Раҳматулло Раҳмонов
Раҳматулло Раҳмонов (Раҳмонов Раҳматулло Азизович; 28 марти 1963, деҳаи Андароби ноҳияи Кӯлоб, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон — 11 июли 2018, ҳамон ҷо) — пизишк ва донишманди тоҷик, доктори илмҳои тиб.
Таърихи таваллуд | 28 март 1963 |
---|---|
Зодгоҳ | деҳаи Андароби ноҳияи Кӯлоб, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 11 июл 2018 (55 сол) |
Маҳалли даргузашт | деҳаи Андароби ноҳияи Кӯлоб, вилояти Хатлон, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | тиб |
Ҷойҳои кор | колеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон |
Роҳбари илмӣ |
доктори илмҳои тиб, профессор С. Н. Иллариошкин доктори илмҳои тиб, профессор И. А. Иванова-Смоленская, доктори илмҳои тиб, порофессор А. Ахмедов |
Ҷоизаҳо |
«Аълочии тандурустӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва нишони «Хидмати Шоиста» |
Зиндагинома
вироишПрофессор Раҳматулло Азизович Раҳмонов 28 марти 1963, деҳаи Андароби ноҳияи Кӯлоб, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон таваллуд ёфтааст.
Соли 1980 мактаби миёнаи № 11 ноҳияи Кӯлобро хатм намудааст.
Баъд аз хатми мактаби миёна ба факултаи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил шуда онро cоли 1987 факултаи табобатии Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Аз соли 1987 дар шуъбаи бемориҳои асаби Беморхонаи Ҷумҳуривии клиники №3 ҳамчундухтур-интернат кор кардааст. Аз соли 1988 то соли 1993 ҳамчун духтури бемориҳои асаб дар беморхонаи Вилоятии ш.Кӯлоб, ҳамзамон муаллими колеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб фаъолият намудааст. Дар соли 1990 ба шаҳри Томск ба Донишкадаи илмиву-тадқиқотии ирсии Академияи илмҳои тибби Русия ҳамчун унвонҷӯй дохил шуда, соҳиби унвони номзади илмҳои тиб дар риштаи асабшиносӣ ва баъдан бо талоши дарёфти зинаҳои баланди илмӣ ба гирифтани унвонҳои доктори илмҳои тиб ва професор шарафёб шуд. Аз соли 2007 то инҷониб шодравон сарварии кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ба дӯш дошт. Рӯзи 11 июли 2018 аз дунё даргузаштааст.[1]
Фаъолияти илмӣ
вироишСоли 1990 ба Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии ирсияти тиббии Маркази илмии дар Томск будаи Акдемияи илмҳои тиббӣ Федератсияи Россия дохил шуда, дар мавзӯи «Таҳлили дармонӣ-ирсӣ ва молекулярии миодистрофияи Дюшенн дар Тоҷикистон» рисолаи илмӣ ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илми тиб мегардад.
Соли 2004 дар Муассисаи давлатии Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии асабшиносии Академияи илмҳои тибби Федератсияи Россия дар мавзӯи «Бемориҳои ирсии системаи асаб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» диссертатсия ҳимоя намуда соҳиби унвони доктори илми тиб мегардад.
Раҳматулло Азизович дар давоми фаъолияти корӣ ба ҳайси ноиби Президенти Академияи илмҳои тибби Тоҷикистон, аъзои Шуъбаи Тоҷикистонии Академияи Байналмилалии Илми Мактабҳои Оллӣ, сармутахассис ва Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҷамъияти асабшиносони ҷумҳурӣ «Нейрон» фаъолият намуда, аз соли 2007 то охири умр кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббии Донишгоҳи далатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино роҳбарӣ намудааст.
Ҷамъияти «Нейрон», ки яке асосгузорони он Раҳматулло Азизович буд ва онро роҳбарӣ менамуд, дар айни замон зиёда аз 600 асабшиносонро муттаҳид намуда, бо ҳамкасбон аз давлатҳои гуногуни ИДМ, бахусус бо муассисаҳои илмии асосии соҳавӣ, ба монанди Маркази илмии асабшиносии Акдемияи илмҳои тибби Россия алоқаи зичи илмӣ дорад. Ҷамъият яке аз муассиони Ассосиатсияи байналмилалии ташкилот дар соҳаи асабшиносӣ ва ҳуҷайраҳои асаб мебошад. Раҳматулло Азизович муаллифи зиёда аз 200 мақолаҳо ва пешнависҳо, 2 рисолаи илмӣ ва китоби дарсӣ, 22 дастурҳои таълимӣ-методӣ ва 13 дастурҳои методӣ буда, таҳти роҳбарии ӯ 3 диссертатсияи номзадӣ ҳимоя карда шудааст.
Вай яке аз олимон ва табибони беҳтарини ҷумҳурӣ муаррифӣ гашта, мақолаҳои илмии ӯ дар нашрияҳои ватанӣ ва хориҷӣ чоп гардида, аъзои кумитаҳои илмии симпозиумҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конгресси байналмиллаии нейрофизиологияи мамлакатҳои ИДМ, СҲШ, Осиё ва Аврупо интихоб шуда буд.
Бо ташаббуси вай бори аввал дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ бо иштироки асабшиносони Тоҷикистон, Россия, Қазоқистон, Грузия ва дигар давлатҳо баргузор гардид, ки дар он усулҳои нави табобат ва ташхиси бемориҳои асаб баррасӣ гардиданд.
Фаъолияти илмӣ
вироишРаҳматулло Азизович муаллифи зиёда аз 200 мақолаҳо ва пешнависҳо, 2 рисолаи илмӣ ва китоби дарсӣ, 22 дастурҳои таълимӣ-методӣ ва 13 дастурҳои методӣ буда, таҳти роҳбарии ӯ 3 диссертатсияи номзадӣ ҳимоя карда шудааст.
- Диссертатсияи номзади илми тибб: «Таҳлили дармонӣ-ирсӣ ва молекулярии миодистрофияи Дюшенн дар Тоҷикистон»
- Диссертатсияи доктори илми тиб:«Бемориҳои ирсии системаи асаб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»[2]
Ҷоизаҳо
вироишБо мукофоти фахрии «Аълочии тандурустӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва нишони «Хидмати Шоиста» сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Рахмонов, Рахматулло Азизович аз дунё даргузашт(тоҷ.). search.rsl.ru. 29 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 феврали 2020.
- ↑ [https://search.rsl.ru/ru/record/01004062195sphrase_id=51081 Рахмонов, Рахматулло Азизович. Наследственные болезни нервной системы в Таджикистане](тоҷ.). search.rsl.ru. 29 май 2020 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)