Абуҳомид Муҳаммади Ғазолӣ

(Тағйири масир аз Муҳаммади Ғазолӣ)

Абӯҳомид Аҳмад ибни Муҳаммади Ғаззолии Тӯсӣ (ар. ابو حامد محمد بن محمد الغزالى‎, машҳур ба Муҳаммади Ғаззолӣ; 1058, Тӯс — 19 декабри 1111, Тӯс) — мулаққаб ба «Ҳуҷҷату-л-ислом» (1058, Тӯс –1111, ҳамон ҷо), мутафаккири бузурги форс-тоҷик.

Абуҳомид Муҳаммади Ғазолӣ
араб. ар. أبو حامد محمد بن محمد الغزالي
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: файласуф, мутакаллим, зиндагиноманавис, шоир, фақеҳ, journal editor, рӯзноманигор, сӯфӣ
Таърихи таваллуд: 1058[1][2] ё тақрибан 1056[3]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 19 декабр 1111
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Кишвар:
Эътиқод: ислом, суннӣ, тасаввуф ва ашъарӣ[6][7]

Фаъолияти динӣ
Самти фаъолият: фалсафаи исломӣ, илоҳиёт, тасаввуф, илми калом ва ахлоқи исломӣ[d]
Корфармо:
Ҷойи кор: Сурия[8]
Устодон: Абдулмалики Ҷувайнӣ[4] ва Абуалии Формадӣ[5]
Шогирдон: Абубакр ибни Арабӣ
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Зиндагӣ

вироиш

Ғаззолӣ дар оилаи шахси ҳунарманд (ғаззол-бофандаи матоъҳои пашмин) ва аҳли илм тарбият ёфтааст. Маълумоти ибтидоиро дар Тӯс гирифта, сипас таҳсилро дар ҳамин ҷо дар мад­­раса идо­ма дод. Фиқҳро аз Муҳаммади Розиқонӣ омӯхт, сипас шогирди фақеҳи шофеӣ Исмоили Ҷурҷонӣ шуд. Инчунин дар назди дигар донишмандони замонааш илм аз бар намуда, дар фиқҳ, мантиқ ва дигар илмҳои замонааш забардаст шуд. Низомулмулк Ғаззолиро мударриси мадрасаи Ни­зомияи Бағ­дод таъйин намуд. Баъди кушта шудани Низомулмулк (1092) аз тадрис даст кашида, муддате гӯ­ша­нишинӣ ихтиёр кард ва ба ноумедию парешонҳолӣ ва беморӣ мубтало гардид. Бо маслиҳати табибон соли 1095 аз Бағдод ба Ди­мишқ (дар он ҷо 2 сол иқомат кард), си­пас ба Байтул­му­қаддас ва Маккаву Мадина сафар кард. Баъди бозгашт чанде дар мадрасаи Низомияи Ни­шопур ба тад­рис пардохт, сипас ба Тӯс омада, то охи­ри умр дар мад­расаи он ҷо ба тадрис маш­ғул гардид.

Аз Ғаззолӣ осори зиёде ба форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ ба ёдгор мондааст, ки онҳоро дар марҳалаҳои мух­­талифи зинда­ги­аш таълиф кардааст. Теъ­­доди асар­ҳои ӯро аз 48 то 457 адад зикр кардаанд, ва­ле бисё­ре аз онҳо шояд та­қал­лубӣ бошанд. Абдурраҳмони Бада­вӣ дар «Му­ал­ла­фо­ту-л-Ғаззолӣ» аз ин теъдод 72 ном­гӯй­ро қатъан моли Ғаззолӣ донис­та, бо­қи­мон­да­ро машкук хондааст. Му­ҳим­­тарин таълифоти Ғаззолӣ «ал-Ваҷиз фи-л-фурӯъ», «ал-Иқ­тисод фи-л-эъти­қод», «Ил­­ҳому-л-аъ­вом ан илми-л-калом», «Ки­­миёи саодат», «Мақосиду-л-фало­сифа», «ал-Мун­қиз мина-з-за­лол», «ал-Мус­тас­фо», «ал-Мус­таз­ҳирӣ», «Наси­ҳату-л-му­лук», «Та­ҳо­футу-л-фало­си­фа», «Эҳ­ёу улу­ми-д-дин» мебошанд. Бах­ши умдаи ин таълифотро баҳсҳои ӯ бо машшоиён, ис­моилиён (ботиниён) ва масеҳиён ташкил намуда, иддаи дигар ба илмҳои ахлоқ, фал­сафа, ман­тиқ, усул, фиқҳ, сиё­сат ва Ғаззолӣ марбутанд.

Ақида

вироиш

Аз ҷум­лаи масъа­лаҳои баҳ­сии фалсафие, ки ӯ ба онҳо диқ­қат додааст, аза­лӣ (қадим) будани олам ва замону макон, Аллоҳ ва сифоти ӯ, офариниши олам ва маърифати ну­ҷум аз тариқи ғайб, ҷавҳару нафс, маод ва Ғаззолӣ мебошанд. Як қис­ми асарҳои ӯ ба масъалаҳои фиқҳ ва тасаввуф бахшида шудаанд. Ғаззолӣ дар соҳаи табииёт таҳ­қи­қо­ти ҷолиби диқ­қа­те анҷом надода бошад ҳам, дар баҳс­ҳои каломӣ ва фалсафии худ ба улуми табиӣ борҳо муро­ҷиат намудааст.

Ақоиди Ғаззолӣ гуногунранг, баъзан зиддиятноканд. Ӯ, аз як тараф, мақоми ақлро дар маърифат маҳдуд менамояд, аз та­рафи дигар, ҳақиқати динро бо воситаи ақл кашф кардан мехоҳад; аз як тараф, ба фалсафа ҳуҷум оварда, онро зери танқид мегирад, аз тарафи дигар, далелҳои фалсафиро дар исботи таълимоти дин истифода мебарад; ақоиди фалсафиро рад карда, дар боби сифатҳои Ал­лоҳ, зоти рӯ­ҳонӣ, ис­боти офариниш ва охират боз ба фалсафа му­роҷиат мекунад, дар айни замон ба тасаввуфи амалӣ рӯй меорад.

Муносибат ба илм

вироиш

Дар табақабандии илмҳо, ки Ғаззолӣ дар чаҳорчӯби тақсим­бандии аҳли тасаввуф анҷом додааст, тамоми паҳлуҳои илмҳои даврони мутафаккир мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Дар он назарияи маъмуле, ки дар фарҳанги ис­ломӣ ҷой дошт ва мутобиқи он илм, аз як сӯ, ба имон ва аз сӯи дигар, ба амал пайванд дода мешуд, таъсири амиқ дошт. Ғаззолӣ илмро ба ду бахш (илми муомала ва илми мукошафа) ҷудо карда, илми муомаларо марбут ба инсонҳои муқаррарӣ ва илми мукошафаро марбут ба анбиё медонад. Илми муомала низ дар навбати худ ба ду бахш (ил­ми зоҳир ва илми ботин) ҷудо мешавад. Илми зоҳир илми амалҳои бадани инсон буда, ё ибодат аст, ё одат. Илми ботин илмест, ки марбут ба амалҳои дил бу­да, мамдӯҳ (ситуда) ё мазмум (накӯҳида) аст. Таба­қа­бан­дии илмҳо аз нигоҳи Ғаззолӣ ба меъёрҳои ахлоқӣ (хубу бад) ва мактабӣ (ҳақ­қу ботил) асос ёфтааст. Мутобиқи табақа­бан­дии Ғаззолӣ илм­ҳое, ки шаръӣ нестанд, ба се гурӯҳ: ситуда, накӯҳида ва мубоҳ (раво) ҷудо мешаванд. Мутафаккир ба гурӯҳи илм­ҳои накӯҳида сеҳр, ҷоду, тилисмот, шаъбада, фиреб­га­рӣ ва ба илмҳои мубоҳ таърих ва шеърро дохил кардааст. Илмҳои шаръӣ ду қисманд: хуб ва бад. Илмҳои хуб ба чаҳор навъ ҷудо мешаванд: усул (Қуръон, суннат, иҷмоъи уммат ва осори саҳоба, қиёс), фурӯъ (фиқҳ, илми аҳволи дил ва ахлоқи хуб), муқаддамот (илми наҳв ва луғат) ва мутаммимот (илми таҷвид, қироат, усули фиқҳ, илми риҷол).

Фалсафа

вироиш

Ғаззолӣ дар табақабандии илмҳо фалсафаро ҳамчун илм нишон надода, таъкид мекунад, ки он илми ҷудогона не, балки маҷмӯи ҷузвҳои чаҳоргона (ҳандаса ва ҳисоб, ман­тиқ, илоҳиёт, табииёт) аст. Ӯ фалсафа ва динро бо ҳам ба­ро­бар надониста, балки фалсафа (хусусан маш­шоия)-ро як навъ гумроҳии фикрӣ хондааст. Аз ин рӯ, манзур аз «фал­сафаи Ғаззолӣ» услуби исботи ақоиди дин, ахлоқ ва ҷо­меаи исломӣ, фалсафаи илоҳиёт аст. Ғаззолӣ аз рӯи эътиқоди худ сун­нии шофеимазҳаб, ашъаримаром мебошад. Ӯ мутакаллимест, ки дини ислом ва мазҳаби ашъариро ба пояи баланди ҳикмату фалсафа расондааст. Ғаззолӣ сис­темаи фиқҳи имом Шофеиро бо ғояҳои тасаввуф, равияи муътадили та­сав­вуфиро ба фиқҳ алоқаманд сохтааст. Ғаззолӣ дар аввали умраш каломро илми ягона ва асосӣ дар фаҳми маъ­ни­ҳо­ву дарки моҳияти таълими дин медонист. Баъди он ки Ғаззолӣ фалсафаро хеле амиқ омӯхт, ба радди ақидаҳои файласуфон пар­дохт. Мутафаккир маҷмӯи масъалаҳои фалсафаро дар бист масъала гирд оварда, мавриди муҳокима қарор дод ва ба чунин хулоса омад, ки аксари онҳо мухолифи ақи­даи ислом, алалхусус ақи­даи аҳли суннат ва ҷамоат мебошанд. Ғаззолӣ дар 17 масъала, аз қабили эътиқоди фалосифа бар он ки илми нуҷум аз ғайб мутталеъ аст, нуфус (ҷон­ҳо)-и инсонӣ баъд аз адам (нестӣ) мустаҳал мешаванд, ақидаи файласуфонро бидъат шумурд. Ғаззолӣ ақидаи файласу­фонро дар мавриди се мас­ъала куфр мешумурд. Яке қав­ли файласуфони машшоъ бар қидами олам, дигар он ки Аллоҳ куллиётро медонад, на ҷузъиётро ва ниҳоят, қавли онҳо дар бораи ҳашри арвоҳ бе аҷсод, яъне инкори маоди ҷисмонӣ.

Калом

вироиш

Аз нигоҳи Ғаззолӣ, илми калом ҷузъе аз фалсафа буда, бояд танҳо барои рад кардани шакку шубҳа ва гумон, ҳимоя аз ақидаҳо ва фурӯ нишондани шиддати беэътиборӣ ва но­писандӣ, инчунин нигаҳдории қалбҳои оммаҳои мардум ба кор бурда шавад. Ғаззолӣ илми каломро чунин таъриф кардааст: «Илми калом дар зот ва сифоти қадим ва сифоти ақлии Борӣ таъоло ва дар аҳволи анбиё ва аимма (имомон) ва дар мавту ҳаёт ва қиёмат ва баъсу ҳашр ва ҳи­собу руъ­яти Худо аст». Ғаззолӣ мутакаллимонро ба пос­бонҳо монанд кардааст, ки агар дуздон набошанд, зарурат ва ҳоҷат ба посбонон низ намемонад. Ҳамчунин агар бидъатгузорон ва шаккушубҳадорон намешуданд, барои мутакаллимон низ дар ҷомеаи мусулмонон ҷой пайдо намешуд. Дар низоми табақабандии илмҳо Ғаззолӣ ба илми фиқҳ мавқеи поинро муносиб дониста, онро илми дунявӣ мешуморад ва дар канори илмҳое чун тиб ва ситорашиносӣ қарор медиҳад, танҳо бо ин тафовут, ки фиқҳ, аввалан, хусусияти шаръӣ дорад, сониян, бар хилофи илми тиб, ки фақат барои беморон зарур аст, ба он тамоми равандагони роҳи охират эҳтиёҷ доранд ва солисан, илмест, ки ба илми роҳи охират қаробат дорад.

Тасаввуф

вироиш

Дар муқобили интиқоди фиқҳу калом ва фалсафаи маш­шоъ ҳусни таваҷҷуҳ ва майли Ғаззолӣ ба ирфону тасаввуф ва одо­бу ахлоқи он бармало ба назар мерасад. Вай пас аз омӯ­зи­ши осори файласуфони машшоимаоб ва бо­тиниён ба тасаввуф рӯй оварда, таълифоти намояндагони бузурги он­ро аз худ намуд. Мутафаккир муддати даҳ сол ба хилвату риёзат бо нафсу тасфияи ботини хеш машғул гашт. Ғаззолӣ дармеёбад, ки «суфиён аз пештозони халқ ба сӯи Худоянд ва сираташон некутарини сиратҳо ва роҳашон дурусттарини роҳҳо ва ахлоқашон покизатарини ах­лоқ­ҳо аст... Ҳамаи ҳаракоту саканоти зоҳир ва ботинашон муқ­та­бас аз нури чароғдони нубувват аст» («ал-Мунқиз ми­на-з-залол», саҳ. 49). Ғаззолӣ дар бақову мавҷудияти суфи­гарӣ ҷаҳлро қабул надошт, балки онро зараровар дониста, тасаввуфи олимони солеҳ ва орифони бузургро меписандид, ҳамзамон суфинамоёнро ошкоро ба расвоӣ мекашид.

Аксари масоили илоҳиёти осори Ғаззолӣ доир ба Аллоҳ ва ваҳдати ӯст. Аз нигоҳи мутафаккир Аллоҳ мавҷудест, ки ба иллате эҳтиёҷ надорад, балки худ сабаби тамоми ашё буда, вуҷудаш ба воситаи ақл дониста мешавад, Ӯ нахустсабаби ҳамаи чизҳост. Аллоҳ ягона аст, дар ву­ҷу­ди Ӯ дутоӣ нест. Аллоҳ ба зот ва ҳамаи сифоташ қа­дим аст, Ӯ холиқи олам аз адам буда, оламро ба ихтиёр ва иро­дааш офаридааст. Аллоҳ доност ба ҳар чиз: ҳам ба кул­лиёт ва ҳам ба ҷузъиёте, ки то олам вуҷуд дошт ва баъд аз он ҳам вуҷуд хоҳад дошт. Тамоми неъматҳо аз Ӯст. Малоика ҳақ­канд, Лавҳи Маҳфуз низ ҳақ буда, тамоми коинот собит дар он аст. Ҳамаи пайғамбарон аз тариқи ғайб аз вуҷуди Лавҳи Маҳфуз огоҳӣ доранд, ба анбиё ваҳй нозил мешавад. Нубувват ҳақ аст ва аз тарафи Худост. Аллоҳ анбиёро аз асрори замину осмонҳо огоҳ месозад ва онҳо мардумро ба сӯи Худо ҳидоят менамоянд. Пайғамбарон дорои муъҷизотанд, мисли асои Мусо, дами Исо (зинда шудан баъди марг), шаққ (ду пора шудан)-и қамар (Му­ҳам­мад), дар оташ насӯхтан (Ибро­ҳим) ва Ғаззолӣ.

Андешаҳо дар бораи офариниш

вироиш

Маҷмӯи назариёти Ғаззолӣ дар бораи олам бо таълимоти навафлотуния ва мактабҳои он алоқаманд аст. Ба фикри ӯ нахустин чизе, ки аз воҳид содир шуд, ақл аст. Худо онро ба амри Худ эҷод кард. Ақл муқаддам бар модда аст ва ин тақаддум зотист, на замонӣ. Баъд аз ақл нафс аст ва он бар нафс ба зоташ муқаддам аст, на аз рӯи замон ва макон ё модда. Дар нисбати офариниши олам гӯяд, ки се олам ву­ҷуд дорад: олами мулк ва шаҳодат, олами малакут ва олами ҷабарут. Олами малакутро Худо ба амри аза­лии худ офа­ридааст, олами ҷабарут миёни ин ду олам аст. Аз як ҷиҳат ба олами мулку шаҳодат (маҳсусот) во­бас­та аст, аз ҷиҳати дигар ба олами малакут («Эҳёу улу­ми-д-дин», с. 85).

Ғаззолӣ инсонро ба се унсур: нафс, рӯҳ ва ҷисм тақсим кардааст. Аз нигоҳи ӯ нафс ҷавҳари қоим ба зоти худ буда, ҳеч мавзеъ ишғол намекунад ва бо чизе махлут намегардад, он рӯҳонии маҳз ва ҷавҳари латиф мебошад. Нафс ба­ситу ғайримураккаб аст, аз ин сабаб аз байн намеравад ва бо нестии тан нест намешавад. Ақидаҳои Ғаззолӣ дар бораи нафсу тан бо ақидаи файласуфон аз бисёр ҷиҳот мухолифат дорад.

Ғаззолӣ дар масъалаи ҳақиқати ақлу нақл ва таносуби байни онҳо муфассал баҳс менамояд. Ӯ қудрати ақлро дар шинохти неку бад ва ҳалолу ҳаром инкор намекунад, вале таъкид менамояд, ки амали дуруст нисбат ба ин корҳо ба воситаи шариат ба даст меояд. Инсон ба воситаи ақл не­ку бадро мефаҳмад, вале риояи аъмоли некро шариат ҷо­рӣ мекунад. Байни ақлу нақл пайванди ногусастанӣ ву­ҷуд дорад. Ин ҳар ду ба инсон заруранд ва агар ақл ба хайр пайвандад, нуран ало нур мешавад. Ғаззолӣ зимни радди ақи­даи муътазила, ки ақлро ҳаками асосии ҳақиқат медонист, баён доштааст, ки паёмбар (с) дар таносуби ақлу нақл нақл­ро бар ақл тарҷеҳ медиҳад ва умуре, ки ба воситаи ин ҳар ду дониста мешаванд, се намуданд: он чи ба воситаи нақл дониста мешавад, он чи ба воситаи ақл дарёфта мешавад ва он чи ба воситаи ҳар ду. Бо ҳамин Ғаззолӣ нақлро дар мартабаи баландтар аз ақл қарор медиҳад.

Аз нигоҳи Ғаззолӣ, дар масъалаи тақдир мусулмонон ду гу­рӯҳ шуданд. Яке аз онҳо муҷаббира (ҷабариҳо) мебошанд, ки роҳи инкори қудрат ва озодии бандаро дар аъмолаш пеш гирифтаанд. Ба қавли онҳо, ҳар амали банда қаблан таъйин шуда, афъоли ӯ ба иродаи Аллоҳ вобаста аст, яъ­не ҷабариҳо дар рафтору кирдори инсон сарнавиштро ба асос мегиранд. Доир ба ин масъала Ғаззолӣ мегӯяд, ки тамоми мушкилот ба иродаи Аллоҳ вобаста аст, зеро ҳама чизи ҳодис (халқшуда) ҷузви мумкинот аст, феъли банда ҳо­дис аст, пас, он дар итоати Аллоҳ аст. Итоат ба иродаи Ал­лоҳ касро ба хулосае меорад, ки аз ду қудрати мавриди назар (қудрати Аллоҳ ва инсон) яке муқтадир аст. Аз ин нуқтаи назар Аллоҳ ихтироъгари тамоми аъмоли инсон аст (агар Аллоҳ қудрате дар инсон бар феълаш халқ накунад). Вале Аллоҳ касби амали некро бар инсон имконпазир гардонид. Назарияи «касб» ё «иктисоб», ки бар­гирифта аз Ашъарӣ аст, аз фатализми қатъӣ пешгирӣ кар­да, дар айни замон имкон медиҳад, ки Худо масъули рафтори баду зишти инсон набошад.

Ҷойгоҳи афкори Ғаззолӣ

вироиш

Ғаззолӣ бар ҳамаи риштаҳои маорифи исломӣ иҳота дошт ва уламову донишмандону адибони на танҳо замони зиндагии мутафаккир, балки асрҳои баъд низ дар зери нуфузи фикрии ӯ қарор гирифта, ҳамагон пойбанду шефтаи осору каломаш гаштаанд. Ҳамин нубуғи фикриву илмии Ғаззолӣ аст, ки ӯ ба ҳайси яке аз бузургтарин мутафаккирони ҷа­ҳони ислом ва муҷаддид (эҳёгар)-и дини ислом дар қарни панҷуми ҳиҷрӣ шинохта шудааст.

Фаридуддини Аттор дар васфи Ғаззолӣ гуфтааст:

Садре, ки зи илми олами аллом аст,

Дар кулли ҷаҳон ягонаи айём аст.

Кони гуҳари олами ҷон Ғаззолӣ,

Дарёи улум, Ҳуҷҷатулислом аст.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Муҳаммад Ғаззолӣ. Кимиёи саодат, Тош., 1890;
  • Фарҳанги Деҳхудо, Теҳрон, 1377;
  • Фарҳанги форсӣ, Теҳрон, 1963;
  • Фарҳанги Амид, Теҳрон, 1966;
  • Вожаномаи мусиқии Эронзамин, Теҳрон, 1375.