Ёрмаҳмад Ниёзӣ
Ёрмаҳмад Ниёзӣ (Ниёзӣ Ёрмаҳмади Бобо; 20 майи 1974, деҳаи Дарғ, ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод) — омӯзгор, файласуф, арабшинос, дотсент (2015), доктори илмҳои фалсафа (2020).
Ниёзӣ Ёрмаҳмади Бобо | |
Таърихи таваллуд | 20 май 1974 (50 сол) |
Зодгоҳ | деҳаи Дарғ, ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фалсафа ва арабшиносӣ |
Ҷойҳои кор | Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои фалсафа |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Роҳбари илмӣ | академик Мусо Диноршоев |
Зиндагинома
вироишЁрмаҳмад Ниёзӣ таърихи 20 майи соли 1974 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омада, соли 1986 ба ноҳияи Зафаробод кӯч бастааст. Соли 1991 ба факултети педагогикаи Донишгоҳи омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко дохил шуда, соли 1999 факултети шарқшиносии ДМТро хатм намудааст. Давоми солҳои 2000—2003 дар риштаи аспирантураи Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови АИ ҶТ ба корҳои илмию тадқиқотӣ мағул гардидааст. Ниёзӣ Ё. Б. соли 2010 рисолаи номзадии худро дифоъ намуда, сазовори унвони илмии номзади илмҳои фалсафа мегардад. Соли 2020 ӯ рисолаи докторӣ дифоъ шудааст[1].
Фаъолияти омӯзгорӣ
вироишДотсент Ниёзӣ Ё. Б. яке аз ташаббускорони кушодашавии кафедраи нав — фанҳои гуманитарӣ ва рушди шахсият дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад. Ӯ солҳои 2008—2014 сарварии кафедраи номбурдаро бар уҳда дошт. Аз соли 2015 то соли 2017 дар вазифаи директори Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ фаъолият кардааст. Аз таърихи 17 марти соли 2017 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо таъйин карда шудааст.
Фаъолияти илмӣ
вироишМуҳимтарин дастоварди Ниёзӣ Ё. Б. ба таърихи фалсафаи тоҷик (фалсафаи калом, фалсафаи тасаввуф, фалсафаи асҳоби ҳаюло ва ҳоказо), фалсафаи Ибни Сино, таснифоти улум дар таърихи фалсафа бахшида шудаанд. Дар ин самт ӯ беш аз 200 монография, китоб, мақола ва фишурдаҳо ба нашр расонидааст.
Ниёзӣ Ё. Б. забонҳои русӣ, арабӣ ва форсиро хуб медонад ва ба ин забонҳо эҷод менамояд.
Сафарҳои хориҷа
вироишБарои омӯзиш ва пажӯҳиши масоили мухталифи фалсафа ва ҷомеа ба кишварҳои Россия, Эрон, Афғонистон ва ғайра сафарҳои илмӣ анҷом додааст.
Осор
вироиш- Назари муҳаққиқони муосири араб ба фалсафаи Ибни Сино. — Душанбе, 2008.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо. ТАСНИФОТИ ИЛМ ДАР ФАЛСАФАИ МАШШОИЯИ ШАРҚӢ ВА ТАЪСИРИ ОН ДАР ТАСНИФОТИ МУОСИРИ ИЛМ Бойгонӣ шудааст 24 сентябри 2021 сол.. ДИССЕРТАТСИЯ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои фалсафа аз рӯи ихтисоси 09.00.03.-таърихи фалсафа. Душанбе, 2020
Сарчашма
вироиш- Ҷаҳонбинии оянда ва бархурди андешаҳо. / Мураттибон: Номвар Қурбон, Фирдавс Ниёзӣ. — Душанбе: Дониш, 2015. — 701 с. ISBN 978-99947-821-3-0
- Файласуфи зиндагӣ./ Мураттибон: Номвар Қурбон, Абдуламини Маҷнун. — Душанбе: Дониш, 2015. — 84 с.