Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Абишевич Назарбоев (қазоқӣ. ; тав. 6 июли 1940, д. Шамалғон, ноҳияи Каскелен, вилояти Алматий) — ходими давлатӣ ва сиёсии шӯравӣ ва Қазоқистон.
Нурсултон Абишевич Назарбоев | |||||||
қазоқӣ. Нұрсұлтан Әбішұлы Назарбаев | |||||||
![]() | |||||||
|
|||||||
Пешгузашта | вазифа таъсис ёфт | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|
Ҷонишин | Қосим-Ҷомарт Тоқаев | ||||||
|
|||||||
Пешгузашта | Геннадий Колбин | ||||||
Ҷонишин | вазифа барҳам хурд | ||||||
|
|||||||
Пешгузашта | Кийлибой Медеубеков | ||||||
Ҷонишин | Ерик Асанбоев | ||||||
|
|||||||
Пешгузашта | Байкен Ашимов | ||||||
Ҷонишин | Узакбай Карамонов | ||||||
Таваллуд |
6 июл 1940 (79 сол) | ||||||
Ҳамсар | |||||||
Фарзандон |
Dariga Nazarbayeva[d], Dinara Nazarbayeva[d] ва Aliya Nazarbayeva[d] | ||||||
Ҳизб |
Ҳизби Комунистии Иттиҳоди Шӯравӣ, People's Union of Kazakhstan Unity[d], Fatherland[d] ва Нур Отан[d] | ||||||
Дараҷаи илмӣ | |||||||
Эътиқод | |||||||
Соядаст | |||||||
Ҷоизаҳо | |||||||
Вебгоҳ | |||||||
![]() |
ЗиндагиномаВироиш
Нурсултон Назарбоев 6 июли 1940 дар деҳаи Шамалғонии ноҳияи Каскелени вилояти Алматий ҶШС Қазоқистон дар оилаи Абиша ва Алжон, ки ба кишоварзӣ машғул буданд, ба дунё омадааст.
Фаъолияти меҳнатӣ ва давлатӣВироиш
Соли 1960 — Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии (ПТУ) № 22 дар ш. Днепродзержинск хатм кардааст. Соли 1967 ВТУЗ-и назди комбинати металургии Қарагандаро ба итмом расонидааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1960, ҳамчун коргари управленияи сохтмони трести «Казметаллургстрой» дар ш. Темиртау вилояти Қараганда оӯоз намудааст, сипас дар комбинати металургии Қараганда кор кардааст.
Солҳои 1965—1969 — боз дар комбинати металургии Қараганда кор кардааст (аз с. 1966 — комбинат): диспетчер, газовчӣ дар сехи доменнӣ.
Аз солхои 1969—1973 — дар кори комсомолӣ ва ҳизбӣ дар ш. Темиртау вилояти Қараганда. Солҳои 1973—1978 — котиби комитети ҳизбии комбинати металургии Қараганда. В 1978—1979 — котиб, котиби дуйуми комитети ҳизбии вилояти Қараганда.
Солҳои 1979—1984 — котиби Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Қазоқистон.
Солҳои 1984—1989 — Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Қазоқистон.
Солҳои 1989—1991 — Котиби якуми Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Қазоқистон.
Аз 24 апрели 1990 то 16 декабри соли 1991 — Президенти ҶШС Қазоқистон.
1 декабри соли 1991 дар интихоботи аввалини умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, 98,7% овозҳоро соҳиб гардида бори аввал Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон шудаст. ва ба иҷрои вазифа 16 декабри соли 1991 шурӯъ кардааст.
Нурсултон Назарбоев боз чор маротиба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон интихоб шудааст. Моҳи апрели соли 2015 дар интихоботи президентӣ бори панҷум Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон интихоб гардида, мувофиқи маълумоти расмӣ 97,75 %-и овозҳои интихобкунандаҳоро ба даст овардаст. Узви ҲКИШ аз 1962. Узви КМ ҲКИШ (1986—1991); узви Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ (1990—1991). Узви Комиссияи марказии санҷишии ҲКИШ (1981—1986). Котиби КМ ҲК Қазоқистон (1979—1984), Котиби якуми КМ ҲК Қазоқистон (1989—1991).
Вакили Шӯрои Олии ИҶШС даъватҳои 10—11-ум (1979—1989) аз вилояти Қазоқистони Шимолӣ[1][2]. Вакили халқии ИҶШС (1989—1991). Раиси Шӯрои Олии ҶШС Қазоқистон (1990).
Дорандаи унвони расмии «Пешвои Миллат» (қазоқӣ. Елбасы; аз 2010). Қаҳрамони Миллии Қазоқистон (2012; аз рӯи вазифа ҳамчун президент ва Пешвои Миллат). Соли 2011 дар кишвар "Рӯзи Президенти Қазоқистон" ҷорӣ гардидааст, ки ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.
ЭзоҳВироиш
ПайвандҳоВироиш
Ин мақолаи хурд дар бораи одам мебошад. Шумо метавонед бо пурра кардани ин ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |