Низоми боздорӣ ва мутақобила

Низоми боздорӣ ва мутақобила тақсими салоҳият байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки ба онҳо имконияти якдигарро назорат кардан медиҳад. Низоми боздорӣ ва мутақобила аз усули таҷзияи ҳокимият бармеояд, воситаи татбиқи он мебошад. Ин низом фақат дар шароити сохтори демократии конститутсионӣ татбиқ шуда метавонад. Дар сохторҳои ғайридемократӣ ҳокимияти давлатӣ дар як даст ҷамъ мегардад ва барои ҳеч гуна боздорӣ ва мутақобила роҳ дода намешавад. Ин низом дар таҷрибаи конститутсионии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳам бо роҳи уфуқӣ (муносибати байни мақомоти иттифоқии ҳокимияти давлатӣ), ҳам бо роҳи амудӣ (муносибати байни иттифоқ ва иёлотҳо) равшан инъикос ёфтааст. Дар марҳалаи ҳозира дар ин ё он намуд дар бисёр кишварҳои рӯ ба самти демократӣ ниҳода мавҷуд мебошад. Ибораи «мутақобила» набояд ҳамчун муқобили ҳам қарор доштани ҳокимияти давлатӣ ва мақомот фаҳмида шавад. Ин ибораи англисӣ бештар мувозӣ кардан ва баробарии салоҳияти мақомоти давлатиро дар назар дорад, ки дар он яке аз онҳо қобил аст, ки амали шитобкоронаи беасоси дигареро пешгирӣ намояд. Суди конститутсионӣ ваколатдор аст, ки конститутсионӣ будани ҳар як қонунро тафтиш намояд, вале ин салоҳиятро беҳудуд истифода карда наметавонад, чунки ин корро фақат бо муроҷиати шахсону мақомоти конститутсия ваколатдоркарда (ташаббуси бо ном пайваста) оғоз карда метавонад. Парлумон метавонад ба Ҳукумат изҳори нобоварӣ намояд, ки ба истеъфои он сабаб мегардад, вале Ҳукумат низ дар навбати худ бо дастгирии сарвари давлат метавонад парлумонро пароканда намояд. Ҳуқуқи конститутсионӣ ба низоми боздорӣ ва мутақобила дар муносибати шохаи ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия, равшантар гӯем ба муносибати Ҳукумат - парлумон ва Президент - Хукумат эътибори махсус медиҳад. Конститутсияи ҶТ с.1994 таҷзияи ҳокимияти давлатиро яке аз асосҳои сохтори давлатӣ эълон намуда, онро бо чанд чораҳои боздорию мутақобилаи дар боло нишондодашуда возеҳ намуд (ниг. ба Боздорӣ, Изҳори боварӣ, Низоми дупалатагӣ, Парокандагии парлумон).[1]

Нигаред низ

вироиш

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 334-335