Милий Балакирев (Ми́лий Алексе́евич Бала́кирев; (2 январ 1837, Нижний Новгород — 16 (29) майи 1910, Санкт-Петербург)) — композитори рус, пианинонавоз, дирижёр, педагог, сарвари «Могучей кучки».

Милий Балакирев
русӣ: Милий Алексеевич Балакирев
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 21 декабр 1836 (2 январ 1837)[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 16 (29) май 1910[3] (73 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз, раҳбари мусиқӣ, омӯзишгар, мусиқишинос, пиёнунавоз, омӯзгори мусиқӣ
Соз фортепиано
Сабк симфонӣ
Ҷоизаҳо
Order of Saint Stanislaus, 2nd class
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Милий Балакирев дар оилаи мушовири ифтихории Алексей Константинович Балакирев (1809—1869) таваллуд шудааст.

Маълумоти мусиқиро дар хона гирифтааст. Солҳои 1853—1955 шунавандаи озоди факултети математикаи Универиситети Қазон буд. Соли 1856 аввалин бор дар Санкт-Петербург ҳамчун пианинонавоз ва композитор ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ибтидои солҳои 60 садаи XIX дар Петербург роҳбари маҳфили композиторон буд, ки бо номи «Маҳфили Балакирев» ё «Тӯдаи муқтадир» машҳур аст. Асосгузор (1862) ва директор (1868—1973; 1881—1908)-и мактаби ройгони мусиқӣ дар Санкт-Петербург, ки минбаъд ба маркази оммавии таълим ва тарғиби мусиқии рус табдил ёфт. Солҳои 1867—1969 сардирижёри Ҷамъияти мусиқии рус, 1883-94 директори Капеллаи сурудхонони дарбор буд.

Мусиқӣ

вироиш

Муаллифи ду симфония (1897, 1908), «Увертюра дар мавзӯи се суруди русӣ» (1858, таҳрири 2-вум-1881), увертюраи «1000 сол» (1862, таҳрири 2-вум), достони симфонии «Рус» (1887—1907), достони симфонии «Тамара» (1882), се маҷмӯаи сурудҳои халқии рус, романсҳои «Ба наздам биё», «Суруди гурҷӣ», «Вақте ки киштзори зардшуда мавҷ мезанад» ва ғайра, яке аз офарандагони услуби нави мусиқии фортепиании рус мебошад. Асари беҳтарини фортепиании Балакирев фантазияи шарқии «Исламей» (1869) аст. Балакирев тарғибгари асарҳои М. И. Глинка (нимаи дувуми солҳои 60 садаи XIX операи «Руслан ва Людмила»-ро дар Прага ба саҳна гузошт, ба операи «Ҳаёт барои шоҳ» дирижёрӣ кард) ва композиторони ҷавон буд. Мероси мусиқии композитор бисёр аҳамиятнок ин мусиқӣ ба фоҷиаи Шекспир «Корол Лир», 2 консерт барои фортепиано бо оркестр, фантазияи фортепианоии «Исламей», пиесаҳо барои фортепиано, романсҳо, хорҳо, 2 маҷмӯаи сурудҳои халқии русӣ ва ғ. Дар таърихи фарҳанги мусиқии русӣ бо офаридани асарҳои соф халқӣ, пианинонавозӣ чиррадаст ва дирижёри бомаҳорат, ташкилотчии барҷаста ва муррабии меҳрубони композиторони ҷавон ҳиссагузор аст.[6]

  1. 1.0 1.1 Э., Риман Г. Балакирев (рус.) // Музыкальный словарь: Перевод с 5-го немецкого издания / под ред. Ю. Д. Энгель, пер. Б. П. ЮргенсонМ.: Музыкальное издательство П. И. Юргенсона, 1901. — Т. 1. — С. 70—71.
  2. 2.0 2.1 Балакирев, Милий Алексеевич (рус.) // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. АндреевскийСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1891. — Т. IIa. — С. 782—783.
  3. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  4. Balakirev, Mili Alexeivich (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 3. — P. 234.
  5. Балакирев Милий Алексеевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  6. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 47. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)

Адабиёт

вироиш
  • Новая российская энциклопедия. Т. II. М., 2005.
  • Балакирев. Летопись жизни и творчества / Сост. А. С. Ляпунова и Э. Э. Язовицкая. — Л., 1967.

Пайвандҳо

вироиш