Номзад ба аъзои Маҷлиси Миллӣ
Номзад ба аъзои Маҷлиси Миллӣ- дар Конститутсияи ҶТ с. 1994 дар таҳрири с. 1999 ҳайати Маҷлиси Миллӣ ба тарзи зерин муайян карда шудааст: аз чор се ҳиссаи Маҷлиси Миллӣ ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, ш.Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегарданд. Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси Миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Узви Маҷлиси Миллӣ шаҳрванде интихоб ва таъйин мешавад, ки ба синни 35-солагӣ расида, соҳиби маълумоти олӣ бошад. Инчунин Қонуни конститутсионӣ муайян мекунад, ки узви Маҷлиси Миллӣ ҳадди ақал ҳафт соли охир шаҳрванди ҶТ бошад ва бояд дар ҳудуди ҳавзаҳои дахлдор истиқомати доимӣ дошта бошад. Ҳар Президенти собиқи ҶТ узви якумраи Маҷлиси Миллӣ мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳуқуқ даст накашад. Пешбарии номзадҳо ба узвияти Маҷлиси Миллӣ 10 рӯз баъд аз интихоботи Маҷлиси Намояндагон оғоз ёфта 7 рӯз пеш аз интихоботи Маҷлиси Миллӣ ба охир мерасад. Бақайдгирии номзадҳо ба узвияти Маҷлиси Миллӣ дар давоми 3 рӯз аз лаҳзаи расидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, вале на дертар аз 4 рӯз пеш аз интихобот ба охир мерасад. Номзад ба узви Маҷлиси Миллӣ дорои ҳамаи ӯхдадорӣ ва имтиёзҳое мебошад, ки вакилони Маҷлиси Намояндагон доранд.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 350