Низоми дупалатагӣ
Низоми дупалатагӣ - таркиби парлумон, ки аз ду палата иборат буда, бо тарзи ташкилёбӣ ва ҳадди ваколатҳо фарқ доранд. Парлумонҳо аз як, ду ва баъзе вақт аз он зиёда палатаҳо иборатанд. Дар замони ҳозира низоми дупалатагии парлумон бештар мақбул аст. Ҳамаи давлатҳои иттифоқӣ парлумони дупалатагӣ доранд: яке аз палатаҳо (поёнӣ) намояндаи тамоми аҳолии мамлакат буда, дигаре (болоӣ) ҳамчун намояндаи аъзои иттифоқ (Австралия, Австрия, Русия, ИМА ва дигар мамлакатҳ0) ташкил меёбад. Вале на фақат дар иттифоқ, балки дар давлатҳои ягона низ палатаҳои болоӣ ҳамчун мақомоти намояндагии марзӣ эътироф шудаанд. Дар Фаронса мувофиқи Конститутсия (м.24) Сенат «намояндагии дастаҷамъии марзии ҷумҳуриро таъмин мекунад». Дар парлумони Испания (Кортесҳои Генералӣ) «Сенат Палатаи намояндагии марзӣ мебошад» (м.69 Конститутсия). Дар Маҷлиси Федералии Русия Шӯрои Федератсия - палатаи болоӣ аз 2 намояндагӣ аз ҳар як аъзои ФР, яккасӣ аз мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи ҳокимияти давлатӣ иборат аст (6.2 м.95 [[Конститутсияи Федератсияи Россия). Палатаҳо номҳои гуногун доранд, ҷаласаҳои он, чун қоида, ҷудогона мегузаранд, ҳар яке дастури худро мустақилона тасдиқ менамояд. Низоми дупалатагӣ дар асоси ду усул: усули баробарии (баробарҳуқуқии) палатаҳо; усули палатаи болоӣ ва поёнӣ ташкил меёбанд. Ин усулҳо метавонанд дар Сарқонун номбар шуда бошанд ё номбар нашуда бошанд, вале сарфи назар аз мавқеъ ва доираи салоҳияти онҳо болоӣ ё поёнӣ будан баробарҳуқуқии онҳоро вайрон намекунад. Дар Конститутсияи ҶТ палатаҳои Маҷлиси Олӣ - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон болоӣ ё поёнӣ номида нашудаанд. Дар асл палатаҳои Маҷлиси Олӣ болоӣ ва поёнианд, чунки заминаҳои ташкилу фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон гуногунанд:
- - палатаҳо якҷоя кор намекунанд (мас., м.54 Конститутсияи ҶТ муайян кардааст, ки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон алоҳида ҷаласа мегузаронанд), онҳо дар мавридҳои шунидани савганд ёд кардан, истеъфо ва шунидани паёми Президенти ҶТ; тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷанг ва вазъияти фавқулодда; истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ берун аз ҳудуди он; тасднқи фармони Президент дар бораи таъйин ва озод кардани Сарвазир ва аъзои Ҳукумат; таъйин кардани маоши Президент; таъйини интихоботи Президент; баррасии масъалаи дахлнопазирии Президент ҷаласаҳои якҷоя мегузаронанд;
- - ҳар як палата дорои салоҳияти худ мебошад (ниг. ба моддаҳои 56 ва 57 Конститутсияи ҶТ) ва оид ба онҳо фақат қарори ҳамин палата қонунӣ шуморида мешавад (мас. Маҷлиси миллӣ судяҳои Суди Олии ҷумҳуриро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мекунад, Маҷлиси намояндагон бошад, судҳоро таъсис менамояд;
- - ҳар як палата рӯзномаи маҷлисҳои худро мустақилона муайян мекунад;
- - палатаҳо метавонанд дар як вақт ё вақти гуногун кор кунанд;
- - палатаҳо мақомоти якҷояи палата ташкил намекунанд;
- - шумораи ҳайати палатаҳо гуногунанд (Маҷлиси миллӣ иборат аз 33 аъзо, Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил иборатанд).[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 336-337