Ҷон Яман
Ҷон Яман (тур. Can Yaman; тав. 8 ноябри 1989, Истанбул, Туркия) — ҳунарпеша, ҳуқуқшинос ва модели турк. Соли 2018 ӯ гирандаи ҷоизаи "Шапараки тилоӣ" дар номзадии "Беҳтарин ҳунарпешаи румонтикӣ ва ҳаҷв" барои нақшаш дар силсилафилми "Erkenci Kuş" мебошад.
тур. Can Yaman | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Can Yaman |
Таърихи таваллуд: | 8 ноябр 1989 (35 сол) |
Зодгоҳ: | Истанбул, Туркия |
Шаҳрвандӣ: | Туркия |
Касб: |
ҳунарпеша ҳуқуқшинос модел |
Корнома: | 2014-то ҳол |
Самт: | телевизион |
IMDb: | ID 7097848 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишҶон Яман 8 ноябри соли 1989 дар Истанбул ҳамчун фарзанди ягонаи оила таваллуд шудааст. Ӯ аз ҷониби падари худ решаҳои албанӣ дорад[1][2]. Яман соли 2012 шуъбаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Йедитепаро бо дипломи аъло хатм кардааст. Пас аз хатми донишгоҳ, ӯ ҳамчун ҳуқуқшинос дар як ширкати корпоративии машҳури PriceWaterhouseCoopers барои як соли таҷрибаомӯзии ҳатмӣ кор кард. Ӯ ҷияни футболбоз ва мураббӣ Фуат Яман мебошад[3]. Яман бо забонҳои итолиёӣ ва англисӣ ҳарф мезанад.
Фаъолият
вироишҶон Яман дарсҳои ҳунариро аз Cüneyt Sayıl гирифтааст. Ӯ таҷрибаи аввалини телевизионии худро бо қаҳрамони Бедир Кочадағ соли 2014 дар силсилафилми телевизионии "Gönül İşleri" гирифтааст, ки коргардон Туркон Дарё ва нақшҳои асосиро Бенну Йилдиримлар, Салмо Эргеч, Тимучин Эсен, Синем Кобал, Фират Челик ва Сезай Айдин бозидааст. Соли 2015, ӯ дар силсилафилми телевизиони "İnadına Aşk" нақши Ялин Арасро иҷро кард, ки аз тарафи коргардон Усмонӣ Синав дар шабакаи FOX пахш шудааст.
Соли 2016, ӯ дар силсилафилми "Hangimiz Sevmedik", нақши Ториқ Ҷамро дар ҳамҷуфти бо Йелиз Куванҷӣ бозидааст, ки дар он Чингиз Бозкурт, Алтан Эркеклӣ, Гул Онат, Бюлент Шакрак, Маҳтоб Байрӣ, Дениз Орал ва Вейсел Дикер низ нақш бозидаанд. Соли 2017, ӯ дар силсилафилми телевизионии "Dolunay" нақши Фарид Асланро иҷро кардааст, ки коргардонаш Чағрӣ Байрак мебошад. Ҷуфти ӯро Озге Гюрел иҷро кардааст ва силсилафилм ва ТВ Стар пахш кард шуд. Солҳои 2018-2019 ӯ бо Демет Оздамир дар силсилафилми шабакаи "ТВ Стар" "Erkenci Kuş", нақши Ҷон Дивиро бозидааст, ки коргардонаш Чағрӣ Байрак ва Айтач Чичек мебошад. Ӯ ҷоизаи беҳтарин бозигари мардро бо ин иҷрояш дар "Murex D'or" 2019 дар Бейрути Лубнон ба даст овард. Худи хамон сол телевизиони ноқилии Амрико «Э!» ӯро барандаи "Top Leading Man TV" 2019 номид.
Соли 2020 дар силсилафилми коргардон Дениз Ёрулмазер, "Ҷаноби иштибоҳ", яке аз нақшҳои асосӣ Озгур Отасойро бозидааст. Қаҳрамони ӯ, ҷавоне аз оилаи сарватманд мебошад, ки фикри издивоҷро надорад аммо ба хотири модараш вонамуд мекунад, ки дӯстдошта дорад, нақши дӯстдухтарашро Озге Гӯрел мебозад[4].
Дар соли 2020 ӯ чеҳраи бренди пешбари либосҳои туркӣ "TUDORS" бо шартномаи 2 сола ба маблағи 3 миллион доллар шуд.
Соли 2021 дар Итолиё Ҷон иттиҳодияи хайриявии "Can Yaman for children"-ро таъсис дода, дар ташаббусҳои хайрия фаъолона ширкат меварзад.
Дар соли 2021, Ҷон Яман атри шахсии "Mania"-ро баровард, ки хеле маъмул аст. Як қисми даромад аз фурӯши "Mania" ба хайрия меравад.
30 ноябри соли 2021 китоби Ҷон Яман "Sembra strano anche a me" ("Ин ба ман ҳам аҷиб менамояд") дар дӯконҳои китобфурӯшии Итолиё ба фурӯш баромад. Дар китоб Ҷон дар бораи хаёти худ пеш аз актёр шуданашро нақл мекунад.
Солҳои 2021-2022 Ҷон дар силсилафилми телевизионии итолиёвии "Viola Come il mare" дар якҷоягӣ бо ҳунарпешаи итолиёвӣ Франческа Килемӣ ҳамчун нозири полис Франческо Демира нақш бозидааст.
Соли 2022 Ҷон Яман чеҳраи брендҳои машҳури ҷаҳон "Dolche & Gabbana" ва "Mercedes-Benz" гардид.
Моҳи июни соли 2022 платформаи рақамии Disney+ барои лоиҳаҳои нави худ машҳуртарин ҳунарпешаҳои туркро интихоб кард, аз ҷумла Ҷон Яманро.
Ҳаёти шахсӣ
вироишСоли 2015, Ҷон бо Аселия Топалоғлу робита дошт, ки ҳангоми банаворгирии силсилафилми телевизионии "Erkenci Kus" во хӯрдааст[5]. Ин ба онҳо кумак кард, ки нақши худро комилан иҷро кунанд, чуноне ки дар нақш онҳо ҳамсаронро дар муҳаббат тасвир кардаанд. Аммо ин муносибат дер давом накард ва онҳо пеш аз нашри силсилафилм дар экранҳо ҷудо шуданд. Баъдан ӯ бо ҳунарпеша Бестемсу Оздамир мулоқот кард, аммо ин иттифоқ ҳам ба зудӣ анҷом шуд. Соли 2018, Ҷон бо Элиф Тутаркабан низ робита доштааст.
Соли 2019, ӯ бо ҳунарпеша Демет Оздамир, шарикаш аз силсилафилми Erkenci Kus робита ошиқона оғоз намуд[5]. Аммо ин муносибат боз ҳам дер давом накард. Моҳи июли соли 2019, Ҷон Яман бо Демет Оздамир ҷудо шуданд. Дар ин бора рӯзи 21 июл нашрияи иттилоотии Акшам бо истинод аз мусоҳибаи ҳунарманд дар маҷаллаи Snobmagazin хабар дод. Тибқи ин хабар, ҳунармандон ҳангоми сафари муштарак ба Молдив низоъ карданд. Моҳи августи соли 2019, аксҳои муштараки худро ҳунармандон ҳангоми истироҳати худ дар сомонаи интернетӣ гузоштанд, ки мухлисон мегӯяд онҳо ҳоло ҳам якҷоя мебошанд.
Филмнома
вироишСилсилафилм | ||||
---|---|---|---|---|
Сол | Номгӯй | Нақш | Шарҳҳо | |
2014-2015 | Gönül İşleri | Бадир Коҷадағ | Нақши дуюмдараҷа | |
2015-2016 | İnadına Aşk | Ялин Арас | Нақши асосӣ | |
2016-2017 | Hangimiz Sevmedik | Ториқ Чам | Нақши асосӣ | |
2017 | Dolunay | Фарида Аслан | Нақши асосӣ | |
2018-2019 | Erkenci Kuş | Ҷон Дивит | Нақши асосӣ | |
2020 | Ҷаноби иштибоҳ | Озгур Отасой | Нақши асосӣ | |
2021 | Che Dio ci Aiuti | Ҷино | ||
2022 | Viola come il mare | Франсеско Демир | Нақши асосӣ | |
Интернет | ||||
Сол | Номгӯй | Нақш | Шарҳҳо | |
El Turco | Ҳасан Балабан | Нақши асосӣ | ||
Таблиғот | ||||
Сол | Ширкат | Нақш | Шарҳҳо | |
2018 | CepteTEB | бо Демет Оздамир | Чеҳраи таблиғотӣ | |
DESA | Худ | Чеҳраи таблиғотӣ | ||
2020 | Pasha Fencer | Худ | Чеҳраи таблиғотӣ | |
2020-2022 | TUDORS | Худ | Чеҳраи таблиғотӣ | |
2021 | De Cecco | Худ | Чеҳраи таблиғотӣ | |
2022 | Mercedes-Benz | Худ | Чеҳраи таблиғотӣ |
Мукофотҳо
вироишҶоизаҳо | |||
---|---|---|---|
Сол | Ҷоиза | Категория | Натиҷа |
2018 | Pantene Ҷоизаи Шапараки тилоӣ | Беҳтарин ҳунарпешаи румонтик ва ҳаҷв | Баранда |
2018 | Ҷоизаи Шапараки тилоӣ | Беҳтарин ҷуфти телевизионӣ (бо Демет Оздамир) | Номзад |
2018 | Ҷоизаи ВАО ва санъат (Маҷалла) | Ҷуфти сол (бо Демет Оздамир) | Баранда |
2019 | Ҷоизаи GQ мардҳои сол | Беҳтарин ҳунарпеша | Баранда |
2019 | Murex d'Or | Беҳтарин ҳунарпешаи хориҷӣ | Баранда |
2019 | Ҷоизаи ҷавонони Туркия | Беҳтарин ҳунарпешаи силсилафилм | Баранда |
2019 | Quality Awards (Ҷоизаҳои сифат) | Беҳтарин ҳунарпеша | Баранда |
2019 | Марди пешсафи телевизионӣ дар соли 2019 | Марди пешсаф дар соли 2019 | Баранда |
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Can Yaman kimdir?. www.biyografi.info.
- ↑ Can Yaman NTV Bayram Özel Reporpajı(тур.).
- ↑ Can Yaman tuttuğunu koparır. Бойгонӣ шудааст 27 феврали 2017 сол. Проверено 24 Декабри 2020.
- ↑ Haley Can Yaman and Özge Gürel to reunite in "Bay Yanlış"(англ.). dizilah.com.
- ↑ 5.0 5.1 Erkenci Kuş Full HD izle | Star TV(тур.). startv.com.tr.