Морис Равел
Жозе́ф Мори́с Раве́л (фр. Joseph Maurice Ravel; 7 март 1875[2][3][4][…], Ciboure[d][5][6][1] — 28 декабр 1937[2][3][4][…], Порис[6]) — оҳангсоз ва пиёнунавози фаронсавӣ, раҳбари мусиқӣ. Ӯ ба унвони яке аз намояндагони барҷастаи импрессионизми мусиқоӣ дар таърих сабт шуд.
фр. Maurice Ravel | |
Иттилооти асосӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд | фр. Joseph Maurice Ravel[1] |
Таърихи таваллуд | 7 март 1875[2][3][4][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 28 декабр 1937[2][3][4][…] (62 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Солҳои фаъолият | аз 1888[7] |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | раҳбари мусиқӣ, пиёнунавоз, оҳангсоз |
Соз | фортепиано |
Сабк | опера, мусиқии килоссик[d] ва expresionism in music[d] |
Ҷоизаҳо | |
Соядаст | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишРавел маълумоти мусиқиро дар Консерваторияи Порис гирифтааст. Чун пианинавоз ва дирижёр сафари ҳунарӣ карда, асарҳои худро иҷро мекард. Дар операву балетҳояш, асарҳои симфониву камеравӣ, дар сурудҳо ва пиесаҳои фортепиании ӯ истеъдоди хушоҳангии ба худ хоси Равел падидор мебошад. Навоварӣ дар эҷодиёташ бо риояи анъанаҳои мусиқии классикӣ ба назар мерасад. Ба қуллаи баландтарини эҷодиёти Равел асарҳои зиёди фортепиании ӯ тааллуқ доранд («Инъикос», «Гаспари шабона», «Валсҳои бофасоҳат ва сентименталӣ», «Оромгоҳи Куперен», «Сонатина», «Павана»), квартети торӣ, 2 консерти фортепианӣ, асарҳои оркестрӣ «Валс», «Балеро», «Рапсодияи испанӣ», операи лирикӣ — ҳаҷвии «Вақти испанӣ», опера — балети «Бача ва афсунгар», балети «Дафнис ва Хлоя» ва ғ. Равел ба мусиқии русӣ, алалхусус ба эҷодиёти Мусоргский, таваҷҷуҳи зиёд дошт, сюитаи фортепиании «Расмҳо аз намоишгоҳ»-и ӯро хеле устодона таҳияи оркестрӣ (оркестровка) намудааст. Равел санъати мусиқии Фаронса ва ҷаҳониро бо офаридаҳои нодираш бою рангин сохт.[9]
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 Свидетельство о рождении
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Itaú Cultural https://enciclopedia.itaucultural.org.br/pessoa12763/maurice-ravel (порт.) — São Paulo: Itaú Cultural, 2001. — ISBN 978-85-7979-060-7
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 Nationalencyklopedin (швед.) — 1999.
- ↑ 5.0 5.1 Ravel, Maurice (ингл.) // The Enciclopædia Britannica — 12 — London, NYC: 1922. — Vol. XXXII Pacific Ocean Islands to Zuloaga. — P. 254.
- ↑ 6.0 6.1 6.2 6.3 Archivio Storico Ricordi — 1808.
- ↑ Musicalics (фр.)
- ↑ LIBRIS — National Library of Sweden, 2012.
- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С.306-307. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)