вироиш  

Портали Зиндагинома

Зиндагинома ва ё Биография ин маълумоти хаттӣ дар бораи шахсе мебошад. Дар китобҳо ва донишномаҳо маълумот дар бораи фаъолият, зисту зиндагонӣ, эҷодиёти олимон, нависандагон, шоирон ва сарварон ва умуман шахсони муътабар сабт карда мешавад. бештар...

вироиш  

Мақолаи барҷаста

Адаш Истад (Истадов)- (7 сентябри соли 1946), насрнавис ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик. Дорандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ. Узви Иттифокҳои нависандагон (1975) ва журналистони Тоҷикистон.

Зиндагинома

Адаш Истад (Истадов) 7 сентябри соли 1946 дар деҳаи Ӯташиқи ноҳияи деҳотии Самарқанди вилояти Самарқанд ба олам омадааст. Соли 1964 ба факултаи суханшиносии тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуда онро соли 1969 хатм мекунад. Фаъолияти рӯзноманигориро А.Истад соли 1969 дар идораи рӯзномаи ҷумҳуриятии “Комсомоли Тоҷикистон” ба сифати ходими адабӣ шурӯъ кардааст. Сипас ӯ дар идораи рӯзномаи “Маданияти Тоҷикистон” (сипас он “Адабиёт ва санъат” ном гирифт), идораи радиои Тоҷикистон дар шӯъбаҳои гуногун адои вазифа мекунад. Адаш Истад соли 1975 узви Иттиҳодияи адибони шӯравӣ гардид. Соли 1990 барои як силсила мақолаҳои дар руҳияи ошкорбаёнӣ навиштааш ӯ ба мукофоти ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мушарраф шуд. А.Истад то соли 1993 дар идораи ҳафтаномаи адабии “Адабиёт ва санъат” ба сифати муовини сардабир адои вазифа мекард. Ӯ соли 1993 ба Самарқанд баргашта дар идораи “Овози Самарқанд” дар вазифаи мудири шуъбаи маънавиёт ва баъд дар рӯзномаи “Овози тоҷик” паёмнигори вилоятӣ гардид. А.Истад ҳоло бознишаста буда дар деҳаи Боги тиллои ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанди Ӯзбекистон умр ба сар мебарад ва бо корҳои эҷодӣ машгул аст. Моҳи феврали соли 2008 Веб-блоги худ «Герби шердор»-ро таъсис намуд, ки дар он шеъру ҳикояҳо ва мақолаҳояшро мегузорад.

Эҷодиёт

Рӯзноманигорӣ, кор дар идораҳои нашрияҳои ҷумҳурӣ ва вилоятӣ, радио машғулияти асосии А.Истад аст. Мақолаҳои машҳури А.Истад асосан ба эҳёи фарҳанги ғании миллӣ бахшида шудаанд. Агар дар мақолаи “Анъанаи нек куҷост?” (“Адабиёт ва санъат”, 11 августи с.1988) ӯ дар бораи эҳёи маданияти либоси тоҷикӣ ҳарф занад, “Номҳо – нишони маърифат” (“Адабиёт ва санъат”, 8 декабри соли 1988) дар бораи суннати номгузории миллӣ баҳс мекунад. Вале мақолаҳои дигари ӯ чун “Забони миллат – пояи миллат” (“Комсомоли Тоҷикистон”, 7 декабри соли 1988), ”Хоҷа Аҳрор кӣ буд?” (“Тоҷикистони советӣ “, 27 ноябри соли 1988), “Расмулхати бобоӣ – нури басари моӣ!” (Адабиёт ва санъат”, 2 ноябри соли 1989), “Миллати тоҷикро тақсим накунед!” (“Адабиёт ва санъат”, 5 августи соли 1991), “Рамзҳои миллӣ кадомҳоянд?” ва ғайра дар байни зиёиён гарм пазироӣ шуда буданд. Асосан рӯ овардани адиб ба масъалаҳои тунду тези эҳёи фарҳанги миллӣ аз чопи мақолаи ӯ “Интернационализм аз чӣ сар мешавад?” (“Адабиёт ва санъат”, 28 маи соли 1987) оғоз ёфт, ки барои он муалиф ба танқиди доимии котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон П.Лучинский дучор шуда буд. Аммо бозсозӣ ва ошкорбаёнии горбачевӣ, ки аллакай оғоз ёфта буд, ба адиб имкон медод, ки масъалаҳои доғи ҷомеаро чун солҳои собиқ дар ҳикояҳои фантастикӣ нею ба воситаи мақолаҳ ои рӯшодгӯёнаи публисистӣ ифода кунад. Ӯ радиопйесаеро бо номи “Таркиш” навишт, ки он дар хазинаи радиои тоҷик ҳамчун аввалин пйесаи махсус барои радио ба тоҷикӣ навишташуда нигоҳ дошта мешавад. Ҳикояҳои илмӣ – хаёлии А.Истад аз соли 1966 ин ҷониб чоп мешаванд. Маҷмӯаҳои ӯ “Мавҷи хаёлот”(1970), “Суруди офтоб” (1974), “Замир”(1978), “Дарахти пахтачормағз” (1981), “Баъди ҳазор сол” (1988) ҳикояҳои дар жанри илмӣ – фантастикӣ навиштаи ӯро дар бар гирифтаанд. А.Истад барои бачаҳо афсонаҳои адабӣ низ навиштаст. Асоси афсонаҳои ӯро ривоятҳои мардумие ташкил додаанд, ки худ аз мардуми Самарқанд солҳ ои гуногун шунидааст. Чунин афсонаҳои адабӣ дар маҷмӯаҳои ӯ “Парвози меъмор” (1985) ва “Чароғи сеҳрнок” (1989) чоп шудаанд. А.Истад дар жанри насри таърихӣ низ қувва озмудааст. Силсилаи ҳикояҳои таърихии (маҷмӯаҳои) “Борбад” (ба заб.русӣ) ва “Ҳикояҳо аз рӯзгори Борбад” (1990)-и ӯ аз рӯзгори мусиқори бузурги Осиёи Марказӣ Борбади Марвазӣ нақл мекунад ва дар шакли китоб ба забонҳ ои тоҷикӣ ва русӣ ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи нави насру назми ӯ соли 2008 бо номи «Оҳангҳои Самарқанд» дар Душанбе чоп шуд. А.Истад муаллифи бисёр ҳикояҳои ҳаҷвӣ низ мебошад, ки онҳо дар маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак”, маҷаллаи адабии “Садои Шарқ”, рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” ва дигар нашрияҳо рӯи чопро дидаанд. А.Истад муаллифи мазҳакаҳои “Хӯса”(1995) ва “Шайтонпарӣ” (1996) низ мебошад. Театр-студияи “Овози Самарқанд” мазҳакаи “Хӯса”-ро соли 1995 дар таҳияи Артисти халқии Тоҷикистон Бурҳон Раҷабов дар Самарқанд ба саҳна гузошт. Соли 1989 Адаш Истад дар маҷаллаҳои “Чашма” ва “Родник” барои хурдтаракон як силсилаи ҳикояҳоро ба табъ расонид, ки онҳо “Саргузашти Нахӯдак” номида шудаанд. Дар ин ҳикояҳо қаҳрамони афсонаҳои халқии тоҷикӣ Нахӯдак симои замонавӣ пайдо карда ба як персонажи барои хурдтаракон шавқовар ва ибратомӯз табдил меёбад. Ин асарҳо давоми сабки афсонабофии бадеии ӯст, ки дар маҷмӯаҳои афсонаҳои ӯ равшан зоҳир шудаанд. Ҳикояҳои Адаш Истад ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, украинӣ, белорусӣ, чехӣ, қирғизӣ, туркманӣ, озарӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шудаанд. Адаш Истад низ бисёр ҳикояҳо ва радиопйесаҳои адибони кишварҳои гуногунро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Ҳафт ҳикояи хаёлӣ ва фалсафии А.Истад ба забони русӣ дар маҷмӯаи “Вселенское время” (нашриёти “Адиб” Душанбе , 1988) дар тарҷумаи Л.Синицина, М.Табачников ва В.Чередниченко ба табъ расидаанд.

Эҷодиёт дар Самарқанд

Зинаи нави эҷодиёти адиб баъди бозгашти ӯ ба Самарқанд соли 1993 оғоз меёбад. Дар рӯзномаҳои “Овози тоҷик” ва «Овози Самарқанд» соли 1994 паи ҳам ҳикояҳои “Домоди якрӯза”, “Кӣ чӣ мехонад?”, “Иқтисоди бозор дар оила”, “Рӯзи охирин” (дар бораи Мирзо Улуғбек), “Санги сарнавишт” чоп шуданд ки аз ҷониби аҳли адабу фарҳанг баҳои баланде гирифт. Дар рӯзномаи “Овози Самарқанд” (25 октябри соли 1994) ба ин ҳикоя тақризи доктори улуми филологӣ, профессор Садрӣ Саъдиев чоп шудааст. Ин ҳикояро баъд рӯзномаи “Овози тоҷик” (29 апрели соли 1995) ва рӯзномаи вилоятии Самарқанд “Зарафшон” (10 сентябри соли 1995 ба забони ӯзбекӣ дар тарҷумаи Ҷамол Сироҷиддин) ба табъ расониданд. Соли 1995 А.Истад дар рӯзномаҳои “Овози тоҷик” ва “Овози Самарқанд” ҳикояҳои “Нардбони Ҳоҷа”, “Даҳшатқул”, “Мазори деҳаи Муғон” ва “Пир дар осмон”-ро ба табъ расонид, ки як тарзи инъикоси бадеии қишри рӯҳонии ҳаёти маънавии Самарқанд аст. бештар...

вироиш  

Акси барҷаста

Мирсаид Миршакар - шоир, ходими ҷамьиятӣ, Шоири халқии Тоҷикистон (1962).

вироиш  

Зиндагиномаи барҷаста

Басир Расо - журналист, шоир, нависанда, сармуҳаррири моҳномаи «Хорпуштак» ва адиби шинохтаи тоҷик буд. Узви Кумисюни оштии миллӣ. «Ходими шоистаи маданият» ва нишони «Аълочии матбуоти тоҷик». Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1962) ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1971)

бештар...

вироиш  

Оё шумо медонед...

вироиш  

Ахбори Зиндагинома

вироиш  

Порталҳои алоқаманд

вироиш  

Гурӯҳҳо

вироиш  

Ситатаҳо

Зиндаву ҷовид монда ҳар, ки накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Дар бораи таъсири Аҳмади Дониш дар роҳи тараққиёти минбаъдаи адабиёти тоҷик ва махсусан насри бадеии он Садриддин Айнӣ чунин гуфтааст:
«Дар ҳамон вақтҳо (яъне дар вақти барои аввал хондани «Наводир-ул-вақоеъ» дар солҳои 1897 - 1898) ман орзу мекардам, ки «бояд кас насрнавис шавад ва агар ин мақсад ба даст дарояд, монанди Аҳмад Махдум насрнавис шавад, ки воқеаҳоро дар пеши хонанда бо забони сода муҷассам кунонда нишон дода тавонад… Фикри соданависӣ ҳам дар ман баъд аз шинос шуданам бо «Наводир-ул-вақоеъ» пайдо шуд, чунки забони ин китоб ба хонандагони замони ҳозира хеле душвор намояд ҳам (ва дар ҳақиқат хеле душвор ҳам ҳаст), дар он замонҳо, ки ман ба ин китоб ошно шудам, нисбат ба дигар китобҳо ва аз он чизҳо, ки иншонависони ҳамон замон менавиштанд, хеле осон буд»
Рӯзе дар хонаи нависанда Ҷалол Икромӣ нишасте ба ифтихори Бобоҷон Ғафуров барпо шуд. Иддае аз аҳли илму адаб гирд омаданд. Аз ҷумла Мирзо Турсунзода ва профессор Иосиф Самойлович Брагинский ҳозир шуданд. Яке аз аҳли нишаст Бобоҷон Ғафуровро шодбош гуфт ва таъкид кард, ки чун Ғафуров ба унвони сарвари Тоҷикистон (солҳои 1946-1956) ва донишманди забардасте барои миллат хидматҳои бузург кардааст, бахусус пас аз чоп шудани китоби «Тоҷикон» месазад, ки ӯро падари миллат бигӯем. Б. Ғафуров сухани ӯро бурид ва гуфт:
«Камина падари миллат нестам, фарзанди миллат ҳастам, ки мехоҳам хидмат кунам. Падари миллат устод Айнӣ буд, ки барои умри дубора ёфтани тоҷикон бештар аз ҳар касе мубориза кардааст ва ба ғалаба расидааст.»
Ин сухани Ғафуров ба аҳли маҷлис хуш омад. Аввал рӯҳу равони падари миллатро табрик хонданд ва баъд фарзанди миллатро шодбош гуфтанд.[1]


Чунончи, дар сарсухани китоби "Тоҷикон" Бобоҷон Ғафуров менависад:
«Китоби якӯм аз чор фасл иборат аст. Фасли якум ба тавсифи сохти ҷамоати ибтидоӣ дар Осиёи Миёна бахшида шудааст. Дар фасли дувум ҳаёти қавму қабилаҳои мухталиф – аҷдоди тоҷикон дар давраи инкишофи муносибатҳои ғуломдорӣ тавзеҳ меёбад. Дар фасли севум тақдири таърихии Осиёи Миёна дар давраи зуҳури муносибатҳои феодалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Фасли чорум вазъияти Осиёи Миёнаро дар давраи тараққиёт ва барқарории сохти феодалӣ баён мекунад. Китоби дувум фаслҳои панҷӯм ва шашӯмро дар бар кардааст: фасли панҷӯм таърихи халқи тоҷикро аз ибтидои асри ХVI то миёнаи асри ХIХ ва фасли шашӯм аз ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Россия ва тараққӣ ёфтани муносибатҳои капиталистиро то ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр тавсиф менамояд.»
[2] Аҳамияти оламшумули таърихии китоби «Тоҷикон» - и академик Бобоҷон Ғафуров дар аз ҷониби Президенти Тоҷикистон дар сарсухани нашри китоби «Тоҷикон», соли 1998 чунин омадааст:
«Вай (яъне Бобоҷон Ғафуров), - навиштааст Эмомалӣ Раҳмон - бо чопи шоҳасари бузурги худ – «Тоҷикон» натанҳо миллати тоҷик, балки тамоми форсизабонони олам, мухлисону ҳаводорони тамаддуни Шарқ ва сокинони Осиёи Марказиро бо як сарчашмаи нерубахшу пурбаҳо шодком сохт.»
[3]
вироиш  

Мавзӯҳои Зиндагинома

Олимони барҷаста

Зиндагинома
 Парвандаҳо дар Викианбор

Исаак Нютон (англисӣ: Sir Isaac Newton) - олим, риёзидон, физикдон, файласуф, сиёсатмадор, профессори донишгоҳ, ситорашиноси бузурги инглис.

Зиндагинома

Исаак Нютон 15 (25) декабри соли 1642 дар деҳаи Вулсторпи Линколншир Британиёи Кабир чашм ба дунёи рӯшан кушод. Оилаи Нютонҳо аз ҷумлаи фермерҳои миёнаҳол ба ҳисоб мерафт. Падараш то таваллуди ӯ аз ҷаҳони фонй рахти сафар баста буд. Модари Нютон аз вафоти шавҳар бисёр ғусса хӯрду пеш аз муҳлат Исаакро ба дунё овард, ки бисёр ҳам майдаҳаку логараку бемадор буд. Гумон доштанд, ки тифл оянда надорад. Аммо ӯ на танҳо зинда монд, балки то пирй зист ва дар тӯли умри бардавоми худ танҳо як маротиба ҷиддӣ бемор шуду халос. Вай аз ҳамсолонаш бо ҷисми солим фарқ мекард. Се соли аввал Исаак аз домани модар дур нарафт. Баъди он ки модар бори дуюм ба рӯҳонӣ Смит ба шавҳар баромад, тарбияи кӯдакро модаркалон ба зимма гирифт. Исаак аз хурдй ба бозичасозӣ ва сураткашӣ завқ дошт, дар танҳоӣ, дуртар аз ҳамсолон бодпарак, осиёби бодӣ, соатҳои обӣ ва аробачаҳои педалдор месохт. Вақте ки Исаак калонтар шуд, ба мактаби ибтидой ба хондан рафт. Пас аз 12- солагӣ таҳсилро дар мактаби Грантем идома бахшид. Исаак махсусан ба омӯзиши фанни математика шавқи беандоза дошт. 5 июни соли 1660 Нютон донишҷӯи донишгоҳи Кембриҷ шуд. Аз матнҳои сабтгаштаи ҳуҷҷатҳои соли 1661-и донишгоҳ маълум мешавад, ки ӯ аввалҳо « субсайзер» будааст. Он солҳо донишҷӯёни қашшоқро, ки музди таҳсилро пардохта наметавонистанд ва ҳам хизмати донишҷӯёни сарватмандро иҷро мекарданд, «субсайзер» меномиданд. Нютон танҳо соли 1664 донишҷӯи ҳақиқй шуд ва соли 1665 унвони бакалаври саноеи нафисаро мушарраф гашт. Вале нахустин таҷрибаҳои илмиаш ба таҳқиқи рӯшноӣ алоқаманд буданд.Соли 1666 дар Кембриҷ беморие cap зад ва онро вабо пиндошта бисёриҳо аз шаҳр фирор карданд. Нютон ҳам ба Вулсторпи дилписандаш баргашт ва кунҷи узлат ихтиёр намуд. Гоҳо дар боги хилват танҳо қадам мезад, бе китоб, бе асбобҳои таҷрибавй буду ин ҷавони 24 - сола соатҳо чун файласуфи солхӯрда ба баҳри андеша фурӯ мерафт. Ва андешаҳои ӯ самари шигифтангез ба бор оварданд. Вай қонуни ҷозибаи ҷаҳониро кашф кард. Рӯзе аз рӯзҳои тобистон Нютон зери дарахти себ нишаста аз ҳавои серуни боғ лаззат бурда, ғарқи хаёл буд, ки ногоҳ себи пухтае аз шох ба замин афтода, риштаи андешаҳояшро барканд. Дар ривояте омада, ки себ ба фарқи сари олим бармехӯрад ва боиси кашфи қонуни ҷозибаи ҷаҳонӣ мегардад. Ин дарахтро, ки баъди чанд вақт шӯҳратёр гашт, солҳои зиёд барои ояндагон нигоҳ доштанд. Чун хушк шуд, аз он хараке сохта дар бог гузоштанд. Дар воқеъ кайҳо боз Нютон оид ба сабабҳои афтодани ҷисмҳо андеша меронд ва эҳтимол канда шуда ба сараш бархӯрдани себ якбора фикри ӯро рӯшан карда бошад. Аммо чанд сол баъдтар Нютон навишта буд, ки формулаи математикии қонуни ҷозибаи ҷаҳонро вай баъди омӯхтани қонунҳои оламшумули Кеплер эҷод намудааст. Соли 1669 Ниютон профессори донишггоҳ буду сарварии кафедраи математикаро ба душ дошт. Барои донишомӯзон лексия мехонд ва ҳам бо корҳои илмй шугл меварзид. Соли 1670 телескопи мувофиқтаре сохт барои мушоҳидаи ситораҳову сайёраҳо. Ҳамон сол ба узвияти Ҷамъияти подшоҳии Лондон пазируфта шуд. Соли 1673 оид ба парокандашавии шуоъ бо номи «Назарияи нави рӯшноӣ ва ранг» рисолаи илмие навишт, ки дар ин соҳа инқилоби илмиро ба вуҷуд овард. Минбаъд асарҳояш «Оптика» ва «Асосҳои математикии философияи натуралӣ» ба нашр расиданд. Вай нуқтаи назари олимони барҷаста Галилео Галилей, Иоган Кеплер ва дигаронро таквият бахшида, боз се қонуни ҳаракатро кашф намуда, дар илм гулгула барандохт. бештар...

вироиш  

Коре, ки Шумо метавонед кард

  1. Мақолаву вироишоти нав таълиф намоед.
  2. Иловаву таҳрири мақолаҳои нопурраро ба анҷом расонед.
вироиш  

Викимедиаҳои Алоқаманд”

Кеши сервер холи карда шавад

  1. М. Шакурӣ
  2. Ғафуров Б. Тоҷикон. Таърихи қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. - Душанбе, 2008, с.10
  3. Ғафуров Б. Тоҷикон. Таърихи қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. - Душанбе, 2008, с.5