Мавригихонӣ («маврӣ», шакли тағйирёфтаи «марвӣ») — намуди ҳунари сарояндагӣ, мусиқӣ. Дастаи сарояндагон, навозандагон ва раққосони халқӣ, ки аз як гурӯҳи 2-5-нафара иборат аст. Ин намуди ҳунар дар байни санъаткорони тоҷикзабони Бухоро ба вуҷуд омада, рушд ёфтааст. Истилоҳ ва услуби «мавригихонҳои Бухоро» низ аз ҳамин ҷост. Ба қавли З. Тоҷикова: «Мавригихонӣ асосан дар байни эрониҳо (як гурӯҳи этникие, ки дар Бухоро умр ба сар мебурданд) маъмул буд. Дар мавригихонӣ одатан доирадасти якумро, ки усули асосиро менавозад нағорадаст ва дойрадастҳои дигарро, ки усули мазкурро тақвият медоданд, пастнавоз меномиданд. Дойрадастон дар айни замон суруд ҳам мехонданд, ки аз байни онҳо нафаре яккахон буда, дигарон дар нақаррот ҳамовозӣ мекарданд. Репертуари Мавригихонӣ аз силсилаи овозию рақсӣ иборат буд, ки «мавригӣ» ном дошт. Вай аз пайтҳо иборат аст, ки паиҳам омада, баланду пастшавӣ ва тағйирёбии ҳар як қисматро муайян мекунанд. Дар пайт одатан қисматҳои «Шаҳд», «Гардони Шаҳд», «Сархона», «Гардони Сархона», «Фӯроварди Сархона», «Чорзарб», «Гардони Чорзарб», «Маймалик» ва ғ. мавҷуданд. Ҳар пайт тадриҷан шиддат гирифта, бо рақси босуръат бо навои нағора анҷом меёбад. Нағора як қисми тезу тунд ва бошиддати рақс ба шумор рафта, дар навбати худ пайтҳоро миёни ҳамдигар мепайвандад. Ба ин марҳала мухаммасхонӣ низ дохил мешавад. Санъати мавригихонӣ одатан ба маросимҳои оилавӣ (хатна, тӯйи арӯсӣ, рӯзи таваллуд ва ғайра) робита дошта, иҷрокунандагони он бештар дар давраи мардон ширкат меварзанд. Мавригихонони машҳури асрҳои ХIХ-ХХ Бақоҷон Саъдуллоев, Ҳабиб Неъматов, Алиризо Қурбонов ва дигаронанд».[1]

Нигаред

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Низомов, А. Таърихи мусиқии тоҷик. – Душанбе, 2014
  • Низомов, Х. Созшиносӣ. – Душанбе: Адиб, 2016.
  • Нурҷонов, Н., Қобилова, Б., Мавригӣ. – Душанбе, 2008.
  • Нурҷонов, Н. Олами беканори рақси тоҷик: очерки таърихӣ–назарӣ. – Душанбе, 2004.
  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 218-219 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)