Дирижёрӣ — маҳорату ҳунари роҳбарӣ кардани коллективҳои мусиқӣ (оркестр, ансамбл, хор).

Таърих

вироиш

Ҳунари мазкур таърихи қадима дорад. Ҳанӯз дар Юнони Қадим роҳбари хор вуҷуд дошт ва бо пой задан тақтро муайян месохт ва хорсароён ба ритм гӯш андохта, сурудро якҷоя иҷро мекарданд. Чунон ки аз маъхазҳо маълум аст, папаи (саррӯҳонии католикҳо) Рум Григории Бузург мактаберо бо номи Schola cantorum (мактаби сарояндагон) таъсиса дод, ки дар роҳбарии хор баъзе ҳаракатҳои аниқи дастро истифода мебурданд. Дар садаҳои XVII–XVIII вазифаи дирижёрро мусиқачие, ки дар клавесин ё орган менавохт, иҷро мекард, баъзан ин корро скрипкачии пешбари оркестр ба ҷо меовард. Дар хори халқӣ вазифаи дирижёрро яккахон иҷро мекард. Ба сабаби инкишофи мусиқии симфонӣ ва зиёд шудани ҳайати оркестр дар нимаи аввали садаи XIX дирижёр ҳамчун ҳунарманд мустақил шуд. Минбаъд «батутта» (чӯбчаи дирижёрӣ) ба ҷои камончаи скрипка маъмул гардид. Онро бори аввал И. Мозел (1812), К. М. Вебер (1817) ҷорӣ карданд. Вале асосгузори ҳунари Д. Л. Бетховен, Г. Берлиоз, Р. Вагнерро меҳисобанд. То давраи Вагнер дирижёр рӯ ба тарафи тамошобинон меистод, баъдтар тарзи рӯ ба тарафи оркестр истодан қабул шуд, чунки ғайр аз ҳаракати дастон, боз ҳангоми Дирижёрӣ қиёфа, нигоҳ ва имову ишораи дирижёр мавқеи муҳим дорад. Мавриди Дирижёрӣ ҳаракати дастон қариб, ки мустақиланд. Чунон ки дар урфият мегӯянд: дасти рост нақш мекашад ва дасти чап онро рангубор мекунад.

Аввалин дирижёре, ки шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо карда буд, Х. фон Бюлов (Олмон) мебошад. Х. Рихтер (Маҷористон), Р. Штраус (Олмон), Г. Маллер (Австрия), В. Сафонов, С. Рахманинов (Русия) дар охири садаи XIX аввали садаи XX ҳамчун дирижёрони машҳур шинохта шудаанд. Соли 1938 Озмуни 1-уми умумииттифоқии дирижёрон санъати баланди мактаби дирижёрии шӯравиро намоиш дод. Беҳтарин намояндагони он Евгений Мравинский, А. Малик – Пошшоев, К. Иванов, Н. Рахлин ва М. Паверман дониста шудаанд.

Дирижёрони Тоҷикистон

вироиш

Дар замони Иттифоқи Шӯравӣ санъати касбии тоҷик низ рушд ёфт. Дар ин ҷода дирижёрони тоҷик Эдуард Айрапетянс, Ибодулло Абдуллоев, Берон Меробов , А. Ниёзмамадов (дирижиёрони оркестри симфонӣ), Аъзам Камолов, Фозил Солиев, Усмон Мадёров, Амон Ҳамдамов (дирижиёрони оркестри созҳои халқӣ) касб карданд. Дирижёрӣ фанни махсуси таълимиест, ки дар коллеҷҳои мусиқӣ ва консерватория таълим дода мешавад.[1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.129. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)