Муҳаммад Қазвинӣ
Аллома Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоби Қазвинӣ машҳур ба Аллома Қазвинӣ (форсӣ: محمد قزوینی; 1877, Теҳрон — 27 майи 1949, Теҳрон) — адиб, пажӯҳишгар, мусаҳҳеҳи матнҳои куҳан, мутарҷим ва рӯзноманигори эронӣ; бунёдгузори таҳқиқоти илмӣ дар Эрон.
Таърихи таваллуд | 1874 ё 27 май 1877 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 27 май 1949 ё 1949[1] |
Маҳалли даргузашт | |
Фазои илмӣ | забоншиносӣ |
Ҷойҳои кор | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагӣ
вироишМуҳаммад Қазвинӣ дар ёздаҳуми фарвардини соли 1256 хуршедӣ (мутобиқи 31-уми март ё 1-уми апрели 1877 мелодӣ) дар Теҳрон дар маҳаллаи Дарвозаи Қазвин ба дунё омад. Падару аҷдодаш аз аҳли қаламу фарҳанг буданд. Падарбузурги ӯ Мулло Абдулалии Қазвинӣ аз донишмандони Қазвин буд. Падараш Мулло Абдулваҳҳоби Қазвинӣ маъруф ба «Мулло оқои Қазвинӣ» аслан аҳли блоки Башориёт (акнун бахши Башориёт) буд, ки бо кӯшиши шахсӣ соҳиби мартабае дар донишу адаб шуд ва ба Теҳрон омаду дар мадрасаи Маъирулмамолик дарс медод.
Падари Муҳаммади Қазвинӣ дар соли 1267 (1889) даргузашт. Муҳаммад дар ин замон дувоздаҳсола буд ва ба кумаки Шамсулъуламо ба ҷойи падар дар тадвини номаи донишварон ширкат кард, то кумаки маоши хонавода бошад. Ӯ сарфу наҳв ва фиқҳу калому ҳикматро нахуст назди падар ва сипас назди устодони дигар, монанди Шайх Фазлуллоҳи Нӯрӣ ва Мирзо Ҳасани Оштиёнӣ ва Мулло Муҳаммадм Омулӣ таҳсил кард. Ӯ аз маҳзар Адиби Пешоварӣ ва Шайх Ҳодии Наҷмободӣ низ бархӯрдор шуд. Дар мадрасаи Маъирулмулк ҳуҷрае гирифту талаба шуд. Зери назари Шамсулъуламо дар улуми исломӣ ва ҳайату риёзиву таъриху таърихи адаб ва риҷолу ъарӯзу қофия мутабаҳҳир шуд. Баъд дар мадрасаи Олиёнси Теҳрон ба фарогирии забони фаронсавӣ пардохт. Ҳамчунин ба омӯзиши арабӣ ба дӯстон ва ошноёни ҷавони худ пардохт. Фарзандони Шайх Фазлуллоҳи Нӯри Зиёъуддин ва Мирзо Ҳодӣ муддати се сол наҳв[2] ва Муҳаммадалии Фурӯғиву бародараш Абулҳасани Фурӯғи аз ӯ арабӣ омӯхтанд. Падари Фурӯғиҳо, яъне Мирзо Муҳаммадҳусайни Фурӯғи ӯро ба ҳамкорӣ дар рӯзномаи «Тарбият» ташвиқ кард ва ӯро бо равиши кору таҳқиқи адабиву таърихии аврупоиён ошно сохт. Ба зудӣ шуҳрате дар заминаҳои мухталифи адабӣ пайдо кард ва ба хусус дар наҳви арабӣ чеҳраи шохис шуд. Дар таълифи бахши таърихи ислом дар китоби «Таърихи муфассали Эрон», ки китоби дарсии мадорис буд, ширкат дошт. Қазвинӣ илова бар тасҳеҳи интиқодии матнҳо ва ёддоштнависӣ пиромуни матнҳои адабӣ ва муаллифони онҳо, пажӯҳишҳои арзишманде низ анҷом дод, аз ҷумла «Рисолае дар шарҳи ҳоли Масъуди Саъди Салмон» ва рисолае дар шарҳи аҳволи Шайх Абулфутуҳи Розӣ. Ӯ ҳамчунин тарҷумае аз «Лавоеҳ»-и Ҷомиро ба фаронсавӣ анҷом додааст. Дигар китоби ӯ «Масоили Порисия» аст, ки ба рӯзгори пурмоия ӯ дар Порис иртибот дорад ва номаҳою ёддоштҳоеро дар бар мегирад, ки дар тули моҳҳои зиёд навишта шудаанд. Ёддоштҳо шомили мавзуоти гуногуни фарҳангӣ, таърихӣ, адабӣ ва ҳунаристанд. Ҳамчунин Қазвиниро падари илми китобшиносӣ дар арсаи адабиёти форсӣ медонанд. Ӯ беш аз 36 сол аз умри худро сарфи мутолаъа, муқояса ва нусхабардорӣ аз нусхаҳои хаттӣ дар китобхонаҳои машҳуриҷаҳон кард. Қазвинӣ забони фаронсавиро хуб медонист, бо забони олмонию инглисӣ ба мизони кофӣ ошно буд ва забони сурёниро дар Аврупо омӯхт. Ҳамчунин таърихи муғулро эҳё кард ва таҳқиқи комил дар ҷараёни исмоилия анҷом дод; бино бар мутолаъаи зиёд дар ин ҳавза луғати туркии муғулиро аз бар карда буд.
Сафар ба Ландан
вироишДар соли 1283 хуршедӣ (1904) ба даъвати бародари худ, ки он замон дар Ландан буд, ба қасди дидор аз китобхонаи азими Ландан ва нусхаҳои қадимии нафиси он, аз роҳи Русияву Олмону Ҳолланд раҳсипори Ландан шуд. Ба гуфтаи худаш «пас аз мушоҳидаи азамати китобхонаи он шаҳр ва тааммули он ҳама кутуби нафисаи нодира аз арабиву форсӣ ва ғайра, шавқи мутолиаи онҳо чунон бар ман ғалаба кард, ки беихтиёр аҳлу ватан ва хонаводаро намегӯям фаромӯш кардам, вале муваққатан хаёл онҳоро ба каноре гузордам.» [3]
Аллома Қазвинӣ дар даврони тӯлонии иқоматаш дар Аврупо ба пажӯҳишу баррасии нусхаҳои хаттии форсиву арабӣ дар марокизи пажӯҳишӣ машғул буд. Илова бар ин, бо марокизи шарқшиносии Аврупо ошно шуд ва саъй кард аз ин марокиз истифодаи лозимро бибарад. Марокизи шарқшиносии Англис, Фаронса ва Олмон аз ҷумлаи марокизе буд, ки вай дар онҷо таҷориби андӯхт.
Вафот
вироишМуҳаммад Қазвинӣ дар соли 1318 бо таваҷҷуҳ ба мушкилоте, ки атбоъи хориҷии муқим дар Аврупо ба иллати бурузи Ҷанги ҷаҳонии дувум гирифтори он шуда буданд, тасмим ба бозгашт ба Эрон гирифт ва баъд аз сиву шаш соли иқомат дар хориҷ аз Эрон, дар меҳрмоҳи он сол барои иқомати доим ба Эрон бозгашт. Дар Эрон низ тамоми авқоти ӯ сарфи мутолиъаву таҳқиқ ва тасҳеҳи мутуни куҳан мешуд. Тасҳеҳи «Девон»-и Ҳофиз бо ҳамкории Қосим Ғанӣ ёдгори давраи иқомати ӯ дар Теҳрон аст.
Аллома Муҳаммад Қазвинӣ дар 6-уми хурдоди соли 1328 (мутобиқи 27-уми майи 1949 мелодӣ) дар Теҳрон даргузашт ва дар мазори Шоҳ Абдулъазим дар канори мазори Абулфутуҳи Розӣ дафн шуд.
Муҳаммадтаққии Баҳор қасидаи маъруфи худро дар сӯги ӯ суруд, ки матлаъи он чунин аст:
Аз мулки адаб доъиядорон ҳама рафтанд,
Шав, бори сафар банд, ки ёрон ҳама рафтанд. [7]
Китобхонаи шахсии ӯ барои китобхонаи Донишгоҳи Теҳрон харидорӣ шуд.
Осор
вироишТасҳеҳ:
- «Марзбоннома»,
- «ал-Муъҷам фӣ маъоири ашъори-л-ъаҷам»,
- «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ,
- «Таърихи Ҷаҳонгушо»-и Ҷувайнӣ, «Девон»-и Ҳофиз ба ҳамроҳи Қосим Ғанӣ
- «Сиёсатнома»
Мақолот:
- «Бист мақолаи Қазвинӣ», ҷилди аввал (ба кӯшиши Иброҳим Пурдовуд),1307.
- «Бист мақолаи Қазвинӣ», ҷилди дувум (ба кӯшиши Аббос Иқболи Оштиёнӣ), 1313.
Номаҳо ва ёддоштҳо:
- «Номаҳои Қазвинӣ ба Тақизода» (ба кӯшиши Эраҷ Афшор),
- «Ёддоштҳои Қазвинӣ», дар 10 ҷилд (ба кӯшиши Эраҷ Афшор),
- «Масоили порисия», дар 4 ҷилд (ба кӯшиши Эраҷ Афшор ва Алимуҳаммад Ҳунар).
Эзоҳ
вироиш- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #1018372407 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.