Арбобони санъати мусиқии Ӯзбкистон Ф. Кароматов, Т. Визго, С. Векслер, Ҳ. Носирова, С. Қобилова ва дигарон дар Консерватория таҳсил кардаанд. Консерватория барои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон низ мутахассис тайёр кардааст. С. 1976 К. номи Мухтор Ашрафиро гирифт. Дар солҳои гуногун ба К. А. Лисовский (1936-45), Мухтор Ашрафӣ (1947-61, 1971-75), Ҳ. Раҳимов (1961-71) ва дигарон Консерваторияро сарварӣ кардаанд. Ҳунарпешагон ва муҳаққиқони тоҷик Шарофиддин Сайфиддинов, Миратулло Атоев, И. Абдуллоев, Ёқуб Сабзанов, Фирӯз Баҳор, Фозил Солиев, Ю. Мамедов, А. Абдурашидов, Фароғат Азизӣ, Аслиддин Низомов, Ҷӯрахон Обидпур, Қ. Қурбониён, М. Баротов, С. Халилов, А. Ниёзмамадов ва дигарон ҳамин Консерваторияро хатм намудаанд.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С.189. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)