Мария Ҳелено Доеринг

ҳунарпешаи колумбӣ

Мария Ҳелено Доеринг Монсалве (исп. María Helena Doering Monsalve); тав. 16 ноябр 1962 Калӣ Колумбия) — ҳунарпеша ва модели колумбӣ. Ӯ дар теленовелаҳои Амрикои Лотинӣ ҳунарнамоӣ менамояд.

Мария Ҳелено Доеринг
исп. ‌María Helena Doering
Ном ба ҳангоми таваллуд: María Helena Doering Monsalve
Таърихи таваллуд: 16 ноябр 1962(1962-11-16) (61 сол)
Зодгоҳ: Калӣ, Колумбия[1]
Шаҳрвандӣ:  Колумбия
Касб: ҳунарпеша
модел
Корнома: 1991-то ҳол
IMDb: ID 0246846
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Мария Ҳелено Доеринг 16 ноябри соли 1962 дар шаҳри Калии Колумбия таваллуд шудааст. Ӯ хатмкунандаи адабиёти муосир мебошад. Бобои Мария (Хорхе Доеринг) олмонӣ ва бибияш (Мария Ҳелено Монсалве) боливӣ  мебошад, модараш колумбист. Мария духтари калони оила буда, панҷ бародари аз худаш хурдтар дорад. Ӯ дар Лондон таҳсил карда донандаи забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва итолиёвиро мебошад.  Фаъолияти касбии ӯ аз ҳунарнамоӣ дар филмҳо оғоз ёфтааст.  Дар синни 13-солагӣ бо аксбардорони маъруф дар зодгоҳаш Калӣ кор карда, соли 1980 ба Италия рафтааст ва дар он ҷо 13 сол зиндагӣ кардааст.  Соли 1986, вақте ки ӯ дар намоиши мошинҳои Fiat тарҷумон шуда кор мекард, ӯро намояндаи Alfa Romeo  мушоҳида намуда ӯро ба шуъбаи тарҳсозӣ ба Милан даъват намуд.  Дар тӯли 5 соли корӣ, Мария Ҳелено Доеринг дар 67 таблиғоти телевизионӣ зоҳир шуда, дар Ҷопон, Олмон, Испониё ва Фаронса кор кардааст. 

Эҷодиёт дар синамо вироиш

Мария фаъолияти худро дар театр дар синни 12 солаги  бо нависанда ва коргардон Сандро Ромеро Рей  оғоз кард.  Шавқу ҳаваси зиёд боис шуд якчанд соли таҳсилро  дар Лондон тарк кунад.

Ӯ дар 13-солагӣ бо аксгирони машҳур аз Калӣ: Фернел Франко, Освалдо Лопез, Микӣ Калеро ва Ҷайме Андрес Орозко кор кардааст.  Ӯ аввал дар таблиғи Колинос рӯи навор баромадааст баъдан дар Coffee Delight.  Ӯ соли 1980 ба Италия сафар кард ва 13 сол дар он ҷо монд.

Ҳангоми машғул буданаш бо корҳои моделияш дар Италия, ӯ ҳамчун ҳунарпеша дар филми ҳаҷвии Casa Vianello  бо ҳунарпешаҳои машҳури итолиёӣ ба монанди Раймондо Вианелло, Сандра Мондаинӣ ва дигарон ҳунарнамоӣ намудааст.

Соли 1992 Ҷулио Санчес Кристо ба ӯ таклиф кард, то дар нахустин операи  ӯ - "La maldición del paraíso" дар Колумбия нақши марказиро иҷро карда бошад.  Соли 1993 ӯ дар чор қисми силсилафилми шашқисмаи "Crónicas de una generación trágica"-ро, ки нақши Магдалена Ортега де Нариноро тасвир мекунад, ҳунарнамоӣ намудааст. Ин теленовела соли 1993 ба намоиш гузошта аз рӯи асари нависандаи колумбӣ Габриэл Гарсиа Маркес ба навор гирифта шудааст.

Хулио Хименес ба ӯ нақши асосиро дар операи  La viuda de Blanco пешниҳод намуд, ки бо ҳунарпешаи пуэрторикоӣ Освалдо Риос дар соли 1996 иҷро намудааст. Ин опера дар чанд кишвари Амрикои Лотинӣ, Аврупо ва Осиё ба намоиш гузошта шудааст.  Барои иҷрои ин нақш , Мария Ҳелена дар  TVy Novelas ва ACPE ҳамчун беҳтарин ҳунарпеша дар нақши марказӣ сарфароз шудааст.

Мария солҳои пайдарпай дар ҳаргуна теленовела даъват шуда аз уҳдаи иҷрояш ба хубӣ баромадааст.

Соли 2004 ӯ дар теленовелаи "La Saga: negocio de familia"  нақши Марлен Ромеро де Манрикеро бозидааст.  Дар ҳамон сол ӯ бо Данна Гарсия, Мигел Варонӣ, Мишел Браун, Ана Лусия Домингез, Катрин Сиачоке ва Мартин Карпан дар теленовелаи "Te voy a enseñar a querer"  (Ман ба ту дӯст доштанро меомӯзам) ҳунарнамоӣ намудааст, ки дар он нақши Изобел де Мендез ҳамсари Мигел Варониро бозидааст.  Ҳамон сол бо Варонӣ инчунин дар филми истеҳсоли Колумбия " Mi abuelo, mi papá y yo" нақш бозидааст.

Соли 2005 ӯ дар якчанд силсилафилмҳои Телемундо нақшҳои хурдро бозидааст.  Дар соли 2006, ӯ нақши Розаура Суарес де Де ла Пенаро дар теленовелаи комедиявии  RCN "Hasta que la plata nos separe" зани баландпояи ҷомеа, ки ба ҳайси фурӯшанда дар як ширкати мошинсозӣ кор мекунад тасвир намудааст. Аз уҳдаи иҷрои нақш хуб баромада, яке аз теленовелаи муваффақ гардид.

Соли 2008 ӯ ба Телемундо баргашта, дар силсилафилми Виктория, дар нақши Ҳелено де Корденас бо ҳунармандони машҳур ба монанди Виктория Руффо, Артуро Пенич, Маурисио Очманн, Диана Кихано, Хавиер Делгиудит ва дигарон ҳунарнамоӣ намудааст.

Соли 2009 ӯ барои шабакаи RCN  дар теленовелаи "El penúltimo beso" нақши собиқ ҳиппиро иҷро кард.

Дар тӯли солҳои 2009 ва 2010 ӯ бо Данна Гарсия, Сегундо Сернадас, Диана Кихано, Адриана Кампос, Кэтӣ Барберӣ ва дигарон, дар теленовелаи машҳури "Тилисми зебо" (Bella Calamidades), ки нашркардаи  силсилафилми "Lola Calamidades"-и Хулио Хименес мебошад. Мария Ҳелено нақши Лоренза Кардона Мачадо, модархондаи Лола ва модари Морселоро бозидааст, ки зани дорои хислатҳои хуб мебошад, тасвир намудааст.  Барои иҷрояш аз тарафи ҷомеъа ва мунаққидон баҳои баланд гирифтааст.

Соли 2010, ӯ дуюмин нақши таърихии худро дар RCN,  дар теленовелаи "La Pola" иҷро намудааст.

Дар охири соли 2011, филми филмнавис ва коргардони колумбӣ  Даго Гарсия ба рӯи навор омад. Дар ин филм, Мария Ҳелена нақши Анабелла, бузурги оила бо хислати қавӣ ва шавқи пинҳонӣ ба санъатдоштаро  бозидааст.

Моҳи майи 2012, ӯ дар комедияи RCN-и Колумбия "Pobres Rico", ҳамроҳ бо Поала Рей ва Хуан Пабло Раба ҳунарнамоӣ намудааст.  Қаҳрамони ӯ Ана Мария Фернандес де Рико, зани сарватманд, ки чаҳор сагашро аз се фарзандаш бештар дӯст медорад тасвир мекунад.  Ӯ ба шаробнушӣ сахт вобастагӣ дорад, гарчанде ки онро эътироф намекунад.  Орзуи бузургтарини ӯ дар Рим зиндагӣ кардан аст, аммо ба далели шароити зиндагӣ ва найрангҳои ҷиянаш ӯ ба бадбахтӣ дучор мешавад.

Дар охири соли 2012, Мария фаъолияти моделиро аз сари нав оғоз кард, вақте ки вай аз ҷониби Almacenes Exito интихоб шуд, то чеҳраи расмии бренди истисноии Bluss бошад. 

Ҳаёти шахсӣ вироиш

Мария Ҳелено Доеринг сурудхонӣ, аспсаворӣ, хондан, хусусан адабиёти итолиёӣ ва таърихро дӯст медорад. 

Ӯ бо аввал бо марди фаронсавию итолиёӣ  Даниэле Мореллӣ издивоҷ кардааст. Ин муносибат якчанд сол тӯл кашид ва пеш аз бозгашт ба Колумбия хотима ёфт.  Моҳи марти соли 1995 ва пас аз ду соли номзадӣ, Мария Ҳелено Доеринг тӯйи дуввуми худро бо меъмор Эдуардо Эскобар Ботеро издивоҷ кардааст.  Соли 2000 писари ягонааш Александр Эскобар Доеринг таваллуд шудааст.

Мария ба таври ҳуқуқӣ яке аз зеботарин занҳои Колумбия ва нишони услуб ҳисобида мешавад.

Филмнома вироиш

Силсилафилмҳо вироиш

Сол Номгӯй Нақш Бо заб. тоҷикӣ Шабакаи намоиш
1991 Casa Vianello Люсия RTI Rete Televisiva Italiana
1992-1993 La maldición del paraíso Камила Синистерра Canal A Producciones JES
1993 Crónicas de una generación trágica Магдалина Ортега де Нарино Canal A
1994-1995 Las aguas mansas Мелисса Маури Cadena Uno R.T.I.
1996-1997 La viuda de Blanco Олисиё Гардиола де Бланко
2001-2002 Luzbel está de visita ё Adrián está de visita Элза Эстрада де Франко Telemundo R.T.I. Caracol Televisión
2002 Milagros de amor Каталина Пизарро де Ҳансен RCN Televisión
2002-2003 La venganza Ҳелена Фонтана Биззо Telemundo R.T.I. Caracol Televisión
2004 Te voy a enseñar a querer Изобел де Мендез/Орхидея Фернандез
2004-2005 La saga, negocio de familia Марлене Ромеро де Манрике. Соли 70 Caracol Televisión
2005-2006 Decisiones Telemundo R.T.I.
2006-2007 Hasta que la plata nos separe Росаура Суарез де Де ла Пена RCN Televisión
2007-2008 Victoria Ҳелена де Карденас

Caracol Televisión

2008 El penúltimo beso Лупе Присиадо де Изгуердо RCN Televisión
2009-2010 Bella Calamidades Лорензо Кордонӣ де Мочодо Тилисми зебо Telemundo R.T.I. Caracol Televisión
2010-2011 La Pola Эусебия Кайседо Сантамария-де-Валенсия RCN Televisión
2012 Lynch Пересило Moviecity Latinoamérica
2012-2013 Pobres Rico Ана Мария Фернандез де Рико RCN Televisión
2013-2015 Cumbia Ninja Модари Ҷуоно FOX Channel
2016 Mujeres asesinas Офелия, маъшуқа RCN Televisión
2017 Venganza Виктория Пидраҳита RCN Televisión
2018 Sitiados Доня Марина де Астуриас FOX Channel
2018-2019 La ley del corazón 2 RCN Televisión

Филм вироиш

Сол Номгӯй Нақш
2005 Mi abuelo, mi papá y yo Эсперанза Ариас
2005 Rosario Tijeras
2006 Las cartas del gordo Доня Мария Элена
2011 El escritor de telenovelas
2013 La luciernaga Мерседес
2014 Todas para uno Лилӣ
2017 Mariposas Verdes (Колумбия) Ана

Театр вироиш

Сол Номгӯй Нақш
2002-2003 La Ratonera
2017 Técnicas para Amar Дора

Ҷоизаҳо вироиш

Premios TVyNovelas вироиш

Сол Категория Филм ва силсилафилм Натиҷа
2017 Беҳтарин ҳунарпеша дар нақши манфӣ Venganza Баранда
1997 Беҳтарин ҳунарпеша La viuda de Blanco Баранда

Premios India Catalina вироиш

Сол Категория Филм ва силсилафилм Resultado
2018[2] Беҳтарин ҳунарпеша дар нақши манфӣ Venganza Номзад
2013 Беҳтарин ҳунарпеша дар нақши дуюмдараҷа Pobres Rico Номзад

Дигар ҷоизаю ҷоизаҳо вироиш

Asociación Colombiana de Periodistas del Espectáculo ACPE

  • Ҳунарпешаи дӯстдошта дар нақши асосӣ дар силсилафилми La viuda de Blanco

Баҳогузогии Колумбия

  • Беҳтарин ҳунарпеша дар нақши дуюмдараҷа барои нақши Ана Мария Фернандез де Рико дар силсилафилми Pobres Rico (2012)

Эзоҳ вироиш