Мавзуна Шамсиддиновна Шарофидинова — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V ва ва даъвати VI[1]

Мавзуна Шарофиддинова
Мавзуна Шамсиддиновна Шарофидинова
Таърихи таваллуд: 26 август 1967(1967-08-26) (57 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Исфара, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Мавзуна Шамсиддиновна Шарофидинова 26 августи соли 1967 дар деҳаи Кӯлканди ноҳияи Исфара дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1984 мактаби миёнаи рақами 34 — и деҳаи Кӯлкандро хатм намуда, сипас фаъолияти кориашро аз моҳи январи соли 1985 ҳамчун мудири шуъбаи баҳисобгирии кумитаи комсомолии собиқ хоҷагии ҷомеавии ба номи «Куйбышев» алҳол ба номи «Ҳамрохӯҷа Мукаррамов», соли 1989 котиби озоди кумитаи комсомолии хоҷагии мазкур, аз соли 1989 раиси кумитаи бонувони хоҷагӣ ва аз соли 1992 раиси созмони ҷавонон, соли 1992 коргузори шуъбаи кадрҳои хоҷагӣ, аз соли 1994 сардори шуъбаи кадрҳо, аз соли 1999 раиси иттифоқи касабаи хоҷагӣ ва аз соли 2002 то феврали 2007 дар хоҷагии номбурда «Ҳамрохӯҷа Мукаррамов», ҳамчун раиси кумитаи бонувон адои фаъолият намудааст.

  • Аз моҳи феврали соли 2007 то соли 2014 дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Кӯлканд ва аз 19 сентябри соли 2014 ҳамчун муовини раиси шаҳри Исфара фаъолият намудааст.
  • Cоли 1990 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров — ро бо ихтисоси муаллими фанни таърих ва ҷамъиятшиносӣ хатм намудааст. Соли 2010 филиали Хуҷанди Донишгоҳи Технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис — агротехник хатм намудааст. Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.
  • Моҳи феврали соли 2010 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд интихоб шудааст.
  • Соли 2013 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Хидмати шоиста” сарфароз гардидааст.
  • 1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намонядагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.[1]

Ҳамчунин нигаред

вироиш