Рубоби метсосопранӣ

Рубоби метсосопранӣ, сози торӣ мизробиест аз оилаи рубобҳо, ки дар нимаи дуюми садаи XX нав ихтироъ шудааст. Шаклу намуду сохташ ба мисли рубоби қошғарист , вале дастаи он каме кӯтоҳтар аст. Он се тор дошта бо фосилаи кварта ҷӯр мешавад: тори якум (ҷуфт) ля-и октаваи якум, тори дуюм (ҷуфт) ми- и октаваи якум ва тори сеюм си- и октаваи хурд. Нотааш дар калади скрипка сабт шуда, садояш регистри мобайнро фаро мегирад. Диапазони (фосилаи мобайни садои аз ҳама паст ва аз ҳама боло) сози мазкур аз си- и октаваи хурд то ми- и октаваи сеюмро дар бар мегирад. Ин намуди рубоб дар навохтани асарҳои техникӣ қуллай мебошад. Гӯшакҳои он аз метал сохта шудааст. Рубоби метсосопранӣ барои омӯзониданӣ мактаббачагон хеле мувофиқ аст. Тарзу услуби омӯхтанаш ба мисли рубоби қашғарӣ аст.

Созҳои мусиқӣ: рубоб ва дутор дар Тоҷикистон

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик Ҷ.3. - Душанбе,2004
  • Вьзго Т.С. Музыкальные инструменты средней Азии // Исторические очерки.-М, «Музыка», 1980;
  • Петросян А.И Инструментоведение // Узбекские народные инструменты.-Ташкент, 1980;
  • Ҷӯрахон Обидпур. Дарси рубоб. - Душанбе-1969,1982

Адабиёт

вироиш

Пайвандҳо

вироиш