Одина Ҳошим

(Тағйири масир аз Одина Ҳошимов)

Одина Ҳошим (13 июни 1937, Даштиҷум, Шӯрообод, ҶШС Тоҷикистон — 16 ноябри 1993, Душанбе, Тоҷикистон) — овозхон, навозанда ва оҳангсози тоҷик. Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1963), Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар бахши адабиёт, ҳунар ва меъморӣ (1988)[1].

Одина Ҳошим
Одина Ҳошимов
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 13 июн 1937(1937-06-13)
Зодгоҳ Шӯрообод, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 16 ноябр 1993(1993-11-16) (56 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Пеша(ҳо) навозанда,овозхон

Зиндагинома

вироиш

Одина Ҳошим 13 июни 1937 дар деҳаи Нимдараи Дашти Ҷуми ноҳияи Шӯрообод дар оилаи ҳунарманди шинохта, мусиқидони варзида, Ҳофизи халқии ҷумҳурӣ Ҳошим Қосимов ба дунё омадааст. Ӯ дар домони модари боиффати адабиётдӯст, донандаи хуби осори Ҳофизу Бедил ва даҳҳо суханварони мумтози классик тарбият ёфтааст. Аз хониши падар, аз ромиши падар дар дили кучаки Одина нисбат ба ҳунари сарояндагӣ ва навозандагӣ як дилгармӣ, як муҳаббати ногусастание бедор гашт. Дилбастагӣ ба суруд, ба наво саманди орзу Одинаро пас аз хатми мактаби миёна ба шуъбаи созҳои миллии Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе овард. Тӯли се сол дар ин боргоҳи ҳунар аз устодони сахтгиру серталаб нозукиҳои навозандагию сарояндагӣ аз бар карда соли 1954 онро хатм намуд. Одина Ҳошим ҳамчунин дар давоми фаъолияти эҷодияш Институти давлатии педагогии Кӯлоб (1972) хатм кардааст.

Одина Ҳошим 16 ноябри соли 1993 оламро тарк карда дар қабристони Лучоби шаҳри Душанбе дафн шудааст.

Фаъолият

вироиш

Соли 1959 ҳамчун мутахассиси ҷавон фаъолияти кориашро аз Театри халқии ноҳияи Маскав (ҳоло Мирсаййид Алии Ҳамадонӣ), ба сифати режиссёр оғоз намуда, то соли 1962 дар ин пеша масъулият нишон дод. Чун коргари содиқ, ҷӯянда ва навовар маҳбубият пайдо намуда, ба боварии роҳбарон сазовор шуд ва соли 1962 ба зимаи Одинаи ҷавон, ба Одинае, ки ҳамагӣ 25 сол дошт вазифаи басо пурмасъулият, сарварии театри драмаи мусиқии шаҳри Кӯлобро вогузоштанд. Муддати 13 сол дар ин кори пурзаҳмат ифои вазифа намуда, беҳтарин асарҳои саҳнавиро рӯи саҳна гузошт, ки аз ҷониби мухлисон баҳои баландро 5 ноил гашт. Аз соли 1975 то соли 1991 ба сифати солисти театри мазкур кор кард.

Мактаб ва сабк

вироиш

Одина Ҳошимов мактаб ва сабки хосси сурудхонӣ дошт. Бо шеърдонӣ (ҳифзи ҳазорҳо байт) ва шеърхониаш дар байни аксар мардуми кишварҳои Шарқ маъруфият пайдо карда буд. Мавзӯъҳои барномаи овозхонии Одина Ҳошимов, ки аз ашъори шоирони классикии форс-тоҷик, шоирони муосири Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳо таркиб ёфта буд, мавзӯъҳои панду андарз, ишқу муҳаббат, садоқату рафоқат, поктинатию мардонагӣ, ҷавонмардӣ, одамият, васфи сулҳу амонӣ, дӯстӣ ва ғайраро ташкил медиҳад («Гулъизори ман куҷост?», ғазали Ҳилолӣ; «Рафтӣ», ғазали Сайидо; «Охир эй сарви хиромон зи кадомин чаманастӣ?», ғазали Ҷомӣ; «Соқиё, бархезу дардеҳ ҷомро», ғазали Ҳофиз; «Хиҷил аст сарви бустон бар қомати баландаш», ғазали Саъдӣ; «Ё ҳар ду», шеъри А. Лоҳутӣ; «Куҳандиёро», шеъри Н. Нодирпур ва ғайра). Ба аксар ғазалу шеърҳо худаш оҳанг бастааст.

Шогирдон

вироиш

Одина Ҳошим худ аз мактаби ҳунари ҳунармандони мумтози кишвар таҷриба гирифта, ҷавобан ба ин шогирдони зиёдеро низ тарбия намудааст, ки миёни онҳо метавон номи Гулчеҳра Содиқова, Файзалӣ Ҳасанов, Мирзоватан Миров, Озодамоҳ Мӯҳтарамоваро боифтихор ба забон гирифт.

Эҷодиёт

вироиш

Одина Ҳошим дар офаридани оҳангҳои шӯхи рақсӣ ва ҳаётдӯстонаи мардумӣ маҳорати калон дошт («Ало, хамзада кокул», «Ҷингилак мӯй дорӣ», «Дилфиребам аз ғамат сабзинае», «Хирмани гул», «Моҳи ман», «Хами зулф», «Мадоро накунӣ» ва ғайра).

Ҳамчун сарояндаи ҷӯяндаву навовар дар зиндаю ҷовид гардонидани асари сертаркибаи «Фалак» хидмати шоистаеро касб кардааст. Дар ин ҷода Одина Ҳошимов бо машҳуртарин фалаксароён, бо устодони маъруфи санъати сарояндагӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхони Ҳофиз, Домулло Ҳалим, Шоҳназар Соҳибов ва Шариф Ҷӯраев дар як поя қарор дошту шуҳраташ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрону Афғонистон низ паҳн буд. Соли 1972 фалаксароёни машҳури афғон Мангал, Карим, Нурмуҳаммад, Раҳимҷон, Абдурасул ва Акбар Лоло Одина Ҳошимовро ба Афғонистон даъват намуданд, то ҳунарашро ба ҳаводорони афғонаш намоиш бидиҳад. Аниқтараш дар озмуни «Фалаксароёни мумтоз», ки дар шаҳри Қундуз барпо гардид, ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон даъват шуда буд ва дар ин озмун ғолиби ҷои аввал дониста шуд.

Сафарҳои ҳунарӣ

вироиш

Одина Ҳошим дар даҳаҳои адабиёт ва санъати тоҷик ширкат (РСФСР соли 1965, дар Маскав соли 1967, дар ҶШС Ӯзбекистон соли 1968) намуда, санъати волои тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намудааст. Илова бар ин ин ҳунарманди нотакрор Одина Ҳошим ба ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ва кишварҳои хориҷа аз қабили Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Эрон, Яман, Ироқ, Кувайт, Адан сафарӣ ҳунарӣ намуд, бо ҳунари воло дили мухлисонашро ба ваҷд овардааст. Фарҳангу санъати бою рангини миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.

Ҷоизаҳо

вироиш

Дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ (1988). Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин», Ифтихорномаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

  1. Душанбе. Энциклопедия. / Главный научный редактор Диноршоев М. Д.. — Д.: Главная научная редакция Таджикской Национальной Энциклопедии, 2004. — 592 с. — ISBN 5-89870-071-4.

Адабиёт

вироиш

Пайвандҳо

вироиш