Маъруф Раҷабов — доктори илмҳои филология (1998). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (2000). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1993).[1]

Маъруф Раҷабӣ
Маъруф Саидович Раҷабов
Таърихи таваллуд 14 феврал 1955(1955-02-14)
Зодгоҳ Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 24 декабр 2001(2001-12-24) (46 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Академияи илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Ҷоизаҳо Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ(1999)

Зиндагинома

вироиш

Маъруф Раҷабӣ 14 феврали соли 1955 дар шаҳр Кӯлоб ба ҷаҳон омадааст. Соли 1976 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро бо баҳои аъло хатм кардааст. Муддате дар донишкадаи номбурда, раёсати Ҷамъияти «Дониш» ифои вазифа намудааст. Мудири шуъбаи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҶТ (1984-2000). 24 декабри соли 2001 аз олам даргузашт.

Эҷодиёт

вироиш

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: адабиётшиносӣ, рушди жанрҳои таърихӣ, таърихи нақди адабӣ. Дар мавзӯи рушду камоли насри муосири тоҷикӣ қариб 100 мақола ба табъ расондааст. Бештар осори Устод Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Расул Ҳодизода, Юсуф Акобиров ва Ӯрун Кӯҳзодро баррасӣ кардааст. Дар таҳқиқи масъалаҳои таҳаввули жанри таърихӣ, поэтикаи наср, анъанаву навоварӣ майлу рағбати қавӣ зоҳир намудааст. Солҳои охир барои аз назари тоза ба муҳокима гирифтани таърихи адабиёти муосирамон, махсусан, проблемаҳои алоқаманди ҷадидия, талош варзида, дар ин бора мақолаҳои «Рӯйдодҳои зиндагӣ ва инкишофи характер» (1988), «Қадамҳои ноустувору устувори танқид» (1989), Андаке дар бораи «душманони халқ» (1990), «Сабақҳои сиёсати адабӣ» (1990), «Ҷадидия ва инқилоб» (1991), «Тарбия ва адабиёт» (1992), «Барои шумо аз асри ХХI» (1992) ва ғ., ҳамчунин, рисолаҳои «Ислом: Ҷадидия ва Инқилоб» (1998), «Таърихи танқид ва адабиётшиносӣ. Асосҳои назариву эстетикии адабиёти тоҷикии марҳалаи якум. Солҳои 1920-1954» (1998)-ро ба қалам овардааст. Муаллифи китобҳои «Тадқиқоти таърих–тадқиқи характер» (1990), «Насри тоҷикии замони ҷанг. Таҳаввули поэтика» (1990), «Ба фикри ман»(2003), «Сотим Улуғзода – абармарди набарду андеша» (2004) ва ғ. мебошад.[2]

Мукофот

вироиш
  • Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ(1999)
  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
  2. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 52 - 53 ISBN 978-99947-2-379-9