Партия (мусиқӣ) — сароиш, навозиш (лот. part – ҷузъ, қисм), ҷузъи таркибии асари мусиқиест, ки ба ягон овози алоҳида супорида мешавад, ҳамчунин ба гурӯҳи овозҳои якхела ё созҳо. «партия» номида мешавад, мас., амалиёти нақши ягон нафар иҷрокунандагони опера (партияҳои Мадан, Содиқ, Нигина дар операҳои ҳамном ва ғайра).

Партия (мусиқӣ) — дар квартети торӣ партияи скрипкаи 1-ум, скрипкаи 2-юм, алт, виолончелро аз ҳамдигар фарқ мекунанд; дар оркестри симфонӣ - партияҳои созҳои алоҳида ё гурӯҳиро (мас., партияи скрипкаҳои 1-ум, виолончелҳо ва ғайра), дар оркестри созҳои миллӣ - рубобро аз чанг, найро аз ғижак ва ғ.

Истилоҳи «партия» барои муайян сохтани фосилаҳои шакли соната (партияи асосӣ, партияи ғайриасосӣ) низ истифода бурда мешавад.[1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.296. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)