Мукаррама Қосимова
Мукаррама Қосимова (Қосимова Мукаррама Набиевна; 16 январи 1933, Конибодом, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон — 2 октябри 2020[1], Душанбе, Тоҷикистон) — забоншиноси тоҷик, доктори илми филология (1982), профессор (1984), узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1997), академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (1991)[2], Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1967), Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1996).
Қосимова Мукаррама Набиевна | |
| |
Таърихи таваллуд | 16 январ 1933 |
Зодгоҳ | Конибодом, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 2 октябр 2020 (87 сол) |
Маҳалли даргузашт | Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишМукаррама Қосимова 16 январи соли 1933 дар шаҳри Конибодом дар хонаводаи яке аз поягузорони рӯзноманигории тоҷик Нaбӣ Фахрӣ ба дунё омадааст[3]. Баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дар аспирантура (1955—1959) таҳсил кардааст.
Фаъолияти корӣ
вироишСолҳои 1956—1986 ба ҳайси муаллима, муаллимаи калон, дотсент, профессори факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кору фаъолият кардааст. Солҳои 1966—1968 ва 1974—1977 декани факултети филологияи ДМТ. Солҳои 1971—1973 дар вазифаи ходими калони илмӣ буд. Солҳои 1986—1995 мудири кафедраи забони тоҷикии ДДТ ва солҳои 1995—2003 мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.
Мукаррама Қосимова аз соли 1982 аввал ба ҳайси котиби илмӣ, сипас раиси Шӯрои диссертатсионӣ барои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар назди ДМТ то соли 2012 ва узви Шӯрои диссертатсионӣ дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд. Аз соли 2004 профессор, мушовири илмии кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ буд.
Бо ибтикори Мукаррама Қосимова Маркази омӯзиши забонҳои назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил шуд, ки дар ин марказ асосан шаҳрвандони хориҷӣ забонҳои тоҷикӣ, русӣ, арабиро меомӯзанд ва аз соли 2001 то 2009 роҳбарии ин марказро ба уҳда дошт.
Ҳамакнун ӯ узви Комиссияи аттестатсионии назди Ҳукумати Тоҷикистон аст. Мукаррама Қосимова дар тарғибу омӯзиши алифбои ниёгон ба воситаи телевизиони марказӣ ва ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» кӯшиши зиёде ба харҷ додааст.
Фаъолияти илмӣ
вироишСоли 1962 диссертатсияи номзадиро дар мавзӯи «Ҷумлаҳои пайрави шартӣ дар забони адабии тоҷик» ҳимоя намуд. Соли 1982 рисолаи докториро дифоъ кардааст.
Зери роҳбарии Мукаррама Қосимова 42 нафар рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дифоъ кардаанд[4]. Мукаррама Қосимова барои мактаби олӣ ва миёна китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ таълиф карда, ба қалами ӯ беш аз 190 номгӯйи асар ва интишороти илмӣ тааллуқ дорад.
Даргузашт
вироишМукаррама Қосимова 2 октябри соли 2020 дар синни 87 солагӣ дар манзили зисташ дар Душанбе даргузашт[1].
Осор
вироиш- Матни классикӣ /Васоити таълимӣ. — Душанбе, 1969; 1976; 1989; 2000; 2010;
- Маҷмуаи машқҳо аз забони тоҷикӣ /Дастур барои муаллимони мактабҳои миёна. — Душанбе, 1971;
- Хрестоматия оид ба матни классикӣ. — Душанбе, 1974;
- Практикум аз забони ҳозираи тоҷик/Морфология ва синтаксис: Васоити таълим барои донишҷӯёни факултети филологияи мактабҳои олӣ. — Душанбе, Маориф, 1976;
- Маҷмуаи машқҳои синтаксиси забони тоҷикӣ (бо ҳаммуаллифии Б. Камолиддинов). — Душанбе, 1976;
- Очеркҳо оид ба синтаксиси ҷумлаҳои соддаи насри асри Х1 (Дар асоси материали «Сиёсатнома», «Қобуснома», «Сафарнома»). — Душанбе: Ирфон, 1976. — 216 с.
- Маҷмӯаи машқҳо аз синтаксиси ҷумлаҳои мураккаби забони тоҷикӣ (бо ҳаммуаллифии Б. Камолиддинов). — Душанбе, 1981;
- Луғати мухтасари таълимии тоҷикӣ-русӣ ва русӣ-тоҷикӣ (бо ҳаммуаллифии Д. Искандарова). — Душанбе, 2001;
- Луғати мухтасари мавзӯии таълимии тоҷикӣ-русӣ (бо ҳаммуаллифии Д. Искандарова, С. Собирҷонов, С. Ҳошимов, Т. Шокиров, А. Ҳасанов). — Душанбе, 2002;
- Краткий русско-таджикский тематический учебный словарь (бо ҳаммуаллифии Д. Искандарова).- Душанбе, 2002;
- Алифбои арабии тоҷикӣ ва имлои он (Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаҳои ғайрифилологии мактабҳои олӣ). — Душанбе, 2002;
- Луғати мухтасари мавзӯии таълимии тоҷикӣ-русӣ. — Душанбе, 2002;
- Мухтасар оид ба истилоҳоти забоншиносии пешини тоҷик. — Душанбе, 2002;
- Об дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ. — Душанбе, 2003;
- Забон ва муъҷизаи он. — Душанбе, 2004;
- Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд. Нашри дуюм. — Душанбе, 2005;
- Истилоҳоти қадимаи тоҷикӣ (маълумоти мухтасар). — Душанбе, 2007;
- Чор унсур: Маъниофаринӣ, калимасозӣ (дар асоси маводи «Маснавии маънавӣ»). — Душанбе: Деваштич, 2007. — 256 с.,
- Вожаи бад: маъно, калимасозӣ, вазифаҳои грамматикӣ (дар асоси осори асрҳои 1Х- Х). — Душанбе: Сино, 2011. — 92 с.,
- Таърихи забони адабии тоҷик (асрҳои 1Х-Х). Ҷ.1. — Душанбе, 2012.
Ҷоизаҳо
вироиш- Дорандаи нишони «Мактаби олии СССР. Барои муваффақиятҳои шоиста дар фаъолияти меҳнатӣ»,
- Медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин»,
- Медали «Ветерани меҳнат»,
- Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1996),
- Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1967).
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Даргузашти забоншиноси варзида Мукаррама Қосимова. asiaplustj.info. ASIA-Plus. 2 октябри 2020 санҷида шуд.
- ↑ Қосимова Мукаррама Набиевна // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 341. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.
- ↑ Н. Солеҳов, Р. Салимов, М. Абдуллоев. Муҳаққиқи дақиқкор. www.jumhuriyat.tj. Нашрияи расмии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият". 2 октябри 2020 санҷида шуд.
- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
Пайвандҳо
вироиш- Сомонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Профессор Мукаррама Қосимова 85-сола шуд(тоҷ.). kmt.tj. 11 марти 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Январ 2021.