Лайлӣ ва Маҷнун (балет)

Балети «Лайлӣ ва Маҷнун» — яке аз аввалин балетҳои тоҷик буда, мусиқии онро композитор Сергей Баласанян навиштааст. Аз 4 парда ва 6 намоиш иборат буда, дар асоси достони Низомии Ганҷавӣ офарида шудааст (Либретои С. А. Сенин). Ба қавли Н. Нурҷонов:

«Дар балет таърихи муҳаббати фоҷиавии ду дилбохтаи ҷавон ҳамчун драмаи характерҳо, мисли таронаи ишқи поку эҳсоси баланд намоиш дода мешавад. Лайлӣ ва Маҷнун ба якдигар вафодор буда, ба тақдирашон тан намедиҳанд ва ҳалок мегарданд. Мусиқии асар мутаносибӣ ва амалиёти пуртазоди саҳнавӣ дошта, бо услуби оркестриаш фарқ мекунад».

Низом Нурҷонов

«Лайлӣ ва Маҷнун» бори аввал 7 ноябри с. 1947 дар саҳнаи Театри давлатии опера ва балети тоҷик гузошта шудааст. Балетмейстер Ғаффор Валаматзода, дирижёр Л. Левин, рассом Е. Чемодуров; дар нақшҳо: Лайлӣ – Л. Зоҳидова, Маҷнун (Қайс) – М. Қобилов, Ибни Салом – Рафаэл Толмасов, Навфал – М. Ҳасанов. Мукофти давлатии СССР – С. Баласанян, Ғ. Валаматзода, Е. Чемодуров, Л. Зоҳидова, М. Қобилов. Таҳрир ва таҳияи нави балети мазкур боз дар ҳамин театр 15 марти с. 1957 баргузор гардид. Таҳрири нав иборат аз 3 парда, 22 дек. 1961 дар Театри Калони Москва гузошта шудааст. Либреттои К. Голейзовский ва С. Сенин, балетмайстер – К Голейзовский, дирижёр – Жюрайтес, рассом – Г. Епишин. Дар ролҳо: Лайлӣ – Р. Стручкова, Н. Бесметрнова, Маҷнун (Қайс) – В. Василев, Ибни Салом – В. Левашов. «Лайлӣ ва Маҷнун» бо таҳрири нав иборат аз 3 парда боз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ 12 марти 1970 гузошта шуд. Балетмейстер – Н. Конюс, дирижёр – Э. Айрапетянс. Дар ролҳо: Лайлӣ – Малика Собирова, Бозгул Исоева, Татяна Холова, Маҷнун (Қайс) – Музаффар Бурҳонов, Қурбон Холов ва ғ. Соли 1977 дар вақти сафари ҳунарии ҳайати балети театр дар шаҳри Куопио (Финландия) ва солҳои 1978-79 дар Сингапур, Тайланд, Малайзия, Ҳиндустон ва Покистон намоиш дода шуд. «Лайлӣ ва Маҷнун» дар саҳнаи Театрҳои Самарқанд, Ереван ва диг. шаҳрҳо гузошта шудааст. С. 1960 ба навор гирифта шуд (балетмейстер Ғ. Валаматзода, режисёр Т. Березансева). Матни нотавии «Лайлӣ ва Маҷнун» соли 1969 дар нашриёти «Музгиз»-и ш Москва чоп шудааст.[1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 208-209 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)