Рубоби бадахшонӣ
Рубоби бадахшонӣ (рубоби бадахшӣ), сози мусиқии торӣ мизробиест, ки дар асрҳои 17-18 дар Бадахшон ба вуҷуд омада дар дигар мавзеъҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Бухоро хеле маъмул гардид. Тахмин меравад, ки сози мазкур дар асоси уд ё тори қафқозӣ (аз ду косахона иборат аст) ба вуҷуд омадааст: аз рӯи садо ва системаи пардивию торӣ ба барбат (уд) шабоҳат дорад. Рубоби бадахшӣ дар гузашта чун сози якканавозӣ истифода мешуд ва дар ансамблҳои созӣ вазифаи овозҳои регистри бамиро ба уҳда дошт.Онро ҳоло ҳам дар ансамбл ва оркестрҳо чун садои регистри миёна истифода мебаранд. Косаи он нисбат ба дигар косаи рубобҳо бузургтар ва мурудшакл, дастааш кӯтоҳ (8-10 см) буда, нӯги он ба қафо хам хӯрдааст., ки дар он гӯшакҳо ҷойгиранд. Дарозии умумиаш 80 см буда косахона бо пӯсти бӯзу гӯсфанд ва дастаро бо тахтачаи тунук рӯйкаш мекунанд. Ин шакли рубоби бадахшӣ 5-пардаи асоси ва 6-7 пардаи иловагӣ дорад. 5-то тори асосӣ (зеҳи ё синтетика) ва 4-5 тори иловагӣ дар боло дошта, онҳо дар танаи қисми боли косахона ҷой дода шуда, вазифаи садои зангӯларо адо мекунанд. Диапазон ( фосилаи мобайни овози аз ҳама паст ва аз ҳама боло)-и он қариб ду октаваро дар бар мегирад. Дар нимаи дуюми садаи XX як зумра устоҳо аз зумраи А.И Петросянс дар устохонаи илмӣ таҷрибавӣ назди Консерваторияи давлатии шаҳри Тошкент сози рубоби бадахшии халқӣ аз нав мукамал сохта шуда, шакли он дигар карда шуд. Рубоби бадахшии навсохта (таъмиршуда) низ дар оркестр мисли рубоби қошғарӣ бо ҳаҷми садодиҳиаш регистри мобайнро фаро мегирад. Дастаи он хеле дароз (25-30 см) карда шуд, ки аз ҷиҳати техникӣ аз сози пештара бартари дорад. Гӯшакҳояш низ бо филизӣ иваз карда шуданд. Диапазонаш васеъ гашт: аз си-и октаваи хурд (дар навиштан) то ми-и октаваи сеюм. Рубоби намуди навсохт низ аз се тор: тори якум (ҷуфт) ля-и октаваи якум, тори дуюм (ҷуфт) ми-и октаваи якум, ва тори сеюм си- октаваи хурд бо фосилаи кварта ҷӯр шуда аз навиштанаш як октава паст садо медиҳад. Бинабар ин он ба гурӯҳи созҳои транспиркунандаи созҳои миллӣ дохил мешавад ва нотааш дар калиди скрипка сабт мешавад. Тарзи услуби навохтани рубоби бадахшӣ (ва ангушгузориаш) ба мисли рубоби қошғарист. Рубоби бадахшии таъмирёфта аз ҷиҳати техникӣ ва диапазон аз рубоби бадахшии пештара бартарӣ дошта бошад, вале аз ҷиҳати қувваи овоз ва телебраш коҳиш ёфтааст. Баъди солҳои 50-уми садаи XX як зумра навозандагони бомаҳорат ва омӯзгорони соҳибкасб ба ҳайси якканавоз дар консертҳо баромад карда, шогирдонро тарбия карда ба воя расониданд. М.Ҷумъаев. Р. Хусанов, Х. Ашуров, Ш. Мирзоева (Тоҷикистон), Э. Шукруллоев, Эргашев Н, Савинов (Ӯзбекистон). Барои сози рубоби бадахшӣ мавод нисбат ба рубоби қошғарӣ камтаранд, вале барои ин соз низ китоби дарсӣ бо унвони «Дарси рубоби бадахшонӣ» аз тарафи рубобнавоз, композитор Маҷнун Баротов таълиф шуда, соли 1989 рӯи чопро дид. Муаллиф дар китоб як қатор пейсаҳоро барои сози мазкур табдил дода гирд овардааст. Композиторон низ барои ин соз асарҳои ҷудогона эҷод намудаанд: «Савти рубоб» Х. Абдуллоев, «Суруд ва рақс» -и С. Калонов, Н. Савинов ва ғ. Дар рубоби бадахшӣ аз репертуари рубоби қошғарӣ васеъ истифода мебурданд. Дар Тоҷикистон ансамбли бонувони рубобнавоз, ки ҳама асосан дар рубоби бадахшӣ менавозанду суруд мехонанд дар назди Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев амал мекунад.
Нигаред низ
вироишАдабиёт
вироиш- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. — Ҷ. 3. — Душанбе, 2004.
- Вызго Т. С. Музыкальные инструменты Средней Азии : Ист. очерки / Под науч. ред. Ф. М. Кароматова, Г. А. Пугаченковой. — М : Музыка, 1980. — 190 с. — 2800 экз.
- Петросян А. И. Инструментоведение // Узбекские народные инструменты. — Ташкент, 1980.
- Ҷӯрахон Обидпур. Дарси рубоб. — Душанбе, 1969, 1982.
Адабиёт
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.