Раҷабалӣ Азимов Каримович (тав. 2 феврали соли 1960, деҳаи Корези Болои ноҳияи Кӯлоб) — арбоби низомӣ, генерал-майор (2003).

Раҷабалӣ Азимов
Раҷабалӣ Азимов
Зодрӯз 2 феврал 1960(1960-02-02) (64 сол)
Зодгоҳ деҳаи Корез, ноҳияи Кӯлоб
Солҳои хидмат 19781980
Рутба генерал-майор
Ҷоизаҳо Ордени Шараф

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи Институти тарбияи ҷисмони Тоҷикистон (1986). Хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ИҶШС (1978 – 1980), муаллими мактаби миёна дар шаҳри Кӯлоб (1986 – 1993), сардори шуъбаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ (1993 – 1994), сардори гурӯҳ ва муовини комиссари ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ (1994 – 1995), сардори Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе]] (1995 – 1997), муовини раиси Комитети ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ (1997 – 1998), муовини вазири ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998 – 2006), корманди масъули Сарраёсати нерӯҳои марзбони Комитети давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006 – 09). Аз соли 2009 дар истеъфо.

Ҷоиза вироиш

Бо ордени «Шараф» (дараҷаи I) сарфароз гардидааст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш