Шодизода Парвиз Шодибойиқтисодчӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Парвиз Шодизода
Шодизода Парвиз Шодибой
Таърихи таваллуд: 11 октябр 1973(1973-10-11) (51 сол)
Зодгоҳ: Панҷакент , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Шодизода Парвиз Шодибой 11 октябри соли 1973 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Миллат тоҷик. Соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва соли 2019 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро хатм намудааст. Ихтисос - молшиносии молҳои саноатӣ, молия ва қарз. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент буд.

  • Солҳои 1990-1994 - Донишҷӯи Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
  • Солҳои 1994-1999 - Ассистенти кафедраи «Молшиносӣ ва тиҷорат»-и Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
  • Солҳои 1999-2002 - Корманди Ҷамъияти матлуботи шаҳри Панҷакент
  • Солҳои 2002-2006 - Муовини аввали (озоди) раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент
  • Солҳои 2006-2014 - Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент
  • Аз июли соли 2014 то с.2020 - Муовини раиси шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд.

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]

Сарчашма

вироиш