Мавлудахон Мирзозода

Мавлудахон Зайнӣ Мирзозода - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V ва даъвати VI [1][2]

Мавлудахон Мирзозода
Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ
Таърихи таваллуд: 12 январ 1976(1976-01-12) (48 сол)
Зодгоҳ: Хуҷанд , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ 12 январи соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд тавваллуд ёфта, соли 1992 пас аз хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 54 - и ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, факултаи таърих дохил гардида, соли 1993 тариқи гузариш ба ДДҲБСТ-и шаҳри Хуҷанд факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил гашта, онро соли 2001 хатм намудааст. Аз соли 1993 ҳамчун котиби маҷлиси суди суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз 25 апрели соли 1995 иҷрочии суди ноҳияи номбурда фаъолият намуда, масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ ва маҳорати касбии ӯ боиси он гашт, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2005 судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2011 судяи суди вилояти Суғд таъйин гардид.

Аз майи соли 2017 ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон фаъолият намудааст. Аз 17 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб карда шуд.[3] Оиладор соҳиби ду фарзанд.

Ҳамчунин нигаред

вироиш

Сарчашма

вироиш