Помириҳо
Помириҳо, тоҷикони Бадахшон — як гурӯҳи қавмии эронитабор аст, ки аксарияти ҷамъияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеъ дар ҷануби шарқи Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Бархе аз онҳо ҳам дар вилояти Бадахшон дар шимоли шарқи Афғонистон ва Туркистони Шарқӣ дар шимоли ғарби Чин, зиндагӣ мекунанд.
Шумора |
|
---|---|
Забон | забонҳои помирӣ |
Гурӯҳҳои қавмӣ | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Нажод ва забон
вироишТоҷикони Бадахшон вахониҳо, ишкошимиҳо, шуғнониҳо, рушониҳо, баҷуйҳо, бартангиҳо, язғуломиҳо, асбагиҳо ва сангличиҳо сарикӯлиҳоро гӯянд. Аз ҷиҳати антропологӣ ба нажоди помиру фарғонагӣ мансубанд. Диндорон мусулмонони исмоилимазҳабанд. Дар оила ба забонҳои помирӣ гап мезананд. Забони адабӣ ва гуфтугӯии байни мардумони Бадахшон аз қадим тоҷикӣ буд ва осори илмию адабии аҳли маданияти онҳо ба ин забон навишта шудааст.
Таъриху фарҳанг
вироишДар ибтидои асрҳои миёна дар сарзамини Помир сакоиҳо маскун буданд ва минбаъд дар заминаи онҳо халқиятҳои Бадахшои ташаккул ёфтанд. Раванди ташаккули халқиятҳои Бадахшон якчанд аср давом кард.
Помириҳо дар иқтисод, фарҳанги моддию маънавӣ ва муносибатҳои иҷтимои умумияти зиёде доранд. Онҳо чун тоҷикони водии кӯҳистон аз қадим асосан ба деҳқонию чорводорӣ машғул буданд. Деҳқонон гандум, ҷав, ҷавдор, нахӯд, боқило ва ғайра кишт мекарданд. Дар чорводорӣ бошад, буз, гӯсфанд, қӯтос ва асп мавқеи калон дошт. Умуман хоҷагии халқиятҳои Бадахшон то Инқилоби Октябр натуралӣ буда, аҳолӣ эҳтиёҷоташро бо маҳсулоти истеҳсолкардаи худ таъмин менамуд. Дар байни бадахшониҳо баъзе навъҳои ҳунармандӣ — бофандагӣ, харротӣ, ҷуроббофӣ, заргарӣ, косатарошӣ, оҳангарӣ ва ғайра ривоҷ ёфтаанд.
Маданиятн моддии халқиятҳои Бадахшон (истиқоматгоҳ, сарулибос, хӯрок) пеш қариб як хел буд. Деҳаҳо одатан дар водии дарёҳо, доманакӯҳҳо ва нишебиҳо бунёд меёфтанд. Ҳар деҳа аз 10 то 50 хонавода дошт. Манзилгоҳҳон халқиятҳои Бадахшон ба хонаҳои тоҷикони Дарвоз хеле монанд буданд.
Дар гузашта сарулибосро аз матоъҳои дастбофт медӯхтанд. Дар Язғулом, Рушон, Шуғнон баъзан карбос (барои курта) мебофтанд. Либоси мардона асосан аз куртаи пашмӣ ё карбосӣ, эзор (тамбун) ва чакмани пашмӣ иборат буд. Онҳо ҷуробу чоруқи кӯтоҳи тагаш нарм (пех) ва кафши чӯбӣ мепӯшиданд.
Дар арафаи Инқилоби Октябр дар байни халқиятҳои Бадахшон муносибатҳои патриархалию авлодӣ вуҷуд доштанд. Ҳар як авлод (дар язғуломиҳо қавм, дар шуғнониҳо гуру, дар вахонихо тух, дар ишкошимиҳо кунда) бо хешутаборӣ (аз тарафи падар) ба ҳам алоқа доштанд. Асоси оилаҳои халқиятҳои Бадахшонро оилаи калон ташкил медод, ки дар он роли асосиро мардҳо мебозиданд. Занҳо дар оила нисбатан озод буданд.
Фарҳанги маънавии помириҳо низ ҷиҳатҳои хоси худро дошт. То Инқилоби Октябр аксари аҳоли бесавод буд. Дар чанд мактаби диние, ки дар Помир вуҷуд дошт, асосан фарзандони давлатмандон таҳсил мскарданд. Баъди ба Россия ҳамроҳ шудани Помир дар Хоруғ як мактаби маҳаллии русӣ кушода шуд. Эҷодиёти даҳонии халқиятҳои Бадахшон ғанӣ ва гуногунмазмун буд. Онҳо афсона, зарбулмасалу мақол, суруду қиссаҳо меофариданд. Сурудҳои лалаик, дудувик, даргилик (намудҳои сурудҳо) бештар паҳн гардида буданд. Асбобҳои мусиқии халқиятҳои Бадахшон аз рубоб, панҷтор, танбӯр, ғижак, най, сурнай, доира, тавлак ва ғайра иборат буд.
Баъди барпо гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти халқиятҳои Бадахшон тағйироти куллӣ ба амал омад. Қисми зиёди халқиятҳои Бадахшон дар хоҷагиҳои коллективӣ муттаҳид гардиданд. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ дар Помир мутахассисони зиёди маълумоти олидор ба камол расиданд ва ҳоло онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва илму маданият кор мекунанд. Дар ИҶШС мардумони Бадахшон тадриҷан бо тоҷикон омезиш ёфта, миллати ягонаи сосиалистиро ташкил медиҳанд (ҳангоми барӯйхатгирии аҳолӣ соли 1970 ҳамаи сокинони ВМКБ худро тоҷик номиданд).
Помириҳое, ки дар хориҷа маскунанд, тарзи зиндагии анъанавии худро маҳфуз дошта, ба деҳқонӣ, чорводорӣ, шикор ва ҳунармандӣ машғуланд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Халқиятҳои Бадахшон / М. Раҳимов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).