вироиш  

Портали Экология

Экология (аз юнонӣ: οικος — хона, и λόγος — илм) Дар замони хозира худи калимаи экология маънои хеле васе дорад, нисбат ба дахсолаи аввали тараққиёти ин илм. Дар баъзе мавридҳо дар зери масъалаи экология, масъалаи мухофизати муҳити зистро мефаҳмонад (боз Энвайронментализм). Бисёр вақт омехташавии ин андешаҳо дар он аст, ки офатҳои зарарасони одам ба муҳити зист алоқамандии зич дорад, вале дар хориҷа, масалан, бисёри вақт фаҳмиши калимаи ecological (калимаи англисӣ буда ба ин илм алоқаманд аст) ва environmental (калимаи англисӣ буда, ба муҳити зист алоқаманди дорад).

Экология – илм дар бораи муносибати байни организмҳои зинда ва муҳити зисти онхо мебошад. Экология ҳамчун илм ба фаҳмиши функсиякунонии экосистемаҳо, муносибати байни организмхои зинда ва мухити зисти онҳо, шартҳои тараққиёт ва баробарии хамин гуна системаҳо равона карда шудааст. Муносибати байни одам ва табиат ҳамчунин ашёи омузиши экология шуда метавонад. Бештар...

вироиш  

Мақолаи барҷаста

вироиш  

Акси барҷаста

вироиш  

Зиндагиномаи барҷаста

вироиш  

Оё шумо медонед...

Оё шумо медонед? 1. Ягона ғизое, ки вайрон намешавад ин Асал мебошад. 2.Як дарахт дар давоми як сол тақрибан 27-килограмм ҳавои ифлосро (карбон)-ро тоза мекунад. 3.60% дарсади ҳаёт дар зери об мавҷуд аст. 4.Ифлостарин ҳавои атмосфери дар шаҳри бузургтарини Ҷумҳурии Исломии Эрон буда дар 1 шабонарӯз тақрибан 27 нафар одам аз ҳисоби ҳавои ифлос мефавтанд.

вироиш  

Порталҳои алоқаманд

[[{{{link}}}|   ]]
Портал:Биология
[[{{{link}}}|   ]]
Портал:Биотехнология
[[{{{link}}}|   ]]
Портал:Заминшиносӣ
Биология Биотехнология Заминшиносӣ
[[{{{link}}}|   ]]
Портал:Энергия
Энергия
вироиш  

Ахбори Экология

вироиш  

Гурӯҳҳо

вироиш  

Ситатаҳо

вироиш  

Мавзӯҳои Экология

Амнияти экологи, пеш аз њама, ќисми таркибии амнияти миллї ва байналмиллалӣ аст, ки бо њолати муњити атроф (захирањои табии, об атмосфера, замин, олами растани ва њайвонот) алоќаманд аст ва пайдоиши бўњронњои экологї ва офатњоро, ки ба мављудият ва фаъолияти муътадили одам (љамъият) тањдид мекунад, пешгирї мекунад.1 Бадшавии экология солњои тўлонї ба таври анъанавї њамчун тањдид ба амнияти давлатии на танњо Тољикистон, балки њамчун амнияти љумњурињои Осиёи Марказї баррасї намешуд. Мисол, захирањои обии бањри Арал аз солњои 60-ум, ваќте, ки роњбарияти ИЉШС ќарор кард, ки истењсоли пахтаро дар Осиёи Миёна зиёд мекунад, њаљми оби ба бањри Арал дохил мешуда, аз 60 метри кубї ба 60 километри кубї дар як сол фаромад. Обњои ба Арал мерехта бо нурињо ва моддањои химиявї ифлос карда шуда буданд, ки аз тарафи муассисањои кишоварзї ќад-ќади маљрои онњо истифода бурда мешуданд. Ин омил дар якљоягї бо намакдор шудани об аз солњои 80-ум таќрибан ба 60% зиёд шудани беморињои респираторї, њамчунин беморињои бо саратон ва камхунї алоќаманд оварда расонд. Аз се як њиссаи ањолии дар атрофии бањри Арал мезистагї, аз камхунї азоб мекашанд. Аммо ягон љумњурии Осиёи Миёна ба танњои муаммои бањри Аралро њал карда наметавонанд. Масъалаи оби ошомиданї имрўз на танњо масъалаи иљтимої-иќтисодї ва сиёсї балки яке аз масъалањои муњими амниятї мебошад. Имрўз, бо сабабњои маълум, бадшавии вазъи экологї њамчун тањдидба амнияти миллї баррасї намешавад. Баъзан камшавї ва ё пурра тамомшавии захираи табиї сабаби пайдошавии муноќишањо ва тањдиди амнияти миллї мешаванд. Яке аз масъалаи дигар ин масъалаи кули Сарез мебошад, ки имрўз на танњо тањдиди дохилї, балки масъалањои берунаи экологии башарият аст. Кули Сарез дар баландии 3262 метр воќеъ аст. Оби софи дар њаљми 17,3км3 љамъшуда, метавонад ањолии тамоми љањонро дар тўли як сол бо оби ошомиданї таъмин намояд. Ин љо тањдиди потенсиалии кўли Сарезро дар Помир бояд махсус ќайд кард. Дар натиљаи заминљунбии соли 1911 пайдо шуда, ин обанбор имрўз зиёда аз 17 кубокилометр об дорад. Айнан њамин миллиард кубометр об њамон «Бомбаи Мурѓоб»аст, к ибо ќудрати он ягон яроќи ќатли ом аз тарафи одам сохташуда баробар шуда наметавонад. Миќдори азими об дар ин љо на танњо бо сарбанди табиї нигоњ дошта мешавад, ки мустањкамии он дар тўли зиёда аз 90 соли мављудияти кўл бештар зери шубња гузошта мешавад. Рахнаи ин сарбанд бо сели серобе тањдид мекунад, ки метавонад масоњати 52 њазор километри квадратиро пахш кунад. Аз ин «сунамї» зиёда аз 5 миллион одам зарар мебинад, иншоотњои хољагии халќ, майдонњои кишоварзї, олами наботот ва њайвонот дар њудуди чор давлат – Тољикистон, Узбекистон, Туркманистон ва Афѓонистоннест карда мешаванд. Мушкилотњои њозираи экологї Таи дањсолањои охир истењсолу истифодаи захирањои табиї дар тамоми минтаќањои дунё афзуд. Сабаби асосии афзудани истифодаи сарватњои табиї- зиёдшавии шумораи ањолии сайёра ва тараќќии босуръати техника мебошад. Дар натиља истеъмоли захирањои табиї низ афзуд, ки сабаби ким ё нест шудани баъзе аз боигарињои табиат гардид. Инќилоби илмию техникї яке аз омилњои пурќуввати инкишофи љамъият мебошад. Њоло таъсири инсон ба биосфера босуръат афзуда истодааст. Аз ин рў, дар сатњи сайёраи Заамин ягон нуќтаеро дарёфт намудан мумкин нест, ки ба он таъсири фаъолияти гуногунљабњаи инсон нарасида бошад. Одамон фаъолияти худро њоло ба он равона намудаанд, ки сараввал табиатро ба фоидаи худ таѓйир дињанд. Њар лањза истеъмолу истифодаи зиёди сарватњои табиї ба назар мерасад. Ин аст, ки дар ќитъаи Амрико миќдори подаи безонњо, дар Осиё- говмешу оњуњњо ва дар минтаќањои гуногуни сайёра шумораи дарандагон монанди палангу шер, леопарду пантера ва ѓайра кам ва филҳо қариб, ки нест шудаанд. Дар сатҳи уқёнусҳо бошад, шумораи наҳангҳо хеле кам ва парандаҳо қариб нест шудаанд. Аз растаниҳо бошад, шумораи зиёди намудҳои растаниҳо нест шудаанд, ки ин ҳодисаҳо мушкилоти гуногуни умумибашарии экологиро ба амал овардаанд. Аз ҷиҳати ба амал омадан ва сатҳи таъсирашон ба организмҳо масъалаҳои умумибашарии экологӣ хеле гуногун бада, муҳимтарашон инҳоянд: Баландшавии ҳарорати сайёра Шароити ба амал омадан ва тараққӣ намудани ҳаёт дар сатҳи сайёра, атмосфера мебошад, ки атрофии онро муњити газӣ иҳота кардааст. Аҳамияти ҳавои атмосфера барои табиат зиёд ва гуногунҷабҳа мебошад. Масалан Офтоб сўи сайёраи Замин миқдори зиёди энергияро равона мекунад, лекин ба сатҳи замин он миқдор энергия мерасад, ки барои фаъолияти мўътадили организмҳои зинда зарурӣ аст. Боќимондаи энергияи Офтоб ё дар таркиби атмосфера ҷаббида нест карда мешавад ва ё ба сатҳи кайњон бебозгашт баргардонида мешавад. Агар чунин намешуд, ҳаёт ҳам вуҷуд намедошт. Чунки агар атмосфера намебуд, рўзона Офтоб сатҳи заминро то 100-дараҷа гарм ва шабона то 100-дараҷа хунук мекард. Муътадилии ҳолати атмосфера ба мӯътадилии элементҳои таркиби вай вобаста буда, тайӣ чанд даҳсолаи охир ин элементҳо хеле коҳиш ёфтааст. Сабабњои номўътадилии атмосфера гуногун буда, бештар ба фаъолияти худи одамон вобаста аст. Яке аз сабаби асосии ифлосшавии атмосфера партовҳои нақлиёти автомобилӣ ва ҳавоӣ мебошад. Тибқи иттилои олими фаронсавӣ Ж. Детри як тайёраи реактивӣ дар муддати як соати парвози худ меъёри яксолаи оксигени барои нафаскашии 180-200 ҳазор нафарро сарф менамояд. Мошини сабукрав бошад дар вақти 1000км роҳро тай намудан меъёри яксолаи оксигени ронандаашро сарф менамояд. Сабаби дигари ифлосшафии атмосфера нерўгоҳҳои нафти ва истифодаи барзиёди газҳои табиӣ мебошад. Дар чунин њолат агар аз ҷониби башарият ягон чораи ҷиддие дида нашавад, он гоҳ тақрибан то нимаи садаи XXI ҳарорати сайёраи замин ба то 4-5 дараҷаи дигар афзоиш ёфта шиддати гармои Сайёраи Замин баланд мешавад. Чунин баландшавии умумии ҳарорат дар сатњи сайёраи замин натиҷаҳои номатлуб меорад. Масалан, аз як тараф раванди ба амал омадани биёбонҳо тез мегардад, аз тарафи дигар, сатҳи уқёнусҳои сайёра аз ҳисоби пиряхҳои обшуда баланд мешаванд, ки ин ҳодисоти табиӣ хатари ҷиддист. Аз ин рў, агар дар садсолаи охир сатњи оби уќёнусҳо 10-12см баланд шуда бошад, пас то соли 2050-ум эҳтимоли баландшавии сатҳи оби уқёнусқо то 150см имкон дорад. Баландшавии оби уқёнусҳо барои мамлакатҳои назди баҳрӣ ва шаҳрҳои алоҳида аз қабили Амстердам, Венетсия, Рио-де-Жанейро, Санкт-Петербург ва ѓайра мушкилотҳои ҷиддиро ба амал меоварад. Ғайр аз ин мамлакатҳои араб зери об монда, то 15% майдони Миср, то 4% майдонҳои кишти Бангладеш аз истифода баромада, заминҳои зиёде ба шӯразорҳо табдил меёбанд. Масъалаи дигари экологӣ, ин хавфи хароб гардидани қабати озонии атмосфера-озоносфера мебошад, ки танҳо дар сурати 1% камшудани ќабати озонии таркиби атмосфера шумораи маризињои саратони пўст то 5-7% меафзояд. Ин нишон медиҳад, ки танҳо дар минтаќаи Аврупо соле то 6-9 ҳазор нафар гирифтори ин бемории шадид мегарданд. Барои ҳалли ин проблемаи глобалии экологӣ соли 1985 дар Вена гуфтугўи байналхалқӣ барпо гардид, ки «Конвенсияи Венаро оиди ҳифзи қабати озонӣ» қабул намуд. Аммо ҳамаи имзокунандагон ба хулосаи ягонаи кам кардани партовҳои зиёновар наомаданд. Ҳоло соле, ба оби уқёнусҳо мииллиардҳо тонна моеъҳои зарарнок омехта мешаванд, ки сабаби нест гардидани организмҳои обӣ гардидааст. Мувофиқи ахбори расонаҳои гуногун ҳоло зиёда аз 20 давлати дунё, ки шумораи аҳолиашон аз 132 миллион нафар зиёдаст, аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанду 2,4миллиард нафар оби пурра тоза накардаро истеъмол менамоянд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомали Рањмон дар маќолаи хеш «Тоҷикистон дар остонаи асри XXI», ки 7-уми декабри соли 2000 дар саҳифаҳои рўзномаи «Независимая газета»-и Федератсияи Руссия ба табъ расида буд, сатҳи экологии Осиёи Марказиро дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима ќарор дода, зикр намудааст, ки дар натиҷаи гармшавии ҳарорати сатҳи сайёра дар давоми 50 соли охир3/1 ҳиссаи захираи оби яке аз пиряхҳои калонтарини Осиёи Марказӣ Федченко кам шудааст. Қурбонов Муҳаммад.

вироиш  

Викимедиаҳои Алоқаманд”

Кеши сервер холи карда шавад