Мақомоти ҳокимияти намояндагӣ
Мақомоти ҳокимияти намояндагӣ — мавқеи ҳокимияти намояндагӣ калон асг. Ҳокимияти намояндагиро мақомоти намояндагӣ ба амал мебароранд. Онҳо аз тарафи давлат барои татбиқ кардани мақсаду вазифаҳояшон ваколатдор карда мешаванд. Ҳар яке аз онҳо метавонанд яке аз вазифаҳо ё ки якчанд вазифаҳои давлатро иҷро намоянд. Масалан, Маҷлиси Олӣ, Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати Тоҷикистон чандин вазифаҳои давлатиро иҷро менамоянд. Мақомоти намояндагӣ салоҳияти ҳукмфармоии давлатӣ доранд. Ин салоҳият дар он ифода меёбад, ки ҳамаи мақомоти намояндагӣ, аз ҷумла мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар ҳадди ваколатҳои ба онҳо додашуда масъалаҳоро аз номи давлат ҳал карда метавонанд ва санадҳое мебароранд, ки барои иҷро намудан аз тарафи дигар мақомоти давлатии дахлдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошанд. Салоҳияти ҳукфармоии мақомоти намояндагӣ дар ваколатҳои онҳо таҷассум меёбад.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С. 273
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |