Жозе́ф Мори́с Раве́л (фр. Joseph Maurice Ravel; 7 март 1875[2][3][4][…], Ciboure[d][5][6][1]28 декабр 1937[2][3][4][…], Порис[6]) — оҳангсоз ва пиёнунавози фаронсавӣ, раҳбари мусиқӣ. Ӯ ба унвони яке аз намояндагони барҷастаи импрессионизми мусиқоӣ дар таърих сабт шуд.

Морис Равел
фр. Maurice Ravel
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд фр. Joseph Maurice Ravel[1]
Таърихи таваллуд 7 март 1875(1875-03-07)[2][3][4][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 28 декабр 1937(1937-12-28)[2][3][4][…] (62 сол)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият аз 1888[7]
Кишвар
Пеша(ҳо) раҳбари мусиқӣ, пиёнунавоз, оҳангсоз
Соз фортепиано
Сабк опера, мусиқии килоссик[d] ва impressionism in music[d]
Ҷоизаҳо
Соядаст
Соядаст
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Равел маълумоти мусиқиро дар Консерваторияи Порис гирифтааст. Чун пианинавоз ва дирижёр сафари ҳунарӣ карда, асарҳои худро иҷро мекард. Дар операву балетҳояш, асарҳои симфониву камеравӣ, дар сурудҳо ва пиесаҳои фортепиании ӯ истеъдоди хушоҳангии ба худ хоси Равел падидор мебошад. Навоварӣ дар эҷодиёташ бо риояи анъанаҳои мусиқии классикӣ ба назар мерасад. Ба қуллаи баландтарини эҷодиёти Равел асарҳои зиёди фортепиании ӯ тааллуқ доранд («Инъикос», «Гаспари шабона», «Валсҳои бофасоҳат ва сентименталӣ», «Оромгоҳи Куперен», «Сонатина», «Павана»), квартети торӣ, 2 консерти фортепианӣ, асарҳои оркестрӣ «Валс», «Балеро», «Рапсодияи испанӣ», операи лирикӣ — ҳаҷвии «Вақти испанӣ», опера — балети «Бача ва афсунгар», балети «Дафнис ва Хлоя» ва ғ. Равел ба мусиқии русӣ, алалхусус ба эҷодиёти Мусоргский, таваҷҷуҳи зиёд дошт, сюитаи фортепиании «Расмҳо аз намоишгоҳ»-и ӯро хеле устодона таҳияи оркестрӣ (оркестровка) намудааст. Равел санъати мусиқии Фаронса ва ҷаҳониро бо офаридаҳои нодираш бою рангин сохт.[9]

  1. 1.0 1.1 1.2 Свидетельство о рождении
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Itaú Cultural https://enciclopedia.itaucultural.org.br/pessoa12763/maurice-ravel (порт.)São Paulo: Itaú Cultural, 2001. — ISBN 978-85-7979-060-7
  4. 4.0 4.1 4.2 4.3 Nationalencyklopedin (швед.) — 1999.
  5. 5.0 5.1 Ravel, Maurice (ингл.) // The Enciclopædia Britannica — 12 — London, NYC: 1922. — Vol. XXXII Pacific Ocean Islands to Zuloaga. — P. 254.
  6. 6.0 6.1 6.2 6.3 Archivio Storico Ricordi — 1808.
  7. Musicalics (фр.)
  8. LIBRISNational Library of Sweden, 2012.
  9. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С.306-307. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)