Амир Олимхон
Саид Муҳаммад Олим Хон (форсӣ: سید میر محمد امیر عالم خان; 3 январ 1880, Бухоро, генерал-губернатории Туркистон — 28 апрел 1944, Кобул) — амири охирини аморати Бухоро, амири даҳуми сулолаи ӯзбекӣ-Манғития ,(солҳои 1910—1920).
ӯзбекӣ: Said Mir Muhammad Olimxon Mangʻit ӯзбекӣ: سعید میر محمد امیر عالمخان منغیت | |
10 январи 1911 — 30 августи 1920 | |
Пешгузашта | Абдулаҳадхон |
Ҷонишин | вазифа аз байн рафт |
соли 1908 — соли 1910 | |
Подшоҳ | Абдулаҳадхон |
соли 1898 — соли 1908 | |
Подшоҳ | Абдулаҳадхон |
Таваллуд |
3 январ 1880 |
Даргузашт |
28 апрел 1944 (64 сол) |
Мадфан | |
Дудмон | Манғит[d] ва Манғития |
Падар | Абдулаҳад |
Таҳсилот | |
Эътиқод | ислом ва суннӣ |
Ҷоизаҳо | |
Навъи артиш | Terek Cossacks[d] |
Рутба | Svita[d], генерал-лейтенант, Генерал-адютант, khorunzhy[d], Артиши Русияи подшоҳӣ[d], Fliegel-Adjutant[d], полковник ва генерал-майор |
Фармондеҳӣ | Артиши Аморати Бухоро[d] |
Набардҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишАмир Олимхон аз сулолаи Манғития дар давлати аморати Бухоро буда, аз рӯи шумур подшоҳи даҳуми ин сулола аст. Асосгузори ин сулола Раҳим хон ибни Ҳаким ибн Худоёрхон аст. Амир Олимхон соли 3 январи 1880 таваллуд ёфтааст ва то 12 солагиаш дар Бухоро буд. Ва баъд аз он падараш амир Абдулаҳад ӯро барои хондан ба Санкт-Петербург фиристод. Ӯ дар он ҷо 4 сол таҳсил намуда, каму беш забони русиро аз худ кардааст. Баъд аз баргаштан ба ватан амир Абдулаҳад, ӯро ҳокими Қарши таъйин мекунад. Барои кумак ба ҳокими ҷавон дар назди ӯ оқсакол Усмонбек низ буд. Баъд аз чанд муддате Олимхон ҳокими Кармина таъийн мешавад. Лекин дар пойтах ш. Бухоро соли 1910 задухӯрди хунин ҷонибдорони мазҳаби байни суннӣ ва шиъа рӯ медиҳад ва Олимхон ба Бухоро бармегардад. Амир Олимхон ба ҷои падараш соли 1329 ҳиҷри мутобиқ ба соли 1910 милодӣ ба тахти аморати Бухоро нишаст. Давраи ҳукмронии Амир Олимхон хеле мушкил барои халқ буд. Халқ аз ҳукмронии ӯ норизо буданд. Дар ҳудуди аморати Бухоро тез-таз шӯришҳои халқӣ сар мезад, ки онҳо бераҳмона пахш карда мешуданд. 2 сентябри соли 1920 дар натиҷаи ғалабаи инқилоби халқӣ ҳукумати Муҳаммад Сайид Олимхон сарнагун карда шуд ва ӯ ба Бухорои Шарқӣ фирор карда, аз он ҷо соли 1921 ба Афғонистон гурехт ва дар он ҷо вафот кард.[1]
Дар муҳоҷират бо савдои пӯсти қароқулӣ дар шаҳри Кобули Афғонистон рӯз мегузаронид. Ҳисоби бонкиаш (зиёда аз 27 млн рубли тилоии русия) аз ҷониби ҳукумати ИҶШС баста шуда буд, Дар бонкҳои Британияи Кабир ва Фаронса инчунин, зиёда аз 150 млн рубл пасандоз дошт. Ӯ дар ш. Кобул 5 майи соли 1944 аз олам чашм пушидааст[2].
Эзоҳ
вироиш
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |