Сергей Прокофев

(Тағйири масир аз Прокофев Сергей)

Сергей Прокофев (11 [23] апрел 1891[1], Сонтсивка[d], губернияи Екатеринослав[d][4]5 март 1953[2][3][1][…], Маскав[3][4]) — оҳангсоз, пианинонавоз ва дирижёри барҷастаи шӯравӣ. Артисти халқии РСФСР (1947).

Сергей Прокофев
русӣ: Сергей Сергеевич Прокофьев
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 11 (23) апрел 1891[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 5 март 1953(1953-03-05)[2][3][1][…] (61 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз, пиёнунавоз, раҳбари мусиқӣ
Соз фортепиано
Сабк опера, симфонӣ, балет ва мусиқии килоссик[d]
Ҷоизаҳо
Соядаст
Соядаст
sprkfv.net(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Прокофев дар 5-солагӣ фортепиано навохта, мусиқӣ эҷод мекард. Прокофев мавриди ба Консерваторияи Петербург (ҳоз. Санкт-Петербург) дохил шуданаш (1904) ба ҳайати комиссия зиёда аз 50 пиеса барои фортепиано ва 3 опера пешниҳод кард. Дар давраи таҳсил аз фанҳои тахассусӣ аз беҳтарин мутахассисон дарс гирифт (Н.Римский-Корсаков, А.Лядов, А.Есипова, Н.Черепнин). Прокофев консерваторияро бо ихтисосҳои композитсия, фортепиано ва дирижёрӣ бо мувафақият хатм кард. Солҳои 1910—1917 ӯ 2 консерт барои фортепиано ва скрипка, «Сюитаи скифӣ», «Симфонияи классикӣ», операи «Бозингар», силсилаи пиесаҳои фортепианӣ, афсонаи вокалии «Мурғобичаи бадафт» ва ғ. эҷод кард. Баҳори соли 1918 Прокофев бо сафари ҳунарӣ ба хориҷи кишвар рафт ва он ҷо то соли 1932 монд. С. 1932 ба ватан баргашта, ҳама маҳораташ кушода шуд ва ӯ асарҳои бисёре дар жанрҳои гуногун офарид. Аз ҷумла кантатаи «Александр Невский», операи «Семён Котко», «Ҷанг ва сулҳ», оратория ва ғ., балетҳои «Ромео ва Ҷулиетта», «Золушка», «Гули сангӣ»; сонатаҳои фортепианӣ; симфонияҳо, аз ҷумла, Ҳафтум, бо ҷоизаи Ленинӣ сарфароз гардид. Бахши муҳимтарини эҷодиёташ-мусиқӣ барои бачагон мебошад: сурудҳо, пиесаҳои фортепианӣ, афсонаи симфонии «Петя ва гург» мебошанд. Осори эҷодиёти Прокофев ҳама жанрҳои мусиқиро фаро гирифтанд.[5]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Nestyev I. V., Taruskin R. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  2. 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Прокофьев Сергей Сергеевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  4. 4.0 4.1 4.2 4.3 Archivio Storico Ricordi — 1808.
  5. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С. 305. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)