Фароғат Абдуқаҳҳорзода Азизӣ – мусиқишинос, доктори илмҳои санъатшиносӣ (2010), доктори Академияи илмии байналмилалии Antique World (2007), дорандаи Ҷоизаи Академияи илмии байналмилалии Antique World (2007), Ҷоизаи байналмилалии ECО Excellence Awards (2010), Арбоби ҳунари Тоҷикистон (2011).

Фароғат Азизӣ
Фароғат Абдуқаҳҳорзода Азизӣ
Фароғат Абдуқаҳҳорзода Азизӣ
Фароғат Абдуқаҳҳорзода Азизӣ
Зодгоҳ Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Консерваторияи давлатии шаҳри Тошканд ба номи Мухтор Ашрафи
Роҳбари илмӣ профессор Файзулло Кароматов
Ҷоизаҳо

Ордени Шараф

Ҷоизаи Академияи илмии байналмилалии Antique World, Ҷоизаи байналмилалии ECО Excellence Awards, Арбоби ҳунари Тоҷикистон

Ҳолнома вироиш

Фароғат Азизӣ соли 1981 факултаи таърихӣ-назариявии Консерваторияи давлатии шаҳри Тошканд ба номи Мухтор Ашрафиро бо тахассуси мусиқишиносӣ (синфи профессор Ф.М.Кароматов) ба итмом расонда, дар мавзӯи «Робитаҳои таърихии суннатҳои мусиқии ҳинду тоҷик» (Тошканд, 1989) таҳти роҳбарии профессор Кароматов Ф.М. рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунад. Соли 2003 дар шаш Донишгоҳи ИМА, соли 2004 дар мактабҳои суннатию классикии Ҳиндустон доир ба этнографияи мусиқӣ ва методикаҳои суннатӣ таҳқиқоти илмӣ анҷом дода коромӯзӣ ҳам кардааст. Солҳои 2006 – 2009 дар Консерватория (академия)-и давлатии шаҳри Новосибирски ба номи М.И. Глинка ба ҳайси докторант таҳсил намуда, пас аз хатми он с. 2009 дар ҳамон муассиса кори доктории худро роҷеъ ба «Мақом ва Фалак ҳамчун падидаҳои касбии эҷодиёти мусиқии суннатии тоҷикон» бомуваффақият дифоъ намудааст. Фаъолияти кории Ф. Азизӣ дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба ҳайси омӯзгор (1982–1987) – мудири кафедраи мусиқии Шарқ оғоз гардида, солҳои 1987 то 1997 дар кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Шарқ (1991–1997 – мудир) ифои вазифа намудааст. Фаъолияти минбаъдаи Фароғат Азизӣ дар вазифаи ходими калони илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон (1998–2003) идома ёфта, бо таъсис гардидани Консерваторияи миллии Тоҷикистон (2003) ӯ ҳамоно ба мақоми ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ ва робитаҳои байналмилалии он пазируфта шуд. Аз моҳи феврали соли 2006 то декабри соли 2013 Фароғат Азизӣ вазифаи муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистонро ба дӯш дошта, ҳамзамон профессори кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов буд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2013 Азизӣ Фароғат Абдуқаҳҳорзода Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон таъйин гардид.[1]

Фаъолияти илмӣ вироиш

Доираи фаъолияти илмии Ф. Азизӣ хеле васеъ буда, таърих ва назарияи Шашмақому Фалак, системаҳои таълимоти мусиқӣ, рисолаҳои мусиқӣ, равобити мусиқии ҳинду тоҷик (хусусан, эҷодиёти Амир Хусрави Деҳлавӣ), банотагирии мусиқии суннатӣ, эҷодиёти композиторон, мақолаҳои энсиклопедиро фаро мегирад. Зимни фаъолияти омӯзгорӣ (аз соли 1981 то ин вақт) дастури таълимии «Асосҳои назарияи мусиқӣ» (Ҷ.1, Душанбе, 2011), барномаҳои таълимӣ доир ба «Асосҳои мақом» ва «Солфеҷиои этнографӣ» (Душанбе, 2008) таълиф намуда, таҳти роҳбарии илми ӯ даҳҳо корҳои дипломӣ ва рисолаи номзадӣ (Каримов С.С.) анҷом ёфтаанд. Ф. Азизӣ яке аз муалифони маҷмӯаи таълимии «Таърихи мусиқии Осиёи Миёна ва Қазоқистон» (Москва,1995) барои консерваторияҳо мебошад. Ф. Азизӣ ба этнография рағбати зиёд зоҳир намуда, таҳти роҳбарии ӯ қариб 20 экспедитсия (аз он 5-то байналмилалӣ), ки сар то сари манотиқи Тоҷикистон: вилояти Суғд, (Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Хуҷанд); вилояти Хатлон (Балҷувон, Восеъ, Данғара, Кӯлоб, Сари Хосор, Ҳамадонӣ, Шӯрообод), вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (Бартанг, Барсем, Бидухт, Роштқалъа, Рӯшон, Сипонҷ, Хоруғ, Ванҷ, Дарвоз, Мурғоб)-ро дар бар гирифтаанд, сурат гирифтаанд. Беш аз 19 сол (1992-2011) ӯ ба омӯзиши бойгонии композитор, танбӯрии нодир, мусиқишинос, донандаи беҳамтои Шашмақом Фазлиддин Шаҳобов машғул аст. Дар натиҷаи ин фаъолият нахустин маҷмӯаи мақолаҳо бахшида ба хадамоти ин арбоби барҷаста бо номи «Шиҳоби мусиқӣ» (Душанбе, 2006) ва рисолаи мусиқии Фазлиддин Шаҳобов «Баёзи Шашмақом» бо шарҳу эзоҳоти илмии Ф. Азизӣ соли 2007, яъне баъд аз 34 соли даргузашти муаллиф, рӯи чопро дид. Бо саъю кӯшиши мусиқишинос Ф. Азизӣ ба муносибати 100-солагии Ф. Шаҳобов, соли 2011, сеҷилдаи Ф. Шаҳобов зери унвони «Осор ва пажӯҳиш» аз чоп баромад.

Ф. Азизӣ муаллифи бисёр лоиҳаҳое аст, ки дорои аҳамияти муҳими давлатианд; аз қабили «Шашмақом – шоҳасари мусиқии классикии ҷаҳонӣ» (ЮНЕСКО, 2005-2007), «Бойгонии савтии Тоҷикистон: Фонди фолклории ба номи Р. Амонов. Тармими техникӣ ва фарҳангӣ» (Фонди Кристенсен, ИМА 2006-2008), «Дарсҳои маҳоратии Фалак дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон» (Фонди Сорос, 2005), «Клавирҳои операҳои тоҷик» (2009), «Нахустфестивали наътхонӣ дар Тоҷикистон» (Душанбе, 2009), «Фалак – суннатҳои иҷроии он» (Кӯлоб, 2006), «Фалак: масъалаҳои таърихӣ ва назариявӣ» (Душанбе, 2009), , «Шашмақом: таърих, назария ва таълимоти муосир» (Душанбе, 2011) ва ғайраҳо, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ ёфтаанд. Азизӣ Ф.А. яке аз муаллифони лоиҳаи Барномаҳои давлатии доир ба тарбияи мутахассисон дар соҳаи фарҳанг ва санъат (2006), рушди фарҳанг (2007), рушди ҳунарҳои бадеӣ (2008) ва рушди мусиқии касбӣ (2010) мебошад. Ф. Азизӣ бо маърӯзаҳои илмиву лоиҳаҳои эҷодӣ ба Шотландия (2000), Венгрия (2002), ИМА (2003), Ҳиндустон (2004, 2010), Эрон (2007), Франсия (2008, 2010), Ҳолланд ва Белгия (2009), Кореяи Ҷанубӣ (2009, 2010) ва як қатор мамолики муштаракул манофеъ сафар кардааст. Таълифоти илмии ӯ аз ду монография, рисола, маҷмӯъаҳои банотагирифташуда, дастуру барномаҳои таълимӣ, мақолаҳои илмӣ иборат аст. Ф. Азизӣ яке аз чаҳор муаллифи нахустнашрияи «Энсиклопедияи Шашмақом» (2009) мебошад.

Осор вироиш

  1. Институт устод-шогирд и его роль в традиционной профессиональной музыке стран мусульманского Востока. // маҷ. Музыковедение, №5, Москва, 2008, С. 55–61.
  2. К вопросу об исторической взаимосвязи музыкальных традиций Индии и Таджикистана в древности. // Борбад, эпоха и традиции культуры. Сб. ст., Душанбе, 1989, С. 153–157.
  3. К истории развития жанра тарона в системе макомата. // Проблемы музыкальной науки. Российский научный специализированный журнал, 2008, №2(3), С. 150–156.
  4. Когда создаётся песня … // Фозил Солиев. Маҷм. мақ., Душанбе, 2004, С. 102–108.
  5. Маком и фалак как явления профессионального традицион-ного музыкального творчества таджиков (Монография), Душанбе, «Адиб», 2009.
  6. Назаре ба эҷодиёти Х. Абдуллоев // Мавҷи оҳанг. Маҷ. мақолот бахшида ба фаъолияти эҷодии композитор Х. Абдуллоев. Душанбе, 2000, С. 23–27.
  7. Структурные и ладовые особенности ведущего жанра традиционной музыки горных таджиков – фалаки кулоби. // маҷ. Проблемы музыкальной науки. Российский научный специализированный журнал. 2009, №1(4), С. 112–117.
  8. Фазлиддин Шаҳобов ва проблемаҳои мақомшиносии муосири тоҷик // Шиҳоби мусиқӣ. Душанбе, Нашри якум, 2006; Нашри дуюм // Фазлиддин Шаҳобов. Осор ва пажӯҳиш, Ҷ.2, Шиҳоби мусиқӣ. Душанбе, ЭМТ, 2011, С. 137 – 170.
  9. Фалак – основа профессионального музыкального творчества горных таджиков. // маҷ. Музыковедение. Москва, 2009, №2, С. 33–40.
  10. Шашмаком и рага. Краткий компаративистский анализ (Монография). Душанбе,1999, 166 с.
  11. Falak: Spiritual Songs of the Mountain Tajiks. / Music of Central Asia: An Introduction. Edited by Theodore Levin and Elmira Kochumkulova. Bishkek: University of Central Asia, 2011 (pilot edition), pp. 240–252.
  12. Фазлиддин Шаҳобов. Баёзи Шашмақом. Рисолаи илмӣ. Мураттиб ва муаллифи тавзеҳоти илмӣ Фароғат Азизӣ. Нашри аввал, Душанбе, ЭМТ, 2008, 288 с.; Нашри дуюм // Фазлиддин Шаҳобов. Осор ва пажӯҳиш, Ҷ.1, Баёзи Шашмақом, 2011, 288 с.
  13. Вклад Абуабдуллоха Рудаки в историческое развитие традиционной таджикской музыки // Ираннаме. Алматы, 2010, №1(9), С. 132 –141.
  14. Усуль и тала: о специфике и функциях. // Борбад – 1400. Сб. ст. Душанбе,1990, С. 56-63.
  15. Оҳанги кӯҳистони тоҷик. Маҷ. банотагирифтаи оҳангҳои халқӣ. Дар ҳаммуалифӣ бо Кароматов Ф.М., Ҷ.1, Душанбе, 2002, 71 с.
  16. Феномен Шашмакома в начале XXI века. // Очерки истории и теории культуры таджикского народа. Душанбе, 2006, С. 437 – 451.
  17. Традиционная профессиональная музыка Таджикистана: приоритеты, проблемы и решения (годы Независимости) // Очерки истории и теории культуры таджикского народа. Душанбе, 2010, С. 481–509.
  18. К проблеме профессионализма в фалаке. // Фалак ва масъалаҳои таърихӣ-назариявии мусиқии тоҷик. Маҷмӯаи мақолот. Душанбе, «Адиб», 2009, С. 7–24.[2]

Мукофот вироиш

Соли 2004 Ф. Азизӣ бо ордени «Шараф», дараҷаи II Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Дорандаи мукофоти Академияи байналмилалии илмии Antique World (2007), Дипломи «Олими пурмаҳсултарини сол» (2009) мебошад. Соли 2010 бо Ҷоизаи баландмақоми байналмилалии созмони ҳамкориҳои иқдисодӣ (Economic Cooperation Organization) – ECО Awards мушарраф гардида, соли 2011 - соҳиби унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон» гардидааст.[3]

Эзоҳ вироиш

  1. сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  2. АЗИЗИ (АЗИЗОВА) Фарогат Абдукаххорзода. 29 май 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 феврали 2009.
  3. Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - С.11-15