Нусрат Раҷабовриёзидон, доктори илмҳои физикаю математика (1975), профессор (1979), академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (2001), Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1994), Академики Шуъбаи Тоҷикистонии Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (1999), Барандаи якчанд унвонҳои фахрии байналмилалӣ аз Тоҷикистон.[1]

Нусрат Раҷабов
Нусрат Раҷабов
Профессор Нусрат Раҷабов дар лексия
Профессор Нусрат Раҷабов дар лексия
Таърихи таваллуд 25 сентябр 1938(1938-09-25) (86 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ҳисор
Кишвар Тоҷикистон
Фазои илмӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илми физика ва математика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Маъруф ба
Ҷоизаҳо

Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1994), Ҷоизаи "Шахси шинохтаи сол" (англ. ("Man of the Year")) Институти Биографии Амрико (2004, 2005, 2007),

мукофоти олии Итиходи давлатҳои мустақил “СИТОРАҲОИ ИТТИҲОД” (русӣ: "Звезда Содружества") (2011)

Зиндагинома

вироиш

Нусрат Раҷабов 25 сентябри соли 1938 дар деҳаи Сурхак - чашмаи ноҳияи Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1955 – мактаб -интернати ноҳияи Ҳисорро хатм намудааст. Соли 1960 факултаи физика ва математикаи ДДТ – ро хатм намудааст.

  • Соли 1960 фаъолияти кориашро дар Шуъбаи илмҳои Физика ва математикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аввал ба ҳайси лаборанти калон, баъд ба ҳайси ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ сар кардааст.
  • Солҳои 1962- 1965 аспирантураро дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хатм намудааст.
  • Соли 1966 рисолаи номзадии илмҳои физикаю – математикаро ҳимоя кардааст.
  • Соли 1975 рисолаи докториро дар Донишгоҳи давлатии Белоруссия, ш. Минск ҳимоя кардааст.
  • Соли 1979 Комиссияи Олии Атестатсионии Россия (ИҶШС) ба ӯ унвони профессорро додааст.
  • Солҳои 1978- 1981 ба ҳайси муовини декан доир ба корҳои илмӣ, факултаи механика ва математикаи ДДТ ба номи В.И. Ленин адои вазифа намудааст.
  • Солҳои 1982 – 1985 ӯ ба ҳайси декани факултаи механика ва математикаи ДДТ ба номи В.И. Ленин, солҳои 2000 – 2005 ба ҳайси академик – котиби Шуъбаи илмҳои физикаю – математика, кимё ва геологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
  • Солҳои 1977- 2013 ба ҳайси мудири кафедраи таҳлили математики ва назарияи функсияҳо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
  • Солҳои 2000 – 2005 ӯ намояндаи Тоҷикистон дар Комитети Илмии НАТО (NATO) адои вазифа кардааст.
  • Солҳои 2002 -2004 ӯ ба сифати котиби генералии Асоциатсияи Академияи Илмҳои Мамлакатҳои Осиё (AASA - Association of Academies of Sciences in Asia) фаъолият намудааст.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Нусрат Раҷабов аввалин олимест, ки муодилаҳои дифференциалӣ ва интеграллӣ, ки коэффициентҳои онҳо ва ядрои онҳо махсусияти дараҷаи баланд доранд омӯхта, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Натиҷаҳои ҳосилшудаи илмии худро ӯ дар се конгресси умумиҷаҳонии математикон (Варшава, 1983, Сюрих 1994, Берлин, 1998), Конгресси дуюми ISAAC (Япония, 1999), Конгресси шашуми ISAAC (Анкара, 2007), Конгресси хаштуми ISAAC (Лондон, 2009) Конгресси сеюми математикони Аврупо (Барселона, 2000), якумин конференсияи математикони мамлакатҳои Осиё (Гон–Конг, 1990) Конференсияи байналмилали доир ба Математикаи амали ва назарияи апроксиматсия( Анкара, 2012), Конференсияи байналмилали доир ба мавзӯъи “ Фазоҳои функсионалӣ. Операторҳои дифференсиалӣ. Топологияи умумӣ. Масъалаҳои математикии маъориф” (Москва , 2013) ва зиёда аз 50 конференсияҳо, симпозиумҳо ва семинарҳои байналхалқӣ, ки дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон баргузор гардидаанд, баррасӣ намудааст. Ҳоло ӯ ба ҳайси профессори кафедраи «Таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо»-и Донишгоҳи милли Тоҷикистон ва роҳбари илмии гурӯҳи илмӣ-тадқиқотии “ Муодилаҳои бисёрченакаи намуди Волтерра бо ядроҳои қайдкардашудаи сингулярӣ ва супер-сингулярӣ ва тадбиқи онҳо” фаъолият намуда истодааст. Бо роҳбарии ӯ 20 нафар олимони ҷавон рисолаи номзадиро дифоъ намудаанд, ки дутои он рисолаи докториро ҳимоя кардааст ва дутои он унвони профессориро гирифтаанд.

Соли 1987 шӯрои олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро ба узвияти вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудааст. Барои натиҷаҳои назаррас ва тайёр намудани мутахасисони баландихтисос Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2001 ӯро Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудааст. Соли 1999 ӯ Академики Шуъбаи Тоҷикистонии Академияи Байналмилалии мактабҳои олӣ интихоб шудааст. Ӯ солҳои гуногун аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмӣ: Гузориши Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, Ахбороти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, Пайёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.[2]

Нусрат Раҷабов зиёда аз 300 мақолаҳои илмӣ ва 10 монография навиштааст. Мақолаҳои илмии ӯ дар нашриётҳои бонуфузи ҷаҳон: Академияи илмҳои Россия, (англ.  World Scientific), (англ.  Kluwer Academic Publishers, Longman), Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар нашриётҳо ба забонҳои англисӣ ва русӣ чоп шудааст.

Монографияи Нусрат Раҷабов «Муқаддима ба назарияи муодилаҳои дифференсиалии ҳосилаҳои хусусидошта бо коэффисиентҳои супер – сингулярӣ», ки соли 1992 ба забони русӣ нашр намуда буд, соли 1996 ба забони форсӣ ва соли 1997 ба забони англисӣ тарҷума шудааст. Солҳои 2011-2012 нашриёти LAP LAMBERT Academe Publishing монографияҳои зерини ӯро дар Олмон нашр намудааст:

  • Rajabov N. Volterra type Integral equation with boundary and interior fixed singularity and super - singularity kernels and their application. LAP LAMBERT academic Publishing, 2011 Germany, 282 p.
  • Раджабов Н., Мухаммед Ал Сайд. Переопределенная линейная система второго порядка с сингулярными и сверх - сингулярными линиями. Изд-во LAP LAMBERT academic Publishing, 2011 Germany, 234 p.
  • Рачабов Н., Рачабова Л , Н Введение в теорию многомерных интегральных уравнений типа Вольтерра с фиксированными сингулярными ядрами и их приложения, LAP LAMBERT Academic Publishing , Germany , 2012, 502 p. (Монография)

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1994)

Натиҷаҳои корҳои илмии Нусрат Раҷабов аз тарафи ташкилотҳои байналхалқӣ қадр карда шудаанд. Ӯ дорандаи

  • стипендияи Академияи илмҳои Олмон (DААD, 1995),
  • стипендияи шуъбаи Маҷористонии Комитети илмии NATO доир ба илм ва технология (2001),
  • стипендияи Давлатии ба номи Фулбрихт (англ.  (Fulbright Fellow))- и ИМА (2006),
  • медали тилои шарафи Институти Биографии Амрико мебошад (2004) мебошад.
  • Ҷоизаи "Шахси шинохтаи сол" (англ. ("Man of the Year")) Институти Биографии Амрико (2004, 2005, 2007),
  • Маркази Байналмилалии Биографии Кембридҷи (Cambridge) Британияи Кабир (Англия), Н. Раҷабовро ба китоби «2000 нафар шахсони машҳуртарини интелектуалии садаи XXI» (англ. ("2000 Outstanding Intellectuals of the 21 st Century")), дохил намудааст (2007),
  • Институти Биографии Амрико Н. Раҷабовро ба китоби «500 нафар бузургтарин шахсони болаёқати садаи XXI» (англ. ("500 Greatest Geniuses of the 21 st Century")) дохил намудааст (2007),
  • Соли 2011 ба мукофоти олии Итиходи давлатҳои мустақил “СИТОРАҲОИ ИТТИҲОД” (русӣ: "Звезда Содружества") мушарраф гардидааст.
  1. Аъзои пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ , аз соли 1951. 19 июли 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 сентябри 2017.
  2. Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – Душанбе, 2008, с.289 - 290