Нигора Холова

овозхони тоҷик

Нигора Холова (тав. 25 декабр 1989, ноҳияи Рӯдакӣ, НТҶ, Тоҷикистон) — овозхони попи эстрадаи тоҷик. Духтари сароянда Исматулло Холов мебошад.

Нигора Холова
Нигора Холова
Ном ба ҳангоми таваллуд Нигора Холова
Таърихи таваллуд 25 декабр 1989(1989-12-25) (34 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Рӯдакӣ, Тоҷикистон
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон
Сабк мусиқии попи тоҷикӣ

Зиндагинома

вироиш

Нигора Холова 25 декабри 1989 дар ноҳияи Рӯдакӣ дар оилаи овозхони тоҷик Исматулло Холов таваллуд шудааст. Ӯ овони кӯдакиро низ дар ноҳияи мазкур паси сар намудааст. Нигора дар мактаби миёнаи рақами №1-и ба номи А.С.Пушкин таҳсил намуда соли 2005 онро хатм намудааст[1].

Эҷодиёт

вироиш

Нигора аз синни панҷсолагӣ ба сурудхонӣ оғоз намудааст. Ӯ ғолиби озмуни байналмилалии "Золотой птенец" -и сол гардид ва инчунин дар барномаи "Суруди сол" 2009,2010,2011 ва 2012 интихоб шуда,ҷоизаҳои гуногунро ба даст овардааст. Нигора Холова бо фаромни Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Хидмати шоиста» мушарраф гардонида шудааст[1]. Аввалин суруде, ки Нигора дар саҳна иҷро намудааст ин суруди «Гуям ё нагуя» мебошад, ки дар он вақт ӯ ҳамагӣ 11 сол дошт. Ин суруд Нигораро ба тоҷикистониён муаррифӣ намудааст. Ӯ то ҳол зиёда аз 50 сурудро бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва лаҳҷаӣ форсӣ иҷро намудааст.

Беморӣ

вироиш

Нигора аз хурдӣ ба бемории дил гирифтор буд ва дар беморхона табобат мегирифт. Ӯро дар беморхона президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки барои дидан аз вазъияти беморхона ба онҷо омада буд, дида аз бемории Нигора огоҳ шуд ва ба ӯ кумак намуд. Нигор имрӯз бо дастгирии президенти мамлакат шифо ёфта дар саҳна тоҷик дурахшон мебошад.

Падари Нигора Исматулло Холов ва бародараш Суруш Холов низ овозхонҳои машҳури тоҷик мебошанд. Нигора рӯзи 27 июн 2014 ба писари Зиёратшо Саъдулло – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳбоз, ки писархолааш мешавад ба шавҳар баромадааст. Дар маросими туй сарояндаҳои машҳури Тоҷикистон аз қабили: Садриддин Наҷмиддин, Шабнами Сурайё, Нобовар Чаноров ва дигарон иштирок намуданд. Нигора 12 феврали соли 2016 духтарчае таваллуд намуд, ки ба ӯ Амира ном гузоштанд[2].

Сурудҳо

вироиш
  • Бачаи ошиқ
  • Боз биё
  • Дарди ниҳон
  • Попурӣ
  • Санамҷон
  • Тани танҳо
  • Ҳамсоябача
  • Шабона
  • Шаҳр холӣ
  • Гуларусак
  • Асири ишқ...