Конститутсияи Қазоқистон
Конститутсияи Ҷумҳурии Қазоқистон қонуни асосии Қазоқистон мебошад. Конститутсияи кунунии Ҷумҳурии Қазоқистон дар раъйпурсии умумихалқӣ 30 августи соли 1995 қабул шудааст.
қаз.: Қазақстан Республикасының Конституциясы | |
Кишвар | |
---|---|
Забони навиштаҷот ё осор/асар | қазоқӣ |
Таърихи интишор | 30 август 1995 |
Алифбо | алифбои сирилик |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Муқаррароти муҳимтарин
вироишМутобиқи Конститутсия Ҷумҳурии Қазоқистон худро ҳамчун давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд эътироф мекунад, ки арзиши олии он инсон, ҳаёт, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ мебошад. Ҷумҳурии Қазоқистон як давлати воҳид буда, шакли идораи президентӣ дорад. Ягона манбаи ҳокимияти давлатӣ халқ аст, ки онро бевосита тавассути раъйпурсии ҷумҳуриявӣ, интихоботи озод, инчунин бо роҳи додани ваколатҳои худ ба мақомоти давлатӣ амалӣ менамояд. Ҳокимияти давлатӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳо мувофиқи принсипи тақсими он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ карда мешавад. Шохаҳои ҳокимият бо истифода аз системаи санҷиш ва мувозинат бо ҳамдигар амал мекунанд .
Конститутсияи Ҷумҳурии Қазоқистон гуногунрангии мафкуравӣ ва сиёсиро эълон кард, ки дар асоси он ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии гуногун дар Қазоқистон таъсис ва амал мекунанд. Моликияти давлатӣ ва хусусӣ эътироф карда шуда, баробар муҳофизат карда мешавад. Замин ва сарватҳои зеризаминии он, олами набототу ҳайвонот ва дигар сарватҳои табиӣ моликияти давлатӣ мебошанд. Забони давлатӣ забони қазоқӣ аст, аммо дар ташкилотҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ расман забони русӣ дар баробари қазоқӣ истифода бурда мешавад. Давлат дар бораи фароҳам овардани шароит барои омӯзиш ва рушди забонҳои халқҳои Қазоқистон ғамхорӣ мекунад .
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Қазоқистон қувваи олии ҳуқуқӣ дорад: ҳама қонунҳо, фармонҳои Президент, фармонҳои ҳукумат, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии тамоми мақомоти давлатӣ бояд ба меъёрҳои он асос ёбанд ва набояд хилофи онҳо бошанд. Конститутся дар саросари ҷумҳурӣ бевосита амал мекунад: шаҳрвандон ҲУҚУҚ доранд, ки ҳуқуқу озодиҳои худро дар суд ва дигар мақомот бо истинод ба нуқтаҳои дахлдори Конститутсия ҳимоя кунанд. Мақомоти давлатӣ дар ҳалли баҳсҳо нормаҳои Конституӣсияро истифода бурда метавонанд. Шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Қазоқистон набояд ба Конститутсия мухолиф бошанд .
Тағироту иловаҳо дар соли 2019
Тибқи тағйирот ба Конститутсия аз 23 марти соли 2019 пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Нур-Султон (собиқ Остона) мебошад.
Сарқонуни нав 2022
вироишРӯзи 5 май раисиҷумҳур Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар бораи баргузории ҳамапурсӣ дар Қазоқистон хабар дод, ки 5 июни соли 2022 баргузор мешавад. Тибқи ин тағйирот, пас аз қабули сарқонуни нав, барҳам додани Шӯрои конститутсионӣ ва таъсиси Суди конститутсионӣ пешбинӣ шудааст. Маҷлиси порлумон аз рӯи низоми омехтаи интихоботӣ интихоб мешавад, квота аз Анҷумани мардумии Қазоқистон дар маҷлис лағв мешавад ва квотаи вакилони пешбарии раисиҷумҳур дар Сенати порлумон коҳиш дода мешавад. . Қарор аст, ки матолиб ва имтиёзҳо дар бораи президенти нахустини Қазоқистон Назарбоев низ коҳиш дода шавад.