Озге Гӯрел
Озге Гӯрел (тур. Özge Gürel, тав. 5 феврали 1987; Истанбул, Туркия) — ҳунарпешаи телевизион, синамо ва сарояндаи турк.
тур. Özge Can Gürel | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Özge Gürel |
Таърихи таваллуд: | 5 феврал 1987 (37 сол) |
Зодгоҳ: | Истанбул, Туркия |
Шаҳрвандӣ: | Туркия |
Касб: |
ҳунарпеша овозхон |
Корнома: | 2010-то ҳол |
Самт: |
синамо телевизион |
IMDb: | ID 6221099 |
Зиндагинома
вироишОзге Гӯрел 5 феврали соли 1987 дар Истанбул таваллуд шудааст[1]. Падари ӯ адигӣ ва модараш турк мебошанд[2][3]. Ӯ то хатми мактаби миёна дар Силиврии Туркия зиндагӣ мекард. Гӯрел дар шуъбаи тиҷорати Донишгоҳи Бейкент таҳсил кардааст, аммо онро ба итмом нарасонд. Пас аз он ӯ дарсҳои актерӣ аз худ кард[4].
Фаъолият
вироишӮ фаъолияти ҳунарии худро бо нақши Зайнаб дар силсилафилми «Духтари ман куҷост?» (Kızım Nerede?), ки дар шабакаи "atv" бо Эҷе Услу, Бурак Ҳаққӣ оғоз намудааст. Баъдтар ӯ дар силсилафилмҳои Huzur Sokağı ва Muhteşem Yüzyıl нақшҳои хурдро бозидааст. Соли 2014, ӯ дар силсилафилми Medcezir нақши Адаро бо Чағатой Ӯлусой ва Серенай Сарикая бозидааст. Соли 2014, ӯ нақши асосӣ дар силсилафилми Kiraz Mevsimi даъват шуд, ки нақши Ойкю Асарро хело хуб бозид. Ҳамҷуфти ӯро Серкан Чайоғлу бозидааст.
Соли 2016 клипи суруди Гӯрел Affet сабт шуд. Соли 2017, ӯ нақши марказиро дар силсилафилми Yıldızlar Şahidim бозидааст. Сипас дар силсилафилми Dolunay нақши Назли Пинарро дар ҳамҷуфтӣ бо Ҷон Яман бозид. Соли 2018, ӯ ҳамчун ҳунарманди меҳмон дар силсилафилми "Börü" ва филми "Börü" баромад намудааст. Дар солҳои 2018-2019, ӯ дар силсилафилми "Muhteşem İkili" бо нақши "Нилуфар Ҷон" бо ҳунарпешагони маъруф Иброҳим Челиккол, Карим Бурсин ва Ойкю Караел ҳунарнамоӣ намудааст. Соли 2019, он чеҳраи таблиғи бренди бо номи Penti шуд, ки дар Италия сабт шудааст. Соли 2020, ӯ боз ҳамроҳи ситораи собиқи худ Ҷон Яман дар силсилафилми FOX Ҷаноби иштибоҳ, нақши Эзгӣ Иналро бозид[5][6].
Ҳаёти шахсӣ
вироишТо соли 2014, Озге бо писаре бо номи Озгур Орун робита дошт. Аз соли 2014, ӯ бо ҳунарпеша Серкан Чайоғлу мулоқот карда, бо ӯ дар силсилафилми Kiraz Mevsimi нақш бастааст. Аммо онҳо муносибатҳои худро муддати тӯлонӣ пинҳон карданд[7]. Мувофиқи овозаҳо, ҷуфт соли 2016, пас аз анҷоми силсилафилм, барҳам хӯрдааст. Аммо моҳи сентябри соли 2016, пас аз занги Серкан, онҳо оштӣ шуданд[8]. Аз моҳи сентябри соли 2016, онҳо муносибатҳои худро пинҳон намедоранд.
Дӯстони наздики Озге ҳунарпешаҳо Фотима Топташ, Барқ Ҷонкат, Ниҳол Ишиксахан, Демет Оздамир мебошанд.
Филмнома
вироишФилм | |||
---|---|---|---|
Сол | Номгӯй | Нақш | Шарҳ |
2014 | Bizum Hoca | Карделен | |
2017 | Organik Aşk Hikayeleri | Демет | Нақши марказӣ |
2017 | İlk Öpücük | Баҳор | Нақши марказӣ |
2018 | Börü | Гокча Дамир | Нақши дуюмдараҷа |
2019 | Annem | Назли | Нақши марказӣ |
2020 | Kar Kırmızı | Тозагул | Нақши марказӣ |
Силсилафилм | |||
Сол | Номгӯй | Нақш | Шарҳҳо |
2010–2011 | Kızım Nerede | Зайнаб | Нақши марказӣ |
2012 | Huzur Sokağı | Мелиса | Меҳмон |
2014 | Muhteşem Yüzyıl | Раъно Хотун | Меҳмон |
2014 | Medcezir | Ада | Меҳмон |
2014–2015 | Kiraz Mevsimi | Ойкю Аҷар Динчар | Нақши марказӣ |
2017 | Yıldızlar Şahidim | Ҳазиран | Нақши марказӣ |
2017 | Dolunay | Назли | Нақши марказӣ |
2018 | Börü | Гокча Дамир | Меҳмон |
2018–2019 | Muhteşem İkili | Нилуфар | Нақши марказӣ |
2020 | Ҷаноби иштибоҳ | Эзгӣ Инал | Нақши марказӣ |
Сурудҳо
вироишСол | Суруд | Албом |
---|---|---|
2014 | Kiraz Mevsimi | |
Kahramanımsın | Kiraz Mevsimi (Саундтрек) | |
2015 | Bir Bahar Akşamı | |
2016 | Affet | 12 Kalp |
2017 | Ateşböceği | Yıldızlar Şahidim (Саундтрек) |
Видеомузикҳо
вироишСол | Суруд | Албом |
---|---|---|
2015 | Мерт Корал - İstanbul Beni Bırak | Laterna |
2015 | Айдилга, Волкан Акмеҳмет - Kiraz Mevsimi | Kiraz Mevsimi (Саундтрек) |
2016 | Озге Гӯрел - Affet | 12 Kalp |
Мукофотҳо
вироишҶоиза ва ҷоизаҳо | ||||
---|---|---|---|---|
Сол | Мукофотҳо | Категория | Силсилафилм — Филм | Натиҷа |
2015 | Yeditepe Üniversitesi 3.Dilek Ödülleri| Мукофоти сеюми Донишгоҳи Йедитепа | Беҳтарин ҳунарпешаи сол | Kiraz Mevsimi | Баранда |
Ҷоизаи Seul Drama | Беҳтарин ҳунарпеша | Kiraz Mevsimi | Номзад | |
Ҷоизаи Future Fest | Беҳтарин баромади ситора | Kiraz Mevsimi | Баранда | |
MGD 21. Ҷоизаи Altın Objektif | Беҳтарин ҳунарпешаи ҳаҷви сол | Kiraz Mevsimi | Баранда | |
42. Pantene Ҷоизаи Altın Kelebek | Зеботарин ҷуфт (Ойкю Аяз) | Kiraz Mevsimi | Номзад | |
2016 | 1. Ҷоизаи YBU Medya | Беҳтарин ҳунарпешаи телевизион | Kiraz Mevsimi | Номзад |
2018 | 45. Pantene Ҷоизаи Altın Kelebek | Беҳтарин ҳунарпешаи румонтикии ҳаҷв | Dolunay | Номзад |
2019 | Ҷоизаи Latina Turkish | Беҳтарин ҳунарпешаи дуюмдараҷа | Kızım Nerede | Баранда |
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Ozge Gurel Kimdir. CNN Türk (18 January 2015). 8 марти 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 марти 2016.
- ↑ It's not red lipstick or heeled shoe we call sexapel, it's demeanor.(тур.).
- ↑ Annem Selanik göçmeni ev hanımı, babam Çerkes.. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 августи 2017.
- ↑ 'Serkan Cayoglu Ozge Gurel. Hürriyet (25 December 2014). 8 марти 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 марти 2016.
- ↑ Haley Can Yaman and Özge Gürel to reunite in "Bay Yanlış"(англ.). dizilah.com.
- ↑ FOX | Özge Gürel kimdir? Bay Yanlış dizisinin Ezgi İnal karakteri(тур.). www.fox.com.tr. 25 июли 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 июни 2020.
- ↑ [1](пайванди дастнорас) Serkan Çayoğlu ve Özge Gürel sevgili mi?
- ↑ [2](пайванди дастнорас) Serkan Çayoğlu ile Özge Gürel 1 yıl sonra barıştı.
Иқтибосҳо
вироиш- Озге Гӯрел(англ.) дар вебгоҳи Internet Movie Database
- Саҳифаи расмии Озге Гӯрел дар шабакаи иҷтимоии Facebook
- Озге Гӯрел дар «Твиттер»
- Озге Гӯрел дар вебгоҳи Instagram