Муҳаммадризо Паҳлавӣ

Охирин шоҳи Эрон
(Тағйири масир аз Муҳаммадризои Паҳлавӣ)

Муҳаммадризо Паҳлавӣ (26 октябр 1919[1][2][3][…], Теҳрон[1]27 июл 1980[2][3][4][…], Қоҳира) — шоҳи охирини Эрон аз сулолаи Паҳлавӣ. Унвони пуррааш Аълоҳазрат Шоҳаншоҳ Ориёмеҳр (унвони низомияш "Бузургартишторон" ва хитобаш "Аълоҳазрати Ҳумоюн").

Муҳаммадризо Паҳлавӣ
форсӣ: محمد رضا پهلوی‎
16 сентябр 1941 — 11 феврал 1979
Пешгузашта Ризо Шоҳ[d]
Таваллуд 26 октябр 1919(1919-10-26)[1][2][3][…]
Даргузашт 27 июл 1980(1980-07-27)[2][3][4][…] (60 сол)
Мадфан
Дудмон Дудмони Паҳлавӣ
Падар Ризо Шоҳ[d]
Модар Тоҷ ул-Мулук[d]
Ҳамсар Фавзия бинти Фуъод[d], Сурайё Исфандиёрӣ Бахтиёрӣ[d] ва Фараҳ Дибо[d]
Фарзандон Шаҳноз Паҳлавӣ[d], Ризо Паҳлавӣ, Farahnaz Pahlavi[d], Ali Reza Pahlavi[d] ва Leila Pahlavi[d]
Таҳсилот
Эътиқод шиъа
Соядаст
Ҷоизаҳо
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Дар замони ҳукмронии Мухаммадризо ғарбикунонии Эрон зиёд шудан мегирифт, қадамхо ба сӯи ҳуқуқҳои занҳо баробар шуд, ки ин вазъи номусоидии мусулмонони шиамазҳаб мегардид. Ӯ алокахояшро бо анъанаҳои исломи кандан мехост хатто солшумории ҳиҷрӣро каме вакт ба солшумори аз замони Ҳахоманишиён 2595 соли шоҳаншоҳи эълон карда буд, баъд маҷбур шуд ки ин навовариро барҳам диҳад. Инқилоби исломии соли 1979 ҳокимияти шоҳаншоҳиро сарнагун мекунад ва шоҳ маҷбур мешавад ватанро тарк карда дар бадарғагӣ зиндагони кунад ва соли дигараш вафот мекунад, бар сари давлат пойдеворони исломи бо сарварии Оятулло Ҳумайнӣ омада дар инқилоб ғалаба мекунад ва давлати наве бо номи Ҷумҳурии Исломии Эрон ташкил меёбад.

  • Мухаммадризо Паҳлавӣ 26 октябри соли 1919 дар шаҳри Теҳрон дар оилаи полковник Ризо-хон ки он вақт сардори бригадаи казармии Форс, баъдтар вазири мудофиа ва Сарфармондеҳи қувваҳои олии мамлакат буд, таваллуд шуд.
  • * Дар соли 1925 Ризо-хон Аҳмадшоҳи Каҷориро фурӯ нишонд ва худаш ба сари қудрат омада ба сулолаи худ насаби Паҳлавӣ номгузорӣ кард.
  • Солҳои 1925—1930 Мухаммадризо Паҳлавӣ дар бахши кадетии Форс, баъдтар дар мактаб-пансиони Institut le Rosey дар Шветсария, сол 1936—1938 дар омӯзишгоҳи афсарии Теҳрон таҳсили илм карда буд.

Ҷанги дуюми ҷаҳони ва оғози ҳукмронӣ

  • Моҳи сентябри соли 1941 баъд аз ишғоли Эрон аз тарафи сарбозони Русия ва Англия ва бадарғагии падараш Мухаммадризо Паҳлавӣ шоҳаншоҳи Эрон эълон мешавад ва хоҳиши ҳамкорӣ бо Англия ва ИҶШС мекунад ва соли 1942 бо ин мамлакатҳо шартномаи сулҳ мебандад. 9 сентябри соли 1943 шоҳ бо қарори худ бо Олмони фашистӣ ҷанг эълон мекунад. Соли 1946 сарбозони Шуравӣ аз шимоли Эрон бароварда шуданд.
  • Шоҳ ба идора кардани давлат таҷрибаи бойе надошт ва ҳукумат дар дасти парлумон буд.
  • 4-уми феврали соли 1949 ҳангоми ташриф ба Донишгоҳи Теҳрон ба шоҳ аз тарафи Фахр-Арай амали суиқасд анҷом дода шуд. Шоҳ каме рӯяш ярадор шуда буд Фахр-Арайро баъд дар ҷояш мепарронанд. Дар Эрон ҳолати фавқулодда эълон шуда буд ҳамон одамкуше, ки ба ҷони шоҳ амали куштор анҷом дода буд ҳизбе ки ӯ аъзояш буд ғайриқонуни эълон карда буданд.
  • Муҳаммадризо Паҳлавӣ 16 январи соли 1979 аз сабабе, ки дар мамлакат тазоҳуротҳо норозигиҳо нисбати ҳукумати шоҳӣ авҷ гирифта буданд шоҳ мамлакатро тарк мекунад. Аввал ӯ ба Миср меравад ва меҳмони президенти Миср Анвар Содот мешавад. Баъд ба Марокаш рафта сипас ба Панама, Мексика ки дар он ҷо бо намояндаи Британияи Кабир мулоқот оид ба дар Англия зисту зиндагонӣ кардан хидмат мепурсад вале сарвазири Англия Маргарет Татчер нисбати ӯ ба маликаи Англия бадгӯи мекунад. Баъдтар ба ИМА омада худро табобат мекунад, ки ин ба боз ҳам баланд шудани авҷи зиддишоҳӣ дар Эрон гардида Сафорати ИМА дар Теҳронро ба муҳосира мегиранд, ки онҳоро то 444 рӯз нигоҳ медоранд баъд бо созишномаи Алҷазоир озод мекунанд. Шоҳ ба Коҳира омада аз сабаби бемориаш 27 июли соли 1980 вафот мекунад ва ӯро дар масҷиди «Ал-Рифои»-и ш. Коҳира дафн мекунанд.
  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Мохаммед Реза Пехлеви // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Discogs (ингл.) — 2000.
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  4. 4.0 4.1 Gran Enciclopèdia Catalana (кат.)Grup Enciclopèdia, 1968.