Новхудо дувум
Новхудо дувум (форсӣ: ناوخدا دوم) — дараҷае сардорӣ дар нерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз новхудо севум ва пойинтар аз новхудо якум дорад ва баробар бо сарҳангёр дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ аст[2].
| ||||
Кӯтаҳнивишт | форсӣ: ناوخدا دوم | |||
Кишвар | Эрон | |||
Дараҷаи болотар | Новхудо якум | |||
Дараҷаи пойинтар | Новхудо севум | |||
Ҳамто |
Дараҷаи пойинтар: Новхудо севум |
Новхудо дувум |
Дараҷаи болотар: Новхудо якум |
Вожашиносӣ
вироиш«Новхудо» (форсӣ: ناوخدا < порсии миёна: *nāv-xvatāi) ба маънои «фармондеҳи киштӣ; киштибон»[2] аз ду вожа сохта шудааст:
нов (порсии миёна: nāv- < порсии бостон: nāvam- ‘киштӣ’ + худо (порсии миёна: xvatāi < порсии бостон: *hvatāya- ‘сарвар’)[3].
Пешина
вироишНовхудо ҳамтои капитан (аз фр. capitaine < лот. capitaneus «сардор, саркарда») аст, ки дар кишварҳои урупоӣ аз садаи XVII ҳамчун дараҷаи фармондеҳони киштиҳои нерӯи дарёӣ ба кор меравад. Ин дараҷа дар Русия дар паи ислоҳоти низомии Пётри I дар соли 1713 ба кор гирифта шуд ва се рутба дошт: новхудо якум, новхудо дувум ва новхудо севум. Дар соли 1732 ин рутбаҳо барчида шуданд, вале дар соли 1751 дубора ҷорӣ шуданд ва то соли 1917 ба кор мерафтанд[4]. Ҳамин рутбаҳо 22 сентябри 1935 дар Нерӯи дарёии Иттиҳоди Шуравӣ ба кор гирифта шуданд ва ҳамакнун дар Нерӯи дарёии Русия низ ба кор мераванд.
Новхудо дувум фармондеҳи новҳои дараҷаи дувуме чун поснов, новшикан, бузургнови нерӯбар, нови аждарафкан ва зердарёии дизелӣ аст.
Новхудо дувум дар Русия ва дигар кишварҳои русизабон русӣ: капитан второго ранга[5], дар Бритониё, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар кишварҳои инглисизабон англ. Commander, дар Олмон ва дигар кишварҳои олмонизабон олмонӣ: Fregattenkapitän[6], дар Испониён ва дигар кишварҳои испониёизабон исп. Capitán de fragata («капитан де фрегата»), дар Португол ва дигар кишварҳои португолизабон португалӣ: Capitão de fragata («капитау ди фригата») номида мешавад. Ин дараҷа дар НАТО бо коди OF-4 рамзгузорӣ мешавад ва дар дигар кишварҳо ба забонҳои миллии онҳо номҳои худро доранд[7].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 284; 428. — 655 с. — 3 500 экз.
- ↑ 2.0 2.1 Сипаҳбад Муҳаммад Козимӣ. Фарҳанги вожаҳои низомӣ. – Теҳрон: Чопхонаи Артиши шоҳаншоҳӣ, 1355 (чопи дувум) – 440 саҳ.
- ↑ Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 978-600-6143-58-3. ҷ. 4, с. 2700.
- ↑ Капитан 1 ранга // Военная энциклопедия : [в 18 т.] / под ред. В. Ф. Новицкого … [и др.]. — СПб. ; [М.] : Тип. т-ва И. Д. Сытина, 1911—1915
- ↑ Рубинчик Ю.А. Персидско-русский словарь. - М.: Русский язык, 1970. — 1613 с.
- ↑ Шунков В., Гусев И., Тарас Д., Ядловский А. Награды, знаки различия и униформа Великой Отечественной войны. — М.: АСТ, 2015. — 256 с. — ISBN 978-5-17-086237-5.
- ↑ NATO codes for grades of military personnel 1992 (Edition 5). // Rank Maven. 15 августи 2017 санҷида шуд.