Очилбой Усмонович Усмонов (зод. 1930, ноҳияи Ғафуров, вилояти Суғд) — доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ (1975), профессор (1979). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1997). Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1996). Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991).[1]

Очилбой Усмонов
Очилбой Усмонович Усмонов
Очилбой Усмонов
Очилбой Усмонов
Таърихи таваллуд 31 август 1930(1930-08-31) (94 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ғафуров ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ ҳуқуқшиносӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Шӯрои санҷиши лоиҳасозии қонунгузории Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин
Ҷоизаҳо

Медали «Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Илич Ленин», Медали «Ветерани меҳнат»

, Медали «Панҷоҳсолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945», Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1996). Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991).

Зиндагинома

вироиш

Усмонов Очилбой Усмонович 31 августи соли 1930 дар деҳаи Қистақуз (Хистеварзи имрӯза)-и ноҳияи Хуҷанд (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) таваллуд шудааст. Солҳои 1940 мактаби миёнаи №7 ба номи Чкалов ва ба номи Камоли Хуҷандии ноҳияи Хуҷандро хонда, соли 1950 мактаби миёнаро бо муваффақият хатм намудааст. Соли 1950 ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин дохил шуда, соли 1955 донишгоҳи номбурдаро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм намудааст. Худи ҳамон сол ба сифати ассистенти кафедраи ҳуқуқи маданӣ ба донишгоҳи мазкур қабул мешавад. Соли 1962 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Шартномаи хариду фурӯши чакана дар системаи савдои давлатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон (аз руи маводи ҶШС Тоҷикистон)” дифоъ намудааст. Солҳои 1962-1963 узви Коммисияи ҳуқуқии назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон солҳои 1962-1965 муаллим, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин ва аз соли 1962 то давраи дар қайди ҳаёт будан узви Шӯрои илмии ДДМТ кору фаъолият намудаанд. Соли 1965 дотсенти кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва солҳои 1972-1975 мудирии кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДДТ–ро ба уҳда дошт.

23 январи соли 1977 дар мавзӯи “Таърихи пайдоиш ва инкишофи қонунгузории гражданӣ дар ҶШС Тоҷикистон дар давраи сохтмони сотсиализм” дар Шӯрои илмии Институти давлат ва ҳуқуқи АИ ИҶШС рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, бо қарори Комиссияи Олии аттестатсионии назди Шӯрои Вазирони ИҶШС аз таърихи 13 июли соли 1979 сазовори унвони илмии профессори кафедраи ҳуқуқи граждании ДМТ шуд.

Солҳои 1975- 1981 декани факултети ҳуқуқшиносии ДДТ кору фаъолият намуда, аз соли 1983 мудири кафедраи ҳуқуқи мадании факултети мазкурро бар уҳда дошт. Солҳои 1986 - 1992 узви Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии Тошканд ва Академияи илмҳои Ӯзбекистон оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва доктори илмии ҳуқуқшиносӣ, солҳои 1988-1992 мудири Шуъбаи ғайриштатии оид ба ҳуқуқи рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ”, солҳои 1989-1992 узви Кумитаи назорати Конститутсионии ИҶШС солҳои 1992-1995 Раиси Шӯрои экспертӣ оид ба лоиҳаҳои қонунгузорӣ дар назди Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 то соли 2005 муовини Раиси Шӯрои илмии ДДМТ оид ба ҳимояи рисолаи номзади илми ҳуқуқшиносӣ аз соли 1995 то соли 2005 Раиси Шӯрои экспертӣ оид ба лоиҳаҳои қонунгузорӣ дар назди Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995 Роҳбари гуруҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси мадании моделӣ барои кишварҳои аъзои ИДМ, соли 1996-2005 Роҳбари гурӯҳи кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коркарди лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1997 то соли 2005 сармуҳаррири маҷаллаи илмии “Давлат ва ҳуқуқ” факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба зимма дошта, пурмасъулият кору фаъолият намудааст.

Даргузашт

вироиш

Очилбой Усмонов таърихи 7 июни соли 2006 дар натиҷаи беморӣ дар синни 76-солагӣ аз дунё гузаштааст, ки ин як талафоти зиёд барои олимони соҳаи ҳуқуқи гражданӣ ва умуман захираи илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин»,
  • Медали «Ветерани меҳнат»,
  • Медали «Панҷоҳсолагии ғалаба дар Ҷанги Бузургии Ватании солҳои 1941-1945»,
  • Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1996).
  • Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991).
  • Усманов О.У. История становления и развития советского гражданского законодательства Таджикской ССР в период строительства социализма: дис... д-ра юрид. наук: 12.00.01 / Усманов Очилбой Усманович. – Ташкент, 1975. – 321 с.
  • Усманов О.У. Становление советского гражданского права в Таджикистане. – Душанбе: Ирфон, 1973. – 159 с.

Адабиёт

вироиш
  • Усмонов Очилбой // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).
  • Усмонов Очилбой Усмонович. // «Аз ҷустуҷӯ то қуллаи камолот». Бахшида ба «50-солагии факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ» // мураттиб ва муаллифи сарсухан М. А. Маҳмудов // Душанбе: «Диловар» — 1999, С. 38-41
  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.