Риши Сунак (англ. Rishi Sunak; зод. 12 майи соли 1980, Саутгемптон, Ҳэмпшир, Бритониё) — ходими давлатии Бритониё. Котиби асосии хазинаи Бритониё (2019—2020), канслери хазинаи Бритониё (2020—2022), аз 24 октябри соли 2022 роҳбари ҳизби консервативӣ ва аз 25 октябри соли 2022 сарвазири Британияи Кабир мебошад. Аз соли 2022 ҳизби Консервативии Британияи Кабирро роҳбари мекунад.

Риши Сунак
англ. Rishi Sunak
8 июн 2017 — 6 ноябр 2019
7 май 2015 — 3 май 2017
12 декабр 2019 — 30 май 2024
13 феврал 2020 — 5 июл 2022
Пешгузашта Sajid Javid[d]
Ҷонишин Nadhim Zahawi[d]
24 июл 2019 — 13 феврал 2020
Пешгузашта Лиз Трасс
Ҷонишин Stephen Barclay[d]
аз 2019
24 октябр 2022 — 2 ноябр 2024
Пешгузашта Лиз Трасс
Ҷонишин Kemi Badenoch[d]
25 октябр 2022 — 5 июл 2024
Пешгузашта Лиз Трасс
Ҷонишин Keir Starmer[d]
25 октябр 2022 — 5 июл 2024
Пешгузашта Лиз Трасс
25 октябр 2022 — 5 июл 2024
Пешгузашта Лиз Трасс
25 октябр 2022 — 5 июл 2024
Пешгузашта Лиз Трасс
9 январ 2018 — 24 июл 2019
Пешгузашта Marcus Jones[d]
Ҷонишин Luke Hall[d]
5 июл 2024 — 2 ноябр 2024
Пешгузашта Keir Starmer[d]
Ҷонишин Kemi Badenoch[d]
аз 4 июл 2024
Таваллуд 12 май 1980(1980-05-12) (44 сол)
Падар Yashvir Sunak[d][2]
Модар Usha Sunak[d][2]
Ҳамсар Akshata Murty[d][3][4][5]
Ҳизб
Таҳсилот
Дараҷаи илмӣ MBA[d][8] (2006)
Фаъолият politics of the United Kingdom[d] ва finance[d]
Эътиқод Ҳиндуия
Ҷоизаҳо
Вебгоҳ rishisunak.com(англ.)
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викитека Осор дар Викитека

Зиндагинома

вироиш

Риши Сунак 12 майи соли 1980 дар Саутгемптон, дар оилаи сардухтур Яшвира Сунак ва дорушинос Уши Сунак ба дунё омадааст. Волидонаш панҷобиҳо, ки аз Шарқи Африқо дар замони мустамлика будани Ҳиндустон, ба Бритониё муҳоҷират карда омадаанд. Бобо ва бибияш дар Панҷоб зиндагӣ мекарданд, баъд ба Африқо ва соли 1970 ба Бритониё кӯчида омадаанд. Риши Сунак Донишгоҳи Оксфордро бо омӯзиши фалсафа, сиёсат ва иқтисодиёт хатм кардааст. Солҳои 2001 — 2004 дар Goldman Sachs кор кардааст, дараҷаи магистри маъмурияти кории Донишгоҳи Стэнфордро соҳиб шуд. Ба Сити баргашт ва дар фонди молиявии TCI кор кард. Асосгузори ширкати умумиҷаҳони оид ба дастгирии бизнеси хурд дар Бритониё, бо гардиши 1 млрд доллар мебошад.

Фаъолияти сиёсӣ

вироиш

Соли 2015 дар интихоботи парламентии ҳавзаи Ричмонд (Йоркс) бо 51,4 % ғолиб шуд. Дар соли 2017 Риши Сунак аллакай 63,9 % овозҳоро соҳиб шуда буд. 9 январи соли 2018 сарвазир Тереза Мэй сабаби ба ҳукумат ба кор шурӯъ кардани Риши Сунак гардида ӯро ёрирасони вазири хоҷагии манзилю коммуналӣ таъин намуд. 24 июли соли 2019 котиби асосии ташкилотчии Хазинаи Ҳукумат Борис Ҷонсон гардид. 12 декабри соли 2019 бо соҳиб шудани 63,6 % овозҳо дар ҳавзаи худаш ғолиб баромад.

 
Риши Сунак бо Ҷо Байден, дар Бали G-20 соли 2022
 
Риши Сунак
 
Володимир Зеленский ва Риши Сунак дар Киев соли 2022

Ҳаёти шахси

вироиш

Риши Сунак ба ҳиндуия эътиқод дорад, вай бо духтари яке аз асосгузорони ширкати Infosys Нараян Мурти, тарҳсози ҳиндӣ Акшата Нараян Мурти хонадор аст ва онҳо соҳиби ду духтар: Кришна (таваллудаш 2011) ва Анушка (таваллудаш 2013) мебошанд.

Моҳи майи соли 2022, Риши Сунак аввалин шуда аз ҷумлаи сиёсатмадорон дар рӯзномаи «The Sunday Times» сарватмандтарин инсонҳои Бритониё (сарваташон бо ҳамсараш 730 миллион фунт стерлинг) дар ҷойи 222-юми рӯйхат қарор гирифтаанд.

Пайвандҳо

вироиш
  1. https://www.la-croix.com/Monde/Europe/Rishi-Sunak-gardien-budget-Boris-Johnson-2020-02-17-1201078811
  2. 2.0 2.1 Pas L. v. Genealogics (ингл.) — 2003.
  3. Rishi Sunak: The 'whatever it takes' chancellor (ингл.) — 2020.
  4. 4.0 4.1 Murthy son-in-law gets Hague’s seat (ингл.)Kolkata: ABP Group, 2014.
  5. 5.0 5.1 5.2 Who's who (ингл.брит)(untranslated), 1849. — ISSN 0083-937X
  6. https://www.rishisunak.com/about-me
  7. https://www.workwithdata.com/person/rishi-sunak-1980
  8. https://finance.yahoo.com/news/stanford-doesn-t-remember-mba-124346384.html