Ориф Ҳакимов
Ҳакимов Ориф Марифович - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V [1]
Зиндагинома
вироишҲакимов Ориф Марифович 22 марти соли 1962 дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1985 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси зоотехник хатм кардааст.
Фаъолияти кориашро соли 1980 аз мудири қисми хоҷагидории стансияи байтории ноҳияи Қубодиён оғоз карда, минбаъд ҳафт соли аввал дар вазифаҳои муовин, мудири шуъбаи ташкилӣ ва котиби комитети комсомолии ҳамин ноҳия ва баъдтар муддати беш аз 20 сол дар вазифаҳои масъулу роҳбарикунандаи самти истеҳсолоти кишоварзӣ аз сарзоотехнику агроном, раиси хоҷагию сардори идораи пиллахушккунӣ то роҳбари раёсати кишоварзӣ дар ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритӯс кор кардааст.
Аз моҳи июни соли 2012 сардори идораи кишоварзии ноҳияи Шаҳритӯс буд.
1 марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.[2]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ вакилони Маҷлиси намояндагон. 10 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 сентябри 2017.
- ↑ Ҳакимов Ориф Марифович(пайванди дастнорас)
Пайвандҳо
вироиш- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V Бойгонӣ шудааст 21 сентябри 2017 сол.</ref>