Роналдо (футболбози бразилӣ)

(Тағйири масир аз Роналдо)

Роналдо Луис Назарио де Лима (португалӣ: Ronaldo Luís Nazário de Lima; 18 сентябри 1976, Рио Де Жанейро, Бразилия) — футболбози бразилӣ, зарбазананда (страйкер).[1]

Футбол Роналдо
Ronaldo in May 2013
Маълумоти шахсӣ
Номи пурра Роналдо Луис Назарио де Лима
(Ronaldo Luís Nazário de Lima)
Санаи таваллуд (1976-09-22) 22 Сентябр 1976 (47 сол)
Макони таваллуд Рио Де Жанейро, Бразилия[қайд 1]
Қад 1.83 метр (6 ft 0 in)
Мавқеъ Зарбазананда (Страйкер)
Маснад
Маснади ҷавонӣ
1990–1993 Бразилия Cан Кристованen
Маснади бошгоҳӣ*
Солҳо Даста Apps (Gls)
1993–1994 Бразилия Крузейроen 14 (12)
1994–1996 Нидерланд Псвen 46 (42)
1996–1997 Испания Барселонаen 37 (34)
1997–2002 Итолиё Интернатсоналеen 68 (49)
2002–2007 Испания Реал Мадридen 127 (83)
2007–2008 Итолиё Миланen 20 (9)
2009–2011 Бразилия Коринтиансen 31 (18)
Умумӣ 343 (247)
Дастаи миллӣ
1993  Бразилия U17en 7 (5)
1996  Бразилия U23en 8 (6)
*Миқдори бозиҳо (Apps) ва голҳо (Gls) дар маснади бошгоҳи фақат барои лигаҳои мухталифи миллӣ ба назар гирифта мешавад. .

Зиндагинома вироиш

Дар Бенто Рибейро, дар наздикии шаҳри Рио де Жанейро дар оилаи Сони дос Сантос Барата ва Нелио Назарио де Лима баччае бо номи Луис Роналдо Назарио де Лима таваллуд шуд. Дар ин вақт модараш дар яке аз мағозаҳои питзофурӯшӣ фаррош шуда кор мекард, падараш бошад дар ширкати телефонии "Телери" кор мекард.

Роналдо аз хурдӣ ба футбол машғул буд. Ӯ бо дӯстонаш футболбозӣ карданро дӯст медошт. Дар он вақтҳо Роналдо бо пои луч ва ба ҷои тӯб бо бонкаи консерви бозӣ мекард. Дар синни 15-солагиаш Роналдоро ба клуби футболии "Cocа Cola" даъват намуданд. Роналдо дар ин даста хеле машҳур гардид. Баъди чанд бозӣ дар ин даста Роналдоро ба дастаи "Inter" даъват намуданд. Дар даври якуми силсилаи "А"-и Итолиё Роналдо 13-тӯб ба нишон расонд. Дар ин давр Роналдо ҳамлагари беҳтарин интихоб карда шуд. Баъд аз ин давр тимҳои Испониё Роналдоро ба дастаҳои худ даъват намуданд. Дар охир Роналдо ба тими шоҳонаи "Реал Мадрид" гузашт. Якум бозии худро дар дастаи "Реал Мадрид" бо ҳарифи пурқуввати дастаи "Реал Мадрид" - "Барселона" гузаронид. Дар бозиҳои аввал Роналдо ба мухлисон маъқул нашуд. Аммо баъди даври якум Роналдо бозии худро нишон дод, дар бозии финалии "Реал Мадрид" дар чемпионати Испониё бо тими "Атлетико Мадрид" дар қисми аввали бозӣ Роналдо 1-тӯб ба нишон расонд. Қисми якуми бозӣ ба фоидаи дастаи "Реал Мадрид" гузашт. Аммо дар қисми ду дуюми бозӣ ҳисоб тағйир ёфт 1:2, вале дар қисми иловагии бозӣ бо зарбаҳои аниқи Роналдо ҳисоб ба 3:2 расид. Ҳамин тариқ Реал Мадрид бо ёрии зарбаҳои аниқи Роналдо Чемпиони Испониё шуд. Баъд аз ин давр Роналдоро мухлисон дӯст доштанд ва номи ӯ дар ҷаҳон машҳур гардид.

 
Голи Роналдо бо пенальти дар финал, Ҷоми ПСЖ
 
Голи Роналдо

Маснади бошгоҳӣ вироиш

Мунтахаби миллӣ вироиш

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш